چاپ

ОСОРИ ТАҚВО АЗ НАЗРИ ҚУРЪОНИ КАРИМ

Ба дурустӣ дин назди Аллоҳ таъоло Ислом аст (с.Оли Имрон 19)


Ислом ҳамчун дини хотам ва охирин роҳи шинохти амру иршодоти илоҳӣ ба бандагонаш, чаҳордаҳ аср пеш бар башар нозил гардид.

Муҳаммади Амин ҳамчун паёмовари илоҳӣ бар башар мабъус гашт. Он расул ва набӣ, чунон дар амри илоҳӣ ва амал ба динаш пойбанд буд, ки хайрулбашар, усваи ҳасан, набии беҳтарин уммат ва расули охирин дин шуд. Муҳаммади Мустафо(с) расули раббул оламин гашт ва ба фармудааи худаш, дар ин роҳ ҳеҷ набие ба андозааш заҳмату сахтӣ надид, он чунон ки Ӯ дид. Ӯ ҳамчун хотами анбиё, вазифаи нубувваташро анҷом дод ва дар баробари он аҷре аз касе талаб накард, магар ончӣ Аллоҳ таъоло худ ба Ӯ ваъда дод ва ба Ӯ амр намуд, ки аз умматаш бихоҳад (с. Шуро 23).

Ҳазрати Муҳаммад(с) ҳамчун набии раҳмат ва паёмоварӣ ҳақиқат, барои умматаш ҳидоятгар ва роҳнамо дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ буд. Ӯ чунон ёрону ҳамроҳонашро таълим медод, ки аз пасттарин ҷойгоҳи инсоният ба болотарин дараҷоти махлуқот мерасиданд.

Аз иршоду ҳидоятҳои он ҳазрат, тақво ва покдомонӣ буд ва мефармуданд: ба дурустӣ бо арзиштарини шумо бо тақвотарини шумост.

Дар инҷо нигоҳе хоҳем дошт ба масъалаи тақво дар Қуръони карим.

Тақво ҳамчун сифати баргузида ва муҳимме аст, ки Қуръони карим мефармояд: Ин китобест барои ҳидояти муттақин (с. Бақара 2)

ОСОРИ ТАҚВО

Дар оятҳои қуръонӣ осори тақво ба се гуруҳ тақсим шудааст, ки дар баргирандаи осори дунёӣ, охиратӣ ва мустамир -давомнок- мешавад.

1.     Осори дунявӣ

Роҳи наҷот ва ризқи бе ҳисоб: Худованд ба касе, ки тақво дошта бошад дар сахтиҳо ва мушкилоти зиндагӣ роҳҳоеро пеши рӯяш мегузорад ва ризқе ба ӯ ато мекунад, ки худаш нафаҳмад аз куҷо барояш расидааст.

Дар каломи илоҳӣ омадааст; ва касе, ки тақвои илоҳи дошта бошад барояш роҳи наҷот қарор медиҳад ва ризқи ӯро аз ҷое таъмин мекунад, ки дар фикраш намерасад (с. Талоқ 2 -3)

Сабаби касби ҳидоят: тақво сабаб мешавад, инсон ҳам зиндагии покро таҷриба кунад ва ҳам ҳидояти илоҳиро дар корҳояш дарёфт намояд.

Дар каломи маҷид омадааст; ин китобест, ки шакке дар он нест ва ҳидоятгари муттақин аст (с. Бақара 2)

Боз шудани дари раҳмати илоҳӣ: покдоманӣ ва парҳезгорӣ сабаби боз шудани дарҳои раҳмату мағфирати илоҳӣ мегардад ва шахси муттақӣ неъмате бузургтар, яъне неъматҳои осмониро насиби худ мегардонад.

Дар каломи ваҳй омадааст; ва агар аҳли (он) шаҳр имон оварда ва парҳезгорӣ ва тақворо пеша кунанд, қатъан дари баракоти осмонӣ ва заминиро барои онҳо боз хоҳем кард (с. Аъроф 96)

2.     Осори ухравӣ

Инсонҳое, ки дар дунё бо имон ва тақво зиндагӣ кунанд, дар охират ҳам дорои дараҷот ва бартариҳое хоҳанд буд, ки Аллоҳ таъоло дар каломи осмониаш ба он ишора намуда аст.

Муттақин дар биҳишт; ҳақиқатан инсонҳои бо тақво дар боғҳои пурнеъмати биҳишт қарор хоҳанд дошт (с. Тур 17)

Беҳтарин роҳтуша; тақво ва покдоманӣ беҳтарин тушаи зиндагӣ аст (с. Бақара 197)

Қабулии амалҳо; дар ҳақиқат, Аллоҳ таъоло аз муттақин (корҳояшонро) қабул мекунад (с. Моида 27)

Бахшиш ва пушиши гуноҳон; ва касе тақво дорад, бадиҳояш пушонда мешавад ва подоше бузург насибаш мегардад (с.Талоқ 5)

Наҷот аз азоби ҷаҳаннам; сипас наҷот медиҳем, касонеро ки тақво кардаанд, вале ситамкоронро вогузор мекунем,  то дар оташ биафтанд (с.Марям 72)

3.     Осори давомнок

Дар канори фавоид ва подошҳое, ки баён гашт асароти дигаре ҳам аз тақво дар Қуръон баён шудааст, ки ба унвони асарҳои мустамир ва довомдор шинохта мешаванд.

Хӯшбахтӣ; касоне, ки итоати Аллоҳ ва Расулашро доранд ва дар баробари Худо хашият ва парҳезгорӣ дошта бошанд, пас онҳо ҳамон фоизон, пирӯзон ва барандагон ҳастанд (с. Нур 59)

Бартарин инсон; беҳтарини шумо назди Аллоҳ таъоло ҳамон парҳезгорони шумо ҳастанд (с. Ҳуҷурот 13)

Маҳбуби Аллоҳ; Худованд парҳезкоронро дӯст медорад (с. Олиимрон 76)

Ҳамроҳии Аллоҳ таъоло; бидонед, ки Худованд бо муттақин аст (с. Тавба 36)

Дар бораи разоил ва бадиҳое, ки нисбати сифоти рафторӣ ва гуфтории инсонҳо дар Қуръон, ҳадисҳо, гуфторҳои бузургон ва ҳатто ҷомеашиносони имрӯзӣ матраҳ аст, як масъала бисёр аҳамият пайдо кардааст, ки ҳамон рафтори некӯ аст. Аммо ончӣ Ислом бар он таъкид дорад ва онро асоси зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ мешуморад, ҳамроҳии амалҳои нек бо фикру ақидаи нек аст.

Ба дигар сухан; онгоҳ рафтору гуфтори нек таъсири ҳақиқӣ хоҳад дошт, ки ҳамроҳ бо андеша ва боварҳои нек бошад. Пас он инсоне, ки рафтору гуфтораш нек аст, вақте садоқат ва ростгӯияш қабул мешавад, ки дар ақидааш ҳам ростгӯ ва ҳақталаб бошад.

Чунон, ки Худованд фармуд: » ба дурустӣ дин назди Аллоҳ ҳамон дини Ислом аст « ҳар кас бихоҳад нек бошаду нексират, бояд имон ба Ислом, Қуръон ва Расули Аллоҳ(с)-ро дар амалу ақидааш дошта бошад, онгоҳ ба ин ҳақиқат амал кунад, ки Ислом як дини ҷаҳонӣ ва ҳамагонӣ аст ва метавонад фарду ҷомеа ва ҷаҳонро бар асоси амру наҳй ва ҳидоятҳои илоҳӣ идора намояд, то онҷо ки ҷомеаи ормонӣ ва босаодат дар ҳамин ҷаҳон побарҷо гардад ва ҳақиқатан бандагии Аллоҳ таъоло муҳаққақ гардад.

САЙИД АКБАРЗОДА

زیر مجموعه: Минбари шумо
بازدید: 3036