Бахши дуюми "Рисолаи ҳуқуқ"-и имом Саҷҷод(а)-ро пешкаши шумо мекунем.

Ҳуқуқи ибодот

10. Ҳаққи намоз

Аммо ҳаққи намоз ин аст, ки бидонӣ намоз, рӯй овардан ба даргоҳи Худост ва ту дар ҳоли намоз муқобили Худованд истодаӣ. Ҳол агар бар ин матлаб огоҳ бошӣ худро шоиста мебинӣ, ки ҳамчун бандаи хор, муштоқ, бимнок, умедвор, ниёзманд ва нолон дар баробараш биистӣ ва дар ҳоли оромиш ва сарафкандагӣ ва фурутании ҳамаҷониба, ӯро бузург дорӣ ва аз ҷону дил бо ӯ розу ниёз кунӣ ва аз ӯ бихоҳӣ, то туро аз зери бори хатоҳое, ки туро дар бар гирифтаанд ва гуноҳоне, ки нобудат мекунанд, озод намояд. Ва ҳеҷ неруе нест магар аз ноҳияи Худованд.

11. Ҳаққи рӯза

Аммо ҳаққи рӯза ин аст, ки бидонӣ рӯза пардаест, ки Худованд бар забон, гӯш, чашм, андоми таносулӣ ва шикамат афканда, то туро аз оташ бипушонад.

Дар ҳадис омадааст: "Рӯза, сипаре дар баробари оташи дӯзах аст." Пас агар андомҳоят дар ин парда ҷой гиранд, умеди масуният барои ту ҳаст ва агар онҳоро раҳо кардӣ ва пардаро боло задӣ, ки ҳарчи бихоҳанд, бикунанд ва ба саҳнаҳои шаҳватангез сар бизананд ва аз ҳадди тақвои Илоҳӣ берун раванд, дар амон нахоҳӣ буд, чун мумкин аст он парда дарида шавад ва ту дар маърази азоби Худованд қарор бигирӣ. Ва ҳеҷ неруе нест магар аз ноҳияи Худованд.

12. Ҳаққи садақа

Аммо ҳаққи садақа ин аст, ки бидонӣ ин садақа "пасандози" ту аст, дар назди Парвардигорат ва амонатест, ки ниёз ба гувоҳ ва шоҳид надорад. Агар ин матлабро бидонӣ, ба он чи ки дар пинҳон ба амонат месупорӣ нисбат ба он чи ки ошкоро ба амонат мениҳӣ, итминони бештаре хоҳӣ дошт. Бино бар ин сазовор аст ончиро, ки қасд дорӣ ошкоро ба амонат ниҳӣ дар ниҳон ба Худованд бисупорӣ, ки дар ҳар ҳол рози нуҳуфта миёни ту ва ӯ мебошад. Дар ин амонате, ки ба ӯ месупорӣ мабодо аз гӯшҳо ва чашмҳо ба унвони шоҳид ва гувоҳ мадад гирӣ. Гӯӣ, ки ба ин гувоҳон бештар аз худи ӯ, итминон дошта ва дар бозгирии амонатат ба ӯ эътимод надорӣ. Сипас мувозиб бош бар касе, ки садақа медиҳӣ миннат наниҳӣ, чунки садақаро ба хотири худат мепардозӣ, ҳол агар миннат ниҳӣ, дар амон нестӣ ва ба сарнавишти ҳамон кас дучор шавӣ, ки бар ӯ миннат ниҳодаӣ, зеро ин нишонаест, ки ту садақаро барои худ нахостаӣ, чун агар чунин буд ҳаргиз миннат намениҳодӣ. Ва ҳеҷ неруе нест магар аз ноҳияи Худованд.

13. Ҳаққи қурбонӣ

Аммо ҳаққи қурбонӣ ин аст, ки онро фақат ба қасди ихлос ва барои Парвардигорат ба ҷо оварӣ ва бояд танҳо қасди ту ҷалби раҳмат ва қабули ӯ бошад, на ҷалби назари мардум. Агар ингуна бошӣ, на худро ба сахтӣ андохтаӣ ва на риё кардаӣ ва фақат ба хотири ризои Худо анҷом додаӣ. Бидон, ки Худовандро ба ончи, ки осон аст метавон хост, на бо ончи, ки душвор аст, чунки ӯ низ аз бандагони худ таколифи сода ва осон хоста, на таколифи душвор. Сазовор аст хозеъ буда ва аз худбинӣ бипарҳезӣ, зеро худбинӣ мутаҳаммили заҳмат ва ҳазинаи фаровон мешаванд, вале фурутанӣ ва дарвешмаобӣ, заҳмат ва такаллуф надорад, балки мутобиқи сарнавишт ва фитрати одамӣ зиндагӣ мекунанд. Ва ҳеҷ неруе нест магар аз ноҳияи Худованд.

Идома дорад

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст