Саҳнаи тиҷорат ва иқтисод яке аз соҳаҳои зиндагии иҷтимоии инсонҳо мебошад, ки аз ҷойгоҳ ва аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Дини Ислом қатъан дар ин заминаҳо, ҳам сухан ва ҳам тарҳу барномаҳои арзандае дорад, ки бояд тавассути аҳли илму дониш мавриди иҷтиҳод ва кашфу пешниҳод қарор гиранд, то ҷомеаи исломӣ битавонад зиндагии худро бар асоси он поярезӣ ва иҷро намояд.

Дар инҷо, бо таваҷҷуҳ додани хонандагон ба ин масъала, ки муҳтаво ва манзури навиштор ба худи нависанда тааллуқ дорад, матнеро, ки дар nahzat.tj нашр шудааст пешкаши Шумо хонандагон мегардонем.

НУРИ ТОҶИКОН

 

Муъомилоти молӣ дар фиқҳи исломӣ (1)

Исломиддини Асомиддин, корманди Академияи исломии ҲНИТ

Муомилаи доду гирифт ё хариду фуруш дар фиқҳи исломӣ боби васеъеро ташкил медиҳад. Аз ин хотир, гуфтугӯ атрофи масоили он замони тулонӣ ва нишастҳои мудовимро талаб менамояд, дар як ё ду нишаст масоили онро ба таври бояду шояд наметавон баррасӣ намуд, балки мебояд бо тадриҷ дар чанд ҷаласа бо тавфиқи илоҳӣ ва бо дастгирӣ ва кумаки ҳамаҷонибаи дустон атрофи он гуфтӯгӯ ва мубоҳисаронӣ кард.

Мавзӯъи мавриди баҳси имрӯз баъзе анвоъи муъомилоти муъосир мебошад. Ин мавзӯъ таваҷҷӯҳи хоссеро аз уламои исломӣ талаб менамояд, зеро он як бахши умдаи зиндагии моро ташкил медиҳад. Хуб мешуд, ки эҳтимом ва тавваҷӯҳи мусалмонони садри Исломро дар мавриди муъомилаи доду гирифт ва аҳамияти он дар зиндагии як мусалмон ёдовар шавем. Бахусус, ҳазрати Умар (р), халифаи муслимин аз ҳар касе ки мехост вориди тиҷорат шавад, дархост мекард, ки саравал фиқҳи муъомилотро фаро бигирад ва баъдан ба тиҷорат машғул шавад. Ҳазрат мефармуданд:” Мо аз хавфи ин ки мубтало ба судхурӣ нашавем, аз даҳ ҳиссаи ҳалол нуҳ ҳиссаи онро тарк менамудем. (“Ал-муъомилотул-молия ал-муъосира фи зави –шариъатил-исломияҳ”.Саҳ, 175)

Ин фармудаи ҳазрати Умар (р) мисдоқи гӯфтаи Расули акрам (с) аст, ки фармудаанд: ”Чизҳои ҳалолу ҳаром возеҳу ошкоранд ва байни ин ду чизҳое аст, ки ҳукми онҳо муштабаҳ аст.” Аз гуфтаи Расули акрам (с) равшан гардид, ки чизҳои ҳалолу ҳаром маълуманд, пас вазифаи мардум дар қиболи онҳо ин аст, ки аз чизҳои ҳалол истифода намуда, аз муҳаррамот парҳез намоянд.

Вале мушкилӣ дар умуре аст, ки ҳақиқати онҳо барои аксари мардум пушида ва норавшан аст. Аз ин рӯ, бар уламои исломӣ лозим аст, ки ин умурро биёмӯзанд ва дар робита бо онҳо таҳқиқоти комилеро анҷом диҳанд, агар ҷониби ҳалол будани онҳо маълум гардид аз он истифода шавад ва агар ҷониби ҳурмати онҳо собит шуд, аз онҳо дурӣ ҷуста шавад. Агар ҳеч яке аз тарафи он тарҷеҳ пайдо накард, балки бар ҳамон ҳол қаблияш боқӣ монд, аз он ба хотири ҳифзи дин ва ба ҷиҳати воқеъ нашудан дар ҳаром канор бояд рафт.

Шукри Худо муҳаққиқини исломӣ аҳамияти онро кайҳо дарк намуда, кушиши худро дар ин маврид дареғ надошта, масулияти худро дар ҳар давру замон анҷом додаанд ва ҳоло ҳам ин корро карда истодаанд ва таҳқиқоти худро рӯи китоб овардаанд. Акнун вазифаи мо ин аст, ки заҳмати кашидаи онҳоро ба забони содда барои мардум бирасонем.

Пеш аз ворид шудан дар баҳси аслӣ муносиб аст аз баъзе анвоъи муъомилоти маъруф мухтасаран ёдовар шавем, то ки моро дар баҳси аслӣ кумак намоянд.

Анвоъи хариду фуруши маъруф

Якум. Хариду фуруши оддӣ, ки бо иҷобу қабул сурат мегирад ва харидор пулро таслим намуда, молро соҳиб мешавад.

Дуюм. Доду гирифти нася (муҳлатнок), ки харидор молро қабз намуда, пулро бошад баъдан дар муддате, ки байни ҳам мувофиқат кардаанд, пардохт мекунад.

Сеюм. Муъомалаи салам ё салаф. Сураташ ин аст, ки харидор маблағро қаблан пардохт намуда, молро баъдан дар муддати муайян қабз менамояд.

Чорум. Доду гирифт дар ашёи рибавӣ ва ё авроқи нақдӣ.

Панҷум. Муъомалаи сарф (Иваз намудани тилло ба нуқра).

Шашум. Қарз.

Хариду фуруши муҳлатнок ва анвоъи ҷадиди он

Ин навъи доду ситад дар китобҳои фиқҳӣ чунин таъриф шудааст. Шахсе молеро аз тоҷире бо нархи муайян харидорӣ намуда, маблағи онро дар муҳлате, ки байни ҳам тавофуқ намудаанд пардохт мекунад. Дар ин навъи муъомала таъйини мудат, (муҳлати пардохти пул) шарт қарор дода шудааст.

Ҳукми ин навъи муъомала

Далел бар ҷавози ин муъомала ривояти Ҳазрати Оиша (р) аст, ки мефармояд: ”Расули Худо(с) аз як яҳудӣ таъомеро бо муҳлат харидорӣ намуда, ҷавшани худро назди ӯ ба гарав гӯзошт. (Саҳеҳи Бухорӣ).

Дар ин муъомала маълум намудани муҳлати пардохти маблағ шарт аст, далелаш ояти 228 сураи Бақара аст, ки Худованд мефармояд: ”Эй муъминон агар бо якдигар ба тариқи қарз муъомала кунед то муҳлати муайяну муқарар, пас бинависед онро”.

Дар мавриди муайян намудани муҳлат ду эҳтимол вуҷуд дорад. А) Муайян намудани муҳлат ҳамзамон бо муъомала. Б) Таъйини мудат баъд аз анҷом гирифтани муъомала. Дар ҳарду сурат муъомала дуруст мешавад. Аммо ихтилоф дар ин сурат аст, ки баъди анҷоми муъомала харидор муҳлати адои маблағро муайян накунад, балки як муҳлати номаълумеро замони пардохти пул қарор диҳад. Оё ин муъомала дуруст аст ё на? дар “Ҷомеъул-фусулайн” сиҳати он нақл шудааст.

Аммо агар муҳлатро муайян накунад, балки бигуяд: “Ин колоро бо дароҳими муаҷҷал ба шумо фурухтам. Дар ин сурат муҳлати пардохтро як моҳ эътибор карда мешавад. (Раддул-муҳтор.чилди, 7, саҳ, 50)

Муъомалаи қистӣ

Ин муъомала яке аз анвоъи доду гирифти муҳлатнок аст, ки дар байни мардум густариш ёфтааст. Мардум барои бароварда намудани эҳтиёҷоташон мисли сохтани манзил ва барои харидори намудани асбобҳои нави қиматашон боло, ки ғолибан хариди онҳо бо пардохт намудани маблағи дарҳолӣ имкопазир нест, аз ин навъи муъомала истифода мекунанд. Сурати муъомала аз ин қарор аст: Мол нархгӯзорӣ шуда, фурушанда онро ба харидор таслим менамояд ва харидор пули онро дар ақсоти муайян, ки бо ҳам ба тавофуқ расидаанд, пардохт мекунад.

Дар ин навъи муъомала ғолибан қимати коло нисбат бо он нархе, ки дар бозор дорад гаронтар мебошад. Аз ин ҷиҳат суол ба вуҷуд меояд, “Оё дуруст аст молеро, ки нақдан харидорӣ мешавад, масалан қиматаш сад сомонӣ аст, агар онро нася ва ё қистӣ харидорӣ карда шавад, бо нархи гаронтар фурухта шавад?”

Ин навъи муъомаларо баъзе аз уламо ноҷоиз қарор додаанд, бо ин далел, ки он зиёдатӣ дар муқобили аҷал қарор мегирад. Аммо чаҳор имом, ҷумҳури уламо ва муҳаддисин онро ҷоиз медонанд. Бо ин шарт, ки харидор ва фурушанда ба як қарор оянд, ки муъомала нася сурат мегирад ё нақд. Аммо агар фурушанда ба харидор бигӯяд, агар қиматашро дарҳол пардохт намуди нархаш 100-сомонӣ, агар бо муҳлат пардохт намои 150-сомонӣ ва бидуни таъйин намудани яке аз ин ду аз ҳам ҷудо шаванд дар ин сурат ин муъомала норавост.

Имом Тирмизӣ (р) дар ҷомеъаш ҳадисеро аз Расули Худо, ривоят мекунад ки Расули Акарам (с) “Ду муъомала ро бо як сафқа (яъне ба як ақд) манъ намудаанд”. Аҳли илм тафсири ин ҳадисро чунин нақл намудаанд. Ҳосили гӯфтаи Имом Тирмизӣ (р) ин аст, ки иллати манъи ин навъи муъомала ба хотири тараддуди қимат дар байни ду ҳолат аст, бидуни муайян шудани яке аз ин ду ҳолат. (“Буҳусун фи қазоёл фиқҳиятил муъосира”. Саҳ 11-13 ва “Алфиқҳул ҳанафӣ фи савбиҳил-ҷадид.” Ҷилди 5, саҳ 244 - 245).

Тавсиқи дайн (вом)

Дар ин навъи муъомала баъди анҷоми он, ки қимати коло бар зиммаи харидор қарз мешавад, фурушанда барои мутмаин шудан бар адои қарз аз ҷониби харидор аз он васиқа ва ё замонати пардохти дайнро талаб мекунад.

Васиқа ё замонати пардохти дайн ду сурат дорад. Якум, гарав ва ё ба истилоҳи имруза залог. Дуюм, кафолат (замонат) ва ё ба истилоҳи рӯз гарант.

Гарав иборат аз ин аст, ки харидор аз дороии худ чизеро назди фурушанда гӯзорад, фурушанда онро назди худ то пардохт шудани ҳамаи дайн нигоҳ медорад. Вале ҳаққи истифода аз онро надорад, зеро истифода аз он яке аз шохаҳои рибо ба шумор меравад. (“Буҳусун фи қазоёл фиқҳиятил муъосира” Саҳ, 15).

Навъи дигари гарав ин аст, ки баъди анҷом гирифтани муъомала фурушанда молро назди худ ба унвони гарав нигоҳ медорад ва замоне, ки харидор дайнро комилан адо намуд, колоро аз фурушанда мегирад. Ва ин навъи гарав ду сурат дорад. Якум, харидор молро қабз нокарда назди фурушанда ба гарав мегузорад ва ин навъи гарав дар муъомалаи қистӣ дуруст нест. Зеро ин муъомиларо доду гирифти муҳлатнок мегӯянд, фурушанда ин ҳақро дар муъомалае дорад, ки он дарҳолӣ бошад. (“Фатовои ҳиндия”, китоби байъ, боби 4, ҷилди 3, саҳ. 15,).

Дуюм, харидор молро аз фурушанда қабз намуда сипас онро ба сифати гарав назди ӯ мегузорад, ин сурат назди аксари фуқаҳо дуруст аст. Марғинонӣ қавли Имом Муҳаммад (р)- ро дар китоби “Ҳидоя” чунин нақл намудаст: “Касе, ки либосеро бо чанд дирам харидорӣ кард ва ба фурушанда гуфт ин либосро назди худат нигоҳ дор, то ин ки қиматашро ба ту диҳам. Пас ҳамин либос дар ҳамин сурат назди фурушанда гарав ҳисоб мешавад.”

Шориҳи Ҳидоя онро чунин шарҳ кардааст: “Зеро либос вақто ки харидорӣ шавад ва қабз карда шавад, он либос ва дигар чизҳое, ки дар милки харидор вуҷуд дорад дар гарав мондан баробаранд.” (“Иноя шарҳи Ҳидоя, Фатҳул-қадир, ҷилди, 9, саҳ, 99).

Аз баёноти фуқаҳо чунин бармеояд, ки дар ҷавози ин навъи гарав ихтилофе нест, вақте ин гарав машрут дар салби ақд набошад (яъне фурушанда ва харидор муъомаларо машрут бар ин накунанд, ки чизе ки харида ва ё фурухта мешавад бояд ба гарав монда шавад). Аммо агар ин шарт дар замони муъомала сурат гирад дар ин маврид ихтилоф вуҷуд дорад. Ибни Қудома ин ихтилофро нақл намуда сипас мефармояд : “Дар ин масала муътаммад назди ман ҷавоз аст.”

Навъи дигари гарав - Раҳни соил ё созиҷ

Ин навъи гарав дар бисёре аз кишварҳои исломӣ мушоҳида мешавад. Сураташ ин аст, ки баъди анҷом гирифтани муомалаи нася ё қистӣ фурушанда аз харидор чизеро намегирад, балки он чизеро, ки гарав қарор додаанд назди худи харидор мемонад ва замоне, ки харидор аз адои дайн оҷиз омад, фурушанда онро барои пардохти воми худ талаб намуда ба фуруш мегузорад. Масалан харидор мошини худро барои гарав номзад мекунад, вале он дар дасти худаш мемонад ва аз он дар корҳои худ истифода мекунад. Аммо то адои дайн ҳақ надорад онро дар милкияти шахси дигар дароварад .

Суол ин аст, ки оё ин навъӣ гарав шаръан ҷоиз аст ё не? Зеро аз нигоҳи фиқҳи исломӣ дар ин навъӣ гарав ишкол вуҷуд дорад. Чунки фуқаҳо, бо истидлол аз ояи 289 сураи Бақара, қабзи гаравро барои муртаҳин шарт қарор додаанд. Ва ҷониби дигари масъала инки агарчи фуқаҳо қабзи гаравро шарти дуруст шудани он қарор додаанд, иҷоза додаанд, ки муртаҳин баъд аз қабзи гарав метавонад онро боз ба соҳибаш ба орият бидиҳад ва соҳибаш аз он истифода намояд. Ин дар сурате аст, ки фурушанда (муртаҳин) онро аввалан қабз намуда сипас ба соҳибаш (роҳин) ба орият бидиҳад. Аммо агар гаравро қабз нокарда ба соҳибаш ба орият бидиҳад оё дар ин сурат орият собит мешавад ё не? Аз зоҳири ибороти фуқаҳо бармеояд, ки дар ин сурат ҳукми орият собит намешавад, зеро барои субути орият қабзи гарав шарт аст.

Муфти Муҳаммад Тақии Усмонӣ дар ин маврид чанд мулоҳизотеро ҷиҳати таҳқиқ барои фуқаҳо пешниҳод намуда, дар охир мефармояд: “Ин мулоҳизот маро водор намуда, то бар ҷавози ин навъи гарав майл намоям. (“Буҳус фи қазоё фиқҳиятил- муъосира”.Саҳ,20-21).

Ҳукми арабун ё навъи дигари гарав

Таърифи ин навъӣ муъомала: Шахсе колоеро харидорӣ намуда, каме пул ба фурушанда дода мегӯяд, агар моли туро маъқул намудам, боқимондаи пулро пардохт мекунам, вале агар савдоямон нашуд, молро мегардонам ва маблағи пардохт шуда азони шумо бошад.

Ҳукми ин муъомала: Ҷумҳури фуқаҳо ин навъи муъомаларо бо истидлол аз ҳадиси Расули Худо (с) نهي عن بيع العربون ноҷоиз қарор додаанд. Ва дигар инки дар ин навъи муъомала ғарар (муъомалае, ки оқибаташ номаълум аст) ва хурдани мол ба ғайри иваз вуҷуд дорад. Ва инчунин дар ин навъи муъомала шартҳои фосид вуҷуд дорад; яке шарти ҳиба, дуввумӣ шарти баргардонидани мол дар сурати писанд накардан, саввумӣ чизеро барои фурушанда бидуни иваз шарт қарор додан ва чаҳорум ба манзалаи хаёри маҷҳул аст. (“Алфиқҳул исломӣ ва адиллатуҳу”, ҷилди 5. Саҳ. 3435).

Аммо Имом Аҳмад (р) ин ривоятро заъиф дониста бо истидлол аз ривояти Нофеъ ибни Ҳорис ин муъомаларо ҷоиз қарор додааст. Ривоят чунин аст: Ҳазрати Нофиъ ҳавлиеро аз Сафвон Ибни Умайя бо чаҳор ҳазор дирҳам бо ин шарт харидорӣ намуд, ки ҳазрати Умар (р) ин муъомиларо иҷозат бидиҳад. Ва агар иҷозаи муъомаларо надоданд, чаҳорсад дирҳами он ба Сафвон ибни Умайя мерасад.

Ибни Сирин ва Ибни Мусайяб (р) мефармоянд: “Агар харидор баъд аз савдо молеро писанд накард ва онро бо миқдоре пул ё чизи дигар ба соҳибаш баргардонад, боке надорад. Ибни Умар (р) ин навъи муъомаларо иҷоза додаанд. Баъзе аз уламои ҳанбалӣ дар ин маврид мефароянд: “Дар ин муъомила лозим аст, ки муддати интизор мушшахас карда шавад, зеро агар муддат муайян нашавад, фурушанда чӣ қадар мунтазир мешавад?

Ин навъи муъомала дар асри ҳозир асоси иртиботот дар муъомалаҳои тиҷоратӣ қарор гирифтааст, ки дар сурати бекор шудани муъомала ва интизор, ҷониби муқобил, ивази зарари ғайрро таъаҳҳуд медиҳад. (“Алфиқҳул исломӣ ва адилатуҳу”, ҷилди 5, саҳ. 3434).

Соҳиби “Алфиқҳул исломӣ ва адилатуҳу” мефармояд: “Назари ман дар ин маврид ин аст, ки ин навъи муъомала бо дар назар гирифтани урф ҷоиз ва ҳалол қарор дода шавад. Ва дигар инки аҳодисе, ки аз ҳарду гурӯҳ ворид шуда саҳеҳ нестанд. Ва қарори “Маҷмаъи фиқҳии исломӣ” давраи ҳаштум дар моҳи Муҳарам соли 1414- ҳиҷрӣ, ки дар Брунӣ баргузор шуд, низ ҳамин аст.”

қисми дуюм

nahzat.tj

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст