Ҳифзи иҷтимоъ аз назари Ислом

қисми аввал

қисми дуюм

Чунон, ки баён гашт, баҳс аз ҳифз ва рушди ҷомеаи солим аз масоили муҳимме аст, ки дар дидгоҳи динии он бар хилофи дидгоҳҳои ғарбӣ, бисёр роҳкорҳои мустаҳкам ва ҷомеъ ироа гаштааст.

Дар назарияи Конт ва Дурким мазҳаб ва ахлоқ пуштибони ҳифзи ҷомеа шинохта шудаанд, ки бо даруни кардани он ва риояти қавонини иҷтимоӣ метавон ҷомеаро ҳифз ва албатта ивлоҳотро ҳам ҷорӣ кард. Аммо дар баробари онҳо тазодгароён-морксисм табақаи мусаллат ва ҳокимро сабаби ҳифзи низомот медонистанд.

Дар як ҷамъбандӣ қавонин ва риъояти он аз тарфи ҷавомеъ асоси ҳифзи ҷомеа аст ва амнияти ҷомеа ва рушди он вобаста ба сатҳу дараҷаи аҳаммият ва диққати қонунҳо хоҳад буд. Дар натиҷа ниёзи ҷомеа ба қонуне, ки ҷомеъ ва ҳаматарфа бошад маълум мегардад.

Ба унвони мисол агар дар як ҷамъ ва ё кишвар ва ё ниҳод қонуне тарроҳӣ шавад ва барои иҷро дар дигар ниҳод ва сохтор ва ҷомеае ироа гардад боз метавонад дар ҷои дигар камбуд пайдо кунад ва қатъан посухгӯи дигар ҷавомеъ нахоҳад буд.

Аммо агар ин қонун тавассути касе, ки шоҳид ва мусаллат бар тамоми ҷавомеъ ва дар болотарин сатҳи он шоҳид бар ҳамаи ҳастӣ аст, тарроҳӣ ва ироа гардад қатъан метавонад дар ҳамаи ҷавомеъ иҷроӣ гардад. Ва он ғайр аз қонуни илоҳӣ ва Қуръони карим нест

Он чӣ дар низоми иҷтимоии Ислом матраҳ аст, шомили ҳамаи ҳуқуқи инсонҳо бо таносуби сатҳу дараҷаи моҳиятии онҳо хоҳад буд, чунон ки фармуд: ба дурусти беҳтарини шумо назди Аллоҳ бо тақвотарини шумо аст.

Ҷомеа бар асоси сохтори фикрии он ва ҳамчунин боварҳои мазҳабӣ ва диние, ки ҳамчун мабно дар қонунгузории он қарор доштааст, сохта мешавад ва ахлоқиёту рафторҳои иҷтимоӣ дар он ҳам бар ҳамон асос ҷорӣ мегардад. Ба унвони мисол, ҷомеае, ки сарватмандиро асл медонад, таъодул фақат вақте вуҷуд дорад, ки ҷузъе аз ҳастӣ дар хидмати ҷузъи дигар бошад ва ин хидмат яктарафа хоҳад буд. Аммо ҷомеаи адолатмеҳвар ин хадамотро дутарафӣ медонад ва амнияти иҷтимоиро ҳам дар сурате муҳаққақшуда мепиндорад, ки адолати иҷтимоӣ риъоят гардад. Албатта шояд дар зоҳир ҷавомеъе бошанд, ки гуруҳи сармоядор бар дигарон ҳукумат мекунанд ва амният ҳам эҷод шудааст, аммо агар моҳият ва ҳақиқати он ҷомеа шинохта шавад, онгуна ки дида мешавад нест ва рӯзе ва ҷое сархоҳад зад ва инфиҷори хостаҳои адолатмеҳаврӣ воқеъ хоҳад гашт.

Дар низоми коргарӣ, таъдили иҷтимоӣ бар асоси назарияи морксистӣ ҳам нақсҳое вуҷуд дорад, ки намегузорад адолати иҷтимоӣ риоят гардад. Дар ҳақиқати ончӣ аз адолат дар дин матраҳ аст, на баробарӣ бар асоси як як, балки баробарӣ бар асоси фазоил ва шароит аст. Агар инсоне ду рӯз кор мекунад, бо инсоне ки як рӯз кор мекунад баробар нест, балки ҳаркадом бар асоси саҳмаш ҳақ хоҳад дошт, бар хилофи назарияи баробармеҳварӣ ва ё ҳамон морксистӣ.

Маншаъи нобудии назму амнияти иҷтимоӣ

Дар дидгоҳи назарияпардозон ва ҷомеашиносони ғарбӣ ва ё дунёӣ, гоҳ фақру нобаробарӣ ва гоҳ зиёдшудани тамоюлоти инсонӣ ва гоҳ худхоҳӣ ва ё душманиҳои шахсӣ ва ё гуруҳиро асоси барҳам занандаи назму амният донистаанд. Албатта фарқияти фарҳангу боварҳо, тазодҳои сарзаминӣ ва иқлимӣ ва ..., ҳам аз сабабҳои ин ноҳанҷории иҷтимоӣ шинохта шудаанд.

Аммо яке аз маншаъҳои он дар дидгоҳи динмадорона ҳамон бе адолатии иҷтимоӣ ва зулми ҳукком бар миллатҳо аст. Дар ин дидгоҳ агар ходимони миллат, ки ба номи ҳоким ва сардоро ва ё ҳар номи дигар хонда мешаванд натавонанд ҷомеаро бо адолат ва сулҳу муҳаббат идора кунанд, заминаи шуриш ва саркашӣ ва дар натиҷа ноамнии иҷтимоиро муҳайё мекунанд.

Фарқияти асосии ин ду назария – дунёмеҳварӣ дар баробари динмеҳварӣ – дар ин аст, ки дин боварҳои ахлоқӣ, мабдаъ ва миъод ва раббу бандагиро дар назар дорад, аммо дунёгароӣ ончиро мебинаду дарк мекунад асл қарор медиҳад ва тарҳу назарашро ҳам бар ҳамон асос поягузорӣ ва иҷроӣ мекунад, яъне секулорисм дар иҷтимоъ.

Ислом бо назарияи Вифоқи иҷтимоӣ ё Тазод?

Бар асоси омузаҳои динӣ ва оёту ривоятҳои шаръӣ, метавон ин натиҷаро ба даст овард, ки: Ислом тарафдори ҷомеаи солим ва дар масири касби саъодати дунявӣ ва ухравии башарият аст. Агар ҷомеаи мавриди назар дар ин масир бошад метавон мавқеъи динро ҳамон вифоқ донист, яъне бояд вазъи мавҷуд ҳифз шавад ва дар масири касби саъодат ислоҳоту тағёирот ҳам анҷом гирад.

Аммо онҷое, ки низому иҷтимоъ дар масири саъодат ва рушди инсон ба сӯи ормонҳои ҳақиқӣ набошад, табъан мавқеъи дин ва ба хусус Ислом тағйир аст ва ин ба даст намеояд магар бо хосту иродаи ҷомеаи мавҷуд. Чунон, ки аллоҳ таъоло фармуд: инналлоҳа ло юғайиру мо биқавмин ҳатто юғайиру мо бианфусиҳим(Раъд 11).

Ҳама ин масоил дар дин ва дидгоҳи диндорон, дар чорчубае ба номи эътиқод ба Мабдаъ ва Миъод тарроҳӣ ва иҷроӣ мегардад, лизо аз асос ва бунёд бо дигар дидгоҳҳо ва андешаҳои дунёгароёна ва инсонмеҳварона ҳамроҳӣ нахоҳад дошт, балки инсон ҳамчун мавҷуди фитратан бо фазилат ва бо каромат дар назар гирифта шудааст ва табъан барои ӯ ҳуқуқ ва вазоиферо дар назар мегирад.

Агар ин ҳуқуқ ва вазифа дар чорчуби муайяне ҳамчун адолати иҷтимоӣ иҷроӣ гардад метавонад барои рушди ҷамъӣ қарор гирад, аммо агар бо бадаст гирифтани маншаъ ва манфиатҳо ҳаққи дигаронро салб кунад, наметавонад он низомеро эҷод кунад, ки мавриди қабули дин ва диндорон аст.

Поянда ва сарфароз бошед

САЙИД АКБАРЗОДА

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст