«Сафина» ва «Наҷот» дар намоишгоҳи матбуоти исломӣ

Иттиҳоди матбуоти ҷаҳони ислом бо ҳузури 120 котиби масъул ва хабарнигор аз 48 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон оғози ба кор кард. Дар зимни ин нишаст дар Теҳрон намоишгоҳи матбуоти ҷаҳони ислом ҳам баргузор мешавад.

Нақши расонаҳо дар ҷаҳони имрӯз барои кассе пушида нест. Рисолати расонаи исломӣ бошад, хеле сангинтару душвортар аст. Зеро дар ҷаҳони ошуфтаи имрӯз, барномаҳои мухталифе бар алайҳи ислом роҳандозӣ шудаанд, ки хунсо кардани онҳо вазифаи аслии расонаи исломии муосир аст.

Аз тарафи дигар дар раванди ҷаҳонишудан ҳам миллатҳои хурд аз тариқи ҳамин расона метавонанд ҳувият ва фарҳанги худро ҳифз намоянд ва андешаву афкори худро ба дигарон бирасонанд.

Ба ҳамин хоти маҷаллаи «Сафинаи Умед» ва ҳафтаномаи «Наҷот» ба намояндагӣ аз кишвари азизамон ва ҲНИТ дар ин намоишгоҳ ширкат доранд. Ба гузориши сардабири маҷаллаи «Сафинаи умед» дар ин намоишгоҳ  Ҷамила Ҳусейнова аз ҳафтаномаи «Чархи гардун» ҳам ширкат дорад, ки дар намоишгоҳ утоқи  матбуоти Тоҷикистонро бо Муҳаммадсиддиқи Комил омода намудаанд. Дар ин намоишгоҳ намунаҳое аз ҳафтаномаҳои «Наҷот», «Дайджес», «Чархи гардун», «Имрӯз –news» ва маҷаллаи «Сафинаи умед» ба намоиш гузошта шудааст.

Дар кори нишасти матбуоти ҷаҳони ислом бошад, аз Тоҷикистон сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ва Рашид Ғанӣ Абдулло ширкат доранд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст