ِ

 

بِسْمِ اللَّـهِ الرَّ‌حْمَانِ الرَّ‌حِيمِ

وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُم مِّنْ أَنفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِّتَسْكُنُوا إِلَيْهَا وَجَعَلَ بَيْنَكُم مَّوَدَّةً وَرَ‌حْمَةًإِنَّ فِي ذالِكَ لَآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُ‌ونَ

“Ва яке аз нишонаҳои Илоҳӣ инаст, ки аз нафсу ҷинси худатон ҳамсаронеро офарид то ин ки оромиш пайдо кунед бар он ва муҳаббату меҳрубониро дар байни шумо қарор дод, ҳамоно ин аз нишонаҳо ва оятҳое аст барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд”.

(сураи Рум, ояи 21)

Ростӣ, меҳру муҳаббат яке аз сутунҳои асосии оила мебошад. Вақте ҷавонписар ва ҷавондухтаре бо ҳам издивоҷ мекунанд ва бо ҳам як ханаводаи ҷадиду мус- тақиллеро ташкил меди- ҳанд, нахустин чизе, ки ҳар кадоми онҳоро дар канори дигарӣ гирд меоварад, ки ин ду ҳамеша ва то охири ҳаёт бо ҳам зиндагӣ кунанд, ҳамоно меҳру муҳаббат аст, он меҳру муҳаббате, ки Худованд онро яке аз оятҳову нишонаҳои худ шуморидааст. Розаш ҳам ин аст, ки ҳар кадом аз марду зан ба танҳоӣ мавҷуде ҳастанд ноқис. Ин нақс аз он ҷиҳат аст, ки барои бақои наслу тавлиди мисл ва ташкили зиндагӣ, ҳарду ба якдигар наёзманду муҳтоҷанд. Издивоҷи машрӯъ ва қонунӣ бартараф кунандаи нақси тарафайн ва сабаби борвар шудани вуҷуди онон мегардад. Ба илова аз назари саломатии ҷисму ҷон ва баҳрабардории саҳеҳ аз мазоёи зиндагӣ, барои ҳар зану марде зарурат дорад.
Вале аз онҷо, ки ҳаёти рӯзмарраи мо баландию пастиҳои зиёд ва мушки- лоти фаровоне дорад, гоҳе дида мешавад, байни зану шавҳаре, ки бо пайванди издивоҷ ба ин амри муҳим қиём кардаанд, ноадолатиҳову нобаробариҳо, ноҷавон- мардиҳову хиёнатҳо эҷод шуда ва чӣ басо ин авомил сабаб мешаванд, ки як хонаводаи навташкил ната-вонад ба зиндагии худ идома диҳад. Дар инҷо аст, ки бояд ҳар кадом аз зану шавҳар аз вазоифу масулияти худ огоҳ буда дар он таваҷҷуҳ дошта бошанд. Расули Акрам(с) роҷеъ ба масъулияту вазифашиносӣ мефармояд: Ҳамаи шумо ба саҳми худ сарпарасту нигаҳбон ҳастед ва ҳамагӣ нисбат ба ончӣ уҳдадор шудаед, масъулед. Зимомдору имом масъули миллат, мард масъули хонавода, зан масъули умури манзилу фарзандон аст ва ҳар кас ба андозаи раёсате, ки дорад масъул ва ба анҷоми вазоифе, ки Худованд ба уҳдааш гузошта муваззаф аст.
Алӣ (а) дар рӯзҳои аввали издивоҷ ба иттифоқи ҳам- сари гиромиаш Фотима(а) ба ҳузури Паёмбари Ислом(с) омаданд ва аз он ҳазрат дархост карданд, ки миқдори вазоифи ҳар якро муайян созанд. Расули Акрам (с) тамоми корҳои беруни хонаро ба уҳдаи Алӣ (а) гузоштанд ва идораи куллияи умури дохилии манзилро ҷузъи вазоифи духтарашон Фотима (с) муқаррар фармуданд. Мардону занон метавонанд бо рафтори саҳеҳу оқилонаи худ, асоси зиндагонии саодатмандонаеро поягузорӣ кунанд, аз аъмоле, ки ба саодати онон латма мезанад, иҷтиноб намоянд. Гоҳе корҳои кучаку камаҳамият сабаби афзоиши меҳру муҳаббат мешавад, ҳамон тавре, ки гоҳе корҳои ночизе сабаби тафриқа ва ҷудойӣ мегардад.
Паёмбари Ислом(с) мефармояд: Шоиста аст, ки зан чароғи хонаро равшан кунад ва хӯрокро омода созад ва чун шавҳараш ба хона омад, то наздики дари хона аз ӯ истиқбол намояд ва ба ӯ хушомад гӯяд ва бо овардани обу дастмол ба шавҳари худ дар шустани дасташ кумак кунад ва бе сабаб аз анҷоми хостаҳои ӯ имтиноъ ва сарпечӣ нанамояд.
Паёмбари гиромӣ дар ҷои дигар хитоб бар мардон мефармояд: Ҳар марде, ки барои худ ҳамсаре ихтиёр кард, бояд дар эҳтиром намудану гиромӣ доштани ӯ бикӯшад.
Қурони Карим ба мардҳо ёдоварӣ карда, ки бо ҳамсарони худ бо некию меҳрубонӣ муошират кунед ва аз беадолатию хушунат бипарҳезед.
То инҷо равшан шуд, ки аввалин ва муҳимтарин амре, ки бояд ҳар зану шавҳаре ба он тавҷҷӯҳ дошта бошанд, инаст, ки ҳар кадоми онҳо аз ҳуқуқ ва вазоифе, ки дар қиболи якдигар ва дар муҳити хонавода доранд, бохабар бошанд. Вале сирфи огоҳӣ аз ин умур оё метавонад хушбахтӣ ва саодатмандии як хонаводаро тазмин кунад ё на? Равшан аст, инсонҳо дар анҷоми масъулият ва вазоифи худ масун аз хатою иштибоҳ нестанд ва ҳар лаҳза мумкин аст ғафлат биварзанд ва фаромӯш кунанд, махсусан он арӯсу домоде, ки нахустин мароҳили зиндагиро аз сар мегузаронанд ва ҳанӯз пухта нашудаву аз баландию пастиҳои ҳаёти муштарак бехабаранд. Инҷост, ки агар афву гузашти тарафайн бар шинохти ҳуқуқу вазоифи якдигар замима нагардад, асоси зиндагии саодатмандонаи оила мутазалзил хоҳад шуд. Зеро шинохти ҳуқуқу вазоиф бо афву гузашт, ду амре ҳастанд, ки комилан аз ҳам ҷудо ва қобили тафкик мебошанд; чунин нест, ки огоҳӣ аз ҳуқуқу вазоифи хонавода ба дунболи худ афву гузаштро ҳам дошта бошад.
Худованди Субҳон мефар- мояд: “Оё намехоҳед Парварди -гори олам аз бадиҳои шумо бигзарад ва бадиҳои шуморо рӯзи қиёмат нодида гирад? Пас бояд сифати афву гузашт дар зиндагии шумо ҳукм- фармо бошад.”
Агар афв, гузашт ва мардонагӣ дар муҳити оила ҳукмфармо бошад, оила устувор ва фазои он рӯҳбахшу гарм мешавад. Балки агар ин сифат дар зиндагии мо набошад, муҳити хона сард мешавад ва муҳаббати самимӣ аз байн меравад. Сифати афву гузашт ин хусусиятро дорад, ки ҳиқду кинаҳо ва бадбиниҳоро аз дилҳо дур мекунад.
Аз ин ҷиҳат агар хоҳем, ки зиндагии мо пур аз меҳру муҳаббат бошад, зан бояд гузашт дошта бошад, мард мардонагию азхудгузаштагӣ...

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст