چاپ


Ҳазрати Алӣ ба фарзандаш имом Ҳасан (Дуруди Худо бар онҳо бод) фармуд:
يَا بُنَيَّ احْفَظْ عَنِّى أَرْبَعاً وَ أَرْبَعاً لَا يَضُرُّكَ مَا عَمِلْتَ مَعَهُنَّ إِنَّ أَغْنَى الْغِنَى الْعَقْلُ وَ أَكْبَرَ الْفَقْرِ الْحُمْقُ وَ أَوْحَشَ الْوَحْشَةِ الْعُجْبُ وَ أَكْرَمَ الْحَسَبِ حُسْنُ الْخُلُقِ يَا بُنَيَّ إِيَّاكَ وَ مُصَادَقَةَ الْأَحْمَقِ فَإِنَّهُ يُرِيدُ أَنْ يَنْفَعَكَ فَيَضُرَّكَ وَ إِيَّاكَ وَ مُصَادَقَةَ الْبَخِيلِ فَإِنَّهُ يَقْعُدُ عَنْكَ أَحْوَجَ مَا تَكُونُ إِلَيْهِ وَ إِيَّاكَ وَ مُصَادَقَةَ الْفَاجِرِ فَإِنَّهُ يَبِيعُكَ بِالتَّافِهِ وَ إِيَّاكَ وَ مُصَادَقَةَ الْكَذَّابِ فَإِنَّهُ كَالسَّرَابِ يُقَرِّبُ عَلَيْكَ الْبَعِيدَ وَ يُبَعِّدُ عَلَيْكَ الْقَرِيبَ .
Писарам! Чаҳор чиз аз ман ёд гир ва чаҳор чиз ба хотир бисупор, ки то ба онҳо амал мекунӣ зиён набинӣ:  1 ҳамоно арзишмандтарин бениёзӣ ақл аст ва 2 бузургтарин фақр бехирадӣ аст ва 3 тарсноктарин танҳоӣ худписандӣ аст ва гиромитарин арзиши хонаводагӣ ахлоқи некӯст.
Писарам, 1) аз дӯстӣ бо аҳмақ бипарҳез, чунки мехоҳад ба ту нафъе расонад, аммо зиёнат мерасонад ва 2) аз дӯстӣ бо бахил бипарҳез, зеро ончиро, ки хеле ба он ниёз дорӣ аз ту дареғ медорад ва 3) аз дӯстӣ бо бадкор бипарҳез, ки бо андак баҳое туро мефурӯшад ва 4) аз дӯстӣ бо дурӯғгӯ бипарҳез, ки мисли сароб аст: дурро ба ту наздик ва наздикро дур менамоёнад. Наҳҷулбалоға, ҳикмати 38

بازدید: 2344