Зоти ақдаси Илоҳӣ баҳори дунё ва биҳишти охират аст.

Ин мақола баёноти Аллома Ҷаводии Омулӣ дар бораи фасли баҳор  бо таваҷҷӯҳ ба бардоштҳои олимона ва орифонаи эшон мебошад.

Матлаби аввал: Ҷаҳони хилқат бо Асмои ҳуснои илоҳӣ идора мешавад. На инсон ва на ҷаҳон мустақиман бо зоти ақдаси илоҳӣ иртибот надоранд; Ончи зуҳури Ҳақтаолост ба номи Ваҷҳуллоҳ, аз роҳи асмои ҳуснои илоҳӣ аст.

Таҷаллии  васфи ”Ҷамил”-и  Худои Субҳон дар баҳори табии ва биҳишти фаротабии;

Матлаби дуюм. Зоти ақдаси илоҳӣ дар дунё дар баҳор ба сурати ”Ҷамил” ҷилва мекунад ва дар қиёомат дар биҳишт ба унвони ”Ҷамил”таҷалли дорад.  Асли хилқат дар баёни нуронии Амиралмӯъминин Алӣ(к) таҷаллии илоҳӣ аст, ки дар Наҳҷулбалоға  фармуд:  [1]اَلحَمدُ لِلّهِ المُتَجَلّی لِخَلقِهِ بِخَلقِهْ Ин таҷалли бо ҷамоли илоҳӣ, ки омехта шуд. Дар дунё мешавад   “ баҳор”, ва дар охират мешавад “биҳишт”. Ин биҳишт ва ин баҳор як ҷамоли сурию зоҳирист, ки баёонгари ҷамоли малакути Худои Субҳон аст. Дар малакут, Худо ҷамоле дорад ба унвони Илм, ба унвони  Раҳмат, ба унвони Раъфат ва монанди он.


Инсон дар баҳор бояд  як биҳиштеро ба ҳамроҳи худ бибарад, биҳиштӣ бишавад . Барои инкӣ бо нишот ва бо хуррамӣ ба сар бибарад, ночор аст аз Кавсар мадад бигирад, то ҳувият ва шахсияати худро биҳишт кунад! Баҳор аз борон мадад мегирад ва сарсабзу хуррам мешавад , вале инсон агар бихоҳад биҳиштӣ бишавад .Аз борон истимдод намекунад. Аз Кавсар мадад мегирад ва Кавсар ҳамон маърифат ва муҳаббати Худост, ки ҷамоли илоҳиро ба ҳамроҳ дорад.

Баҳор мулкӣ, самараи биҳишти ҳикмати Худои Субҳон

То мо биҳиште дарунамон насозем, ҳаргиз аз тарафе нишоте  намибинем, ҳаргиз аз баҳор баҳрае нахоҳем бурд. Баҳори дунё ва биҳишти охират вақте ба ҳоли инсон нофиъ аст, ки ӯ мазҳари ҷамоли илоҳӣ бошад. Вақте мазҳари ҷамоли илоҳӣ мешавад, ки аҳли ҳикмат мебошад.  Зеро вуҷуди мубораки Паёмбари Акрам(с) фармуданд: انا مدینه العلم و انت یا علی بابها[2]  ва дар ҳадиси дигаре мефармоянд: انا مدینه الحکمه و هی الجنه و انت یا علی بابها[3]  яъне ман шаҳри ҳикматам ва ин ҳикмат, биҳишт аст ва ту эй Алӣ дари ин ҳикматӣ!

Бинобарин ин биҳишти зоҳирӣ, ки جنات تجری من تحتها الانهار[4] ва ин баҳори зоҳири, ки хуррамии низоми офариниш онро ҳамроҳӣ мекунад. Инҳо маҳсули як биҳишти малакутиянд ва баҳори малакутӣ, онҳо таҳсилест, ки мо бояд фароҳам бикунем. Агар аҳли ҳикмат ва аҳли маърифат ва аҳли муҳаббат будем, дар даруни мо биҳишт таҷаллӣ дорад, дар даруни мо ҳамеша хуррамӣ ҳузур дорад, зеро ҳикмат ва маърифат , биҳишт аст.

Баҳрагири аз Силаи раҳим дар фасли баҳор ба мақсади баёни маорифи буланди қуръонӣ:

Имом Ризо(а) мефармоянд: «تزاوروا، فان فی زیارتکم احیاء لأحادیثنا[5] яъне ба дидори якдигар биравед ва дар дидори якдигар маорифи диниро, ахлоқи исломиро, ҳуқуқи якдигарро, ҳуқуқи падару модару фарзандро, ҳуқуқи ҳамсояро, ҳуқуқи давлату милатро, ҳуқуқи ҳамсоягони дохил ва хориҷро матраҳ кунед, ки ҷомеа, ҷомеаи ақл ва отифа бошад , утуфаташ дар канори маърифат бошад , ва маърифаташ соя афкани меҳрубонию утуфат бошад, вуҷуди мубораки Имом Ризо(а) фармуданд:  تزاوروا, ба зиёорати якдигар биравед, فان فی زیارتکم احیاء یثنا لأحاد؛  вақте ки ба дидори якдигар рафтед, ба гуфтану хандидан ва хандондан вақтатонро сарф накунед бо танз, умри худро нагузаронед, танз ва гуфтану хандондан дар ҳадди зарурат  аст, ки хастагиро рафъ кунад, балки онаст ,ки  фармуд; қисмати муҳим маҳфили диду боздидтон бо зикри суханони аҳли байти Паёмбар(с) бошад.

РИВОҶИ УТУФАТ ВА МЕҲРАБОНИ ДАР ҶОМЕА, ДАЛЕЛИ ЛУЗУМИ ИНТИҚОЛИ МАЪОРИФИ АҲЛИБАЙТИ ПАЁМБАР(с):

Далелоне, ки Имом Ризо(а) зикр мекунад , инаст, ки [6], احادیثنا تعطف بعضکم علی بعض суханони нуронии аҳли байти Паёмбар(с) дар шумо отифае эҷод мекунад , ваҳдат меофаринад , муттаҳид мекунад , кинаро бар медорад, вақте киназудои шуд, ихтилоф аз байн рафт, як биҳшти мавъудеро шумо мавҷуд кардед , дар сураи мӯборакаи Ҳашр ончӣ, ки биҳиштиҳо доранд, ба унвони ниёиши мардони илоҳӣ дар дунё матраҳ аст, мардони биҳиштӣ бекина зиндаги мекунанд, дар биҳишт ҳеҷ ихтилофе, ҳеҷ низое, ҳеҷ ихтилофи қироате, ҳеҷ ихтилофи бардоште, роҳ надорад, ва نزعنا ما فی من غل قلوبهم[7]  ҳиҷ хиёнате , ҳеҷ кинае, ҳеҷ адовате, ҳеҷ буғзе дар дилҳои мардони биҳиштӣ нест, ин моли биҳишт. Дар сураи Ҳашр мӯъминони илоҳӣ аз зоти ақдаси илоҳӣ чунин хулқу хуйро металабанд, Худоё кинаи ҳеҷ бародари мусӯлмонеро дар дили мо қарор надеҳ, ин дуои мардони мӯъмин дар дунё дар ҳақиқат як биҳишти мавъудест барои онҳо нисбат ба ончиро Худои Субҳон дар авсофи биҳиштиён зикр кард. Вуҷуди мубораки Имом Ризо(а) фармуд, маҳфили диду боздиди шумо ин ихтилофҳоро бар медорад, зеро аҳодиси мо ва суханони мо дар он маҳофил матраҳ мишавад ва суханони мо дар шумо отифа эҷод мекунад, меҳру меҳрубонӣ меофаринад, вақте отифа омад , кинаҳо аз байн меравад, ҷомеаро отифа идора мекунад.

ОТИФА ОМИЛИ ИРТИБОТИ АҚШОРИ МУХТАЛИФИ АФРОД ДАР ҶОМЕА:

Отифа як маводди нарм аст , ки аъзои хонаводаро баҳам иртибот медиҳад , хонаводаҳои як маҳалларо баҳам иртибот медиҳад афроди як маҳаларо дар як шаҳр баҳам иртибот медиҳад, мардуми шаҳрҳоро дар як кишвар баҳам иртибот медиҳад, он ваҳдати “маҳаллӣ” “минтақаӣ” ва “ байналмилалӣ”- ро таъмин мекунад.

Бинобар ин аз  як назар баҳор метавонад як биҳиште барои мо биёварад,  биҳишт  метавонад ба сурати баҳор таҷаллӣ кунад ва инҳо ҷилваҳои ҷамоли илоҳиянд ва агар ҷомеа мазҳари ҷамоли илоҳӣ шуд , ҳам аз баҳор, баҳраи кофӣ мебарад, ҳам худаш биҳишт мешавад ва биҳишт месозад, умедворем ба баракати Қурон ва Итрат, ин ҷомеаи мо мувафақ бишавад, дар дунё аз баҳор ҳадди аксари баҳраи маъқулро бибарад ва дар охират аҳли биҳишт бошад.

Аллома Ҷаводии Омулӣ



[1] Наҳҷулбалоға, хутбаи 108.

[2] Васоил, ҷилди 27, саҳ, 76.

[3] Биҳоруланвор, ҷилди 40, саҳ 201.

[4] Сураи Бақара 25 .

[5] Алкофӣ , ҷилди 2, саҳ, 186.

[6] Алкофӣ , ҷилди 2, саҳ, 186

[7] Сураи Ҳашр, 10

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст