Please update your Flash Player to view content.

Охирин матолиб

Беҳтарин улгу ва сармашқи башарият 2

Беҳтарин улгу ва сармашқи башарият 2

Тандурустии Расули Худо (с) Пайғамбари Ислом (с) ба пешгирӣ аз беморӣ таваҷҷӯҳи зиёд дошт, пеш...

Беҳтарин улгу ва сармашқи башарият 1

Беҳтарин улгу ва сармашқи башарият 1

Муқадима           Инсони асри имрӯз бо касби дониш ва маҳорат дар олами табиат ба пешрафтҳои...

Пешвои сулҳу адолат!

Пешвои сулҳу адолат!

Эй Расуле, ки номи зебоятҲамчу гулҳо шукуфта бар лабҳоҚиссаҳои пур аз муҳаббати туБеҳтарин...

Фурсат барои шинохтан ва шиносондан

Фурсат барои шинохтан ва шиносондан

Ҳар дин ва оине нишона ва русуми хосси худашро дорад,  ки ба воситаи он шинохта мешавад ва дини...

Нигини офариниш

Нигини офариниш

Эй баргузидае, ки набошад мисоли ту Олам мунаввар аст зи нури ҷамоли ту  Эй маҳрами ҳарими...

  • Беҳтарин улгу ва сармашқи башарият 2

    Беҳтарин улгу ва сармашқи башарият 2

  • Беҳтарин улгу ва сармашқи башарият 1

    Беҳтарин улгу ва сармашқи башарият 1

  • Пешвои сулҳу адолат!

    Пешвои сулҳу адолат!

  • Фурсат барои шинохтан ва шиносондан

    Фурсат барои шинохтан ва шиносондан

  • Нигини офариниш

    Нигини офариниш

Расули Худо (с) фармуданд:
اِنَّما بُعِثْتُ لاتَُمَمَّ مَکارِمَ الاخلاقِ
 Дар ҳақиқат ман барои ба камол расондани макорими ахлоқ барангехта шудам. 

(Канзулуммол, ҳадиси 5217)

Маориф

декабря 01, 2017

Фурсат барои шинохтан ва шиносондан

in Қуръон ва Ҳадис by administrator
Ҳар дин ва оине нишона ва русуми хосси худашро дорад, ки ба воситаи он шинохта мешавад ва дини Ислом низ аз ин қоида истисно нест, балки дар дини Ислом русумҳои зиёде ҳастанд, ки ҳар кадом дар муаррифии Ислом бар ҷаҳониён саҳми арзандае доранд, аз ҷумла…
нояб 14, 2017 58

Бархе аз сифатҳои Паёмбари Акрам (с)

Бархе аз сифатҳои Паёмбари Акрам (с) Паёмбари Акрам (с) беҳтарин сафатҳоро дорад, барои…
нояб 02, 2017 73

Мабонии қуръонии қиёми имом Ҳусайн(а) (2)

Мабонии қуръонии қиёми имом Ҳусайн(а) (2) Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар Асли амри ба…
окт 29, 2017 62

Мабонии қуръонии қиёми имом Ҳусайн(а) (1)

Мабонии қуръонии қиёми имом Ҳусайн(а) (1) Муқаддима Имом Ҳусайн(а), наваи гиромии…
how to change background in joomla

daawat

Акнун вақти он расида буд, ки Расули Гиромӣ(с) даъвати ҳамагониро шурӯъ кунад. Табарӣ дар таърихи худ мегӯяд, тибқи ин ояти Қуръон, Паёмбар(с) даъвати худро оғоз кард:

فَاصدَع بِماتُؤمَرُوَأَعرِض عَنِ المُشرِکین

Маъмурияти худро ошкор кун ва аз мушрикон канорагирӣ кун. Мо туро аз шарри душманони масхарагар ҳифз мекунем. Ин қисмати оя нест

 

Рӯзе Паёмбар(с) болои кӯҳи Сафо рафт ва калимаи Ё сабоҳо-ро бо садои баланд гуфт. Садои Паёмбар(с) сабаб шуд, ки мардум дар онҷо ҷамъ шаванд. Он вақт рӯ ба мардум карду гуфт: Агар ман ба шумо бигӯям, пушти ин кӯҳ (кӯҳи Сафо) душманони шумо омадаанд ва мехоҳанд шуморо бикушанд ва молу дорои шуморо ба ғанимат баранд, оё бовар мекунед? Ҳама гуфтанд: Бале, чунки мо ин ҳама сол аз ту дурӯғ нашунидаем. Сипас фармуд: Эӣ гурӯҳи Қурайш, худро аз оташ наҷот диҳед. Ман барои шумо дар пешгоҳи Худованд наметавонам коре анҷом диҳам. Ман шуморо аз азоби сахт метарсонам. Онгоҳ фармуд: Мавқеияти ман ҳамон мавқеияти нигаҳбоне аст, ки душманро аз макони дур мебинад ва зуд барои наҷоти қавми худ ба тарафи онҳо меравад ва онҳоро аз ин пешомад огоҳ мекунад. Қурайш, ки каму беш аз оини ӯ хабардор буданд бо ин сухан ҳама хомӯш монданд. Ин хомӯширо Абулаҳаб, ки аз бузургони мушрикон буд шикаст ва рӯ ба он ҳазрат карду гуфт: Вой бар ту моро барои ҳамин кор даъват кардӣ? Баъд мардум ҳама рафтанд.

Баъд аз ин Расули Худо(с) ба таври ошкор таблиғи дини Исломро мекард ва мушрикони Қурайш ҳам то ин вақт ба он ҳазрат чизе намегуфтанд, то ин ки аз бутҳои онон бадгӯӣ кард ва онҳоро беарзиш шуморид. Ин кор барои мардуми Макка хеле сахт буд, чунки то ин замон касе ба бутҳои онҳо ин тавр бадгӯӣ накарда буд. Дар он замон бештари мардум бутпараст ва мусулмонон андак буданд, ба ҳамин хотир барои мухолифат бо мусулмонон омода шуданд. Расули Худо(с), ки аз тарафи Худованд маъмур буд бе ягон тарсу ваҳшат ба таблиғи худ идома медод.

Бузургони Қурайш диданд, ки ӯ ҳамчунон ба кори худ машғул аст ва Абутолиб -амаки Паёмбар(с)- низ аз ӯ ҳимояти мекунад чанд нафарро ба пеши Абутолиб фиристоданд. Онҳо ба назди Абутолиб омада гуфтанд: Эй Абутолиб бародарзодаи ту ба худоёни мо бадгӯӣ мекунад! Аз оини мо айбҷӯӣ мекунад! Донишмандони моро беақл мешуморад! Падарони моро гумроҳ медонад! Ё худат пеши роҳи ӯро бигир ё ӯро дар ихтиёри мо бигузор. Абутолиб он рӯз бо хушрафторӣ онҳоро аз хонааш берун кард. Расули Худо(с) ҳамчунон ба таблиғи худ идома медод ва мардумро ба дини Ислом даъват мекард. То ин ки рафта-рафта мухолифати Қурайш бештар шуд ва мардумро бар зидди он ҳазрат даъват карданд.

Бузургони Қурайш дубора ба назди Абутолиб рафтанд ва ба ӯ гуфтанд: Эй Абутолиб! Ту дар назди мо марди бузургвор ва шариф ҳастӣ. Мо як бор дар бораи бародарзодаат ба назди ту омадем ва аз ту хостем пеши роҳи ӯро бигирӣ, вале ту ба суханони мо таваҷҷӯҳ накардӣ. Ба Худо қасам, тоқати мо тамом шуда ва беш аз ин сабр надорем, ки бубинем бародарзодаи ту нисбат ба падарон ва худоёни мо бадгӯӣ мекунад. Ё ту пеши роҳи ӯро бигир ё мо бо шумо меҷангем то яке аз ду тараф ба ҳалокат бирасад. Абутолиб, вақте ки дид таҳдиди Қурайш ҷиддӣ аст ваъда дод, ки гуфтори онҳоро ба бародарзодаи худ бирасонад. Абутолиб пас аз рафтани онҳо бо Расули Худо(с) сӯҳбат кард ва паёми онҳоро ба ӯ гуфт. Паёмбари Ислом(с) фармуд: Амакҷон! Ба Худо қасам, агар офтобро дар дасти рости ман ва моҳро дар дасти чапи ман қарор диҳанд, ҳаргиз аз ҳадафи худам барнамегардам. Ҳадафи худро дунбол мекунам то бар мушкилот пирӯз шавам ва ба мақсадам бирасам ва ё дар ин роҳ ҷонамро аз даст бидиҳам.

Гуфтори Расули Худо(с) ончунон маҳкам буд, ки Абутолиб рӯ ба Паёмбар(с) карду гуфт: Ба Худо қасам, даст аз ҳимояти ту намебардорам, то ин ки ту ба мақсадат бирасӣ.

Сарони Қурайш бори дигар пеши Абутолиб рафтанд ва талош карданд, ки Паёмбар(с) даст аз даъвати худ бардорад. Ин дафъа ба Паёмбар(с) пешниҳодҳое доданд ва гуфтанд, ки агар мансаб мехоҳад мо ӯро фармондори худамон мекунем ва агар сарват мехоҳад мо ба ӯ сарвати зиёд медиҳем. Агар зан мехоҳад мо беҳтарин ва зеботарин духтарро ба ӯ медиҳем то айбҷӯии бутҳои моро накунад. Абутолиб ба Паёмбар(с) ҳамаи инҳоро расонд.

Расули Худо(с) ба амакаш фармуд: Ман аз онон чизе намехоҳам фақат чаҳор пешниҳод дорам, ки агар яке аз онҳоро бипазиранд бар Араб ҳукумат кунанд ва ғайри араб аз онҳо пайравӣ кунанд. Дар ин лаҳза Абуҷаҳл аз ҷои худ бархост ва гуфт мо ҳозирем ба даҳ сухани ту гӯш диҳем. Паёмбар(с) фармуд: Танҳо сухани ман ин аст, ки ягонагии Худовандро бипазиред ва ба Худо имон биёваред. Гуфтори Паёмбар(с) Қурайшро ноумед кард ва хомушии сангине маҷлисро фаро гирифт. Баъд аз ин хомушӣ гуфтанд: Мо сесаду шаст худоро раҳо кунем ва як худоро бипарастем? Дар ҳоле ки оташи хашм аз сару рӯи онҳо меборид аз хонаи Абутолиб берун рафтанд.

Оёти 4 то 7 сураи Сод дар баёни ин воқеа нозил шудааст.

وَعَجِبوا أَن جآءَ هُم مُنذِرٌ مِنهُم وَقالَ الکَفِرونَ هَذا سَحِرٌ کَذَابٌ

أجَعَلَ الالِهَةَ إلهاً وَحِدًا إِنَ هَذَا لَشَیءٌَ عُجابٌ . . . . .. . . ماسَمِعنا بِهَذَا فِی المِلَةِ الاَخِرَةِ إِن هَذَآ إِلا اختِلَاقٌَ

Ва мушрикони Макка тааҷҷуб карданд, ки Паёмбаре аз ҳамон нажоди араб барои панду насиҳати онон омад ва он кофирон ба ҷои ин ки имон биёваранд гуфтанд ӯ ҷодугар ва дурӯғгӯ аст. Оё ӯ чандин Худои моро ба як Худо табдил мекунад ва ба маъбуди ягона даъват мекунад, ин бисёр ҳайратангез аст. Ва гурӯҳе аз бузургони қавм чунин гуфтанд, ки бояд роҳи худро идома бидиҳед ва дар парастиши худоёни худ собитқадам бошед, ин коре аст, ки мақсади ҳама аст. Инро дар охирин миллат ҳам нашунидаем. (Ин ки Муҳаммад мегӯяд ба ягонагӣ Худованд имон биёваред )

 

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти

Ҷомеа ва хонавода

Дин ва мазҳаб

Таърих ва достон

Матолиби гуногун