Please update your Flash Player to view content.

Охирин матолиб

Имоми шаҳиду ғариб

Имоми шаҳиду ғариб

Боз имшаб мунодии Куфа, аз имоми ғариб мехонад Гӯшаи хона духтаре танҳо, дорад "ам ман юҷиб"...

Шарҳи дуои нуздаҳум

Шарҳи дуои нуздаҳум

Шарҳи кӯтоҳи дуои рӯзи нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон بسم الله الرحمن الرحیم اللهمّ وفّرْ...

Фатҳи Макка-2

Фатҳи Макка-2

20 моҳи мубораки Рамазон: Фатҳи Макка -2Сипоҳи Ислом то минтақаи Муррузаҳрон, ки фақат чанд...

Шаҳиди адолату меҳроб

Шаҳиди адолату меҳроб

21 Рамазон (соли 40 ҳиҷрӣ қамарӣ) солрӯзи шаҳодати мазлумонаи мавлои муваҳҳидон ва имоми...

Фатҳи Макка - 1

Фатҳи Макка - 1

20 моҳи мубораки Рамазон: Фатҳи Макка Пас аз гузашти бисту ду моҳ (соли ҳаштуми ҳиҷрӣ) аз паймони...

  • Имоми шаҳиду ғариб

    Имоми шаҳиду ғариб

  • Шарҳи дуои нуздаҳум

    Шарҳи дуои нуздаҳум

  • Фатҳи Макка-2

    Фатҳи Макка-2

  • Шаҳиди адолату меҳроб

    Шаҳиди адолату меҳроб

  • Фатҳи Макка - 1

    Фатҳи Макка - 1

عن المساور الحمیری من امه قالت: دخلت ام سلمة فسمعتها تقول: کان رسول الله یقول: لا یحب علیاً منافق ولا یبغضه مؤمن»
Мусовир аз модараш нақл мекунад, ки назди Умми Салама рафтам ва шунидам, ки мегуфт: Расули Худо ҳамеша мегуфт: Алиро мунофиқ дӯст намедорад ва мӯъмин бад намебинад.
Насоӣ, китоби имон, аломати имон, ҷ.5, саҳ.2411

Маориф

мая 26, 2019

Шарҳи дуои нуздаҳум

in Қуръон ва Ҳадис by M-Farhang
Шарҳи кӯтоҳи дуои рӯзи нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон بسم الله الرحمن الرحیم اللهمّ وفّرْ فیهِ حَظّی من بَرَكاتِهِ Худоё, дар ин рӯз баҳраи маро аз баракатҳояш зиёд гардон و سَهّلْ سَبیلی الى خَیْراتِهِ ва роҳи маро ба сӯи хайрҳояш осон намо و لا تَحْرِمْنی…
мая 18, 2019 23

Хусусиёти моҳи мубораки Рамазон ва рӯза

Дар дини Ислом моҳи мубораки Рамазон ва рӯзадорӣ ҷойгоҳи хоссе дорад. Инак бархе аз…
мая 18, 2019 15

Шарҳи дуои ҳаждаҳум

Шарҳи кӯтоҳи дуои рӯзи ҳаждаҳуми моҳи мубораки Рамазонبسم الله الرحمن الرحیماللّهمّ…
мая 18, 2019 17

Моҳи Рамазон чӣ моҳест?

Худои Мутаол дар ояти 185 сураи Бақара мефармояд: شَهْرُ رَمَضَانَ اَلَّذِى أُنْزِلَ…
how to change background in joomla
Дар нуҳуми моҳи Шаввол (15 сол пеш аз паёмбарии ҳазрати Муҳаммад ва 28 сол пеш аз ҳиҷрати Расули Худо(с) ба Мадина) Абӯтолиб амӯи меҳрубони ҳазрати Муҳаммад (с) либосҳои идонаи худро пӯшид ва пешопеши Бани Ҳошим ба сӯи хонаи Амр ибни Асад амӯи Хадиҷа, ки қарор буд маросими никоҳ ва издивоҷи ҳазрати Муҳаммад бо Хадиҷа дар он ҷо баргузор шавад ба роҳ афтод. (Сираи Ҳалабӣ, ҷ.1, саҳ.213)
Баъд аз пазироӣ аввал Абӯтолиб хутбае дар ягонагии Худои Субҳон ва азамати Макка ва ҳазрати Муҳаммад (с) хонд.
Матни хутбаро чунин нақл кардаанд, ки Абӯтолиб гуфт: Сипос Худоеро, ки моро аз кишт ва маҳсули Иброҳим ва насли Исмоил гардонд ва барои мо хонаи муқаддасе бино кард, ки мақсуди ҳоҷиён ва ҳарами амн аст ва меваи ҳар чизе ба сӯи он гирд ояд ва моро дар шаҳре, ки ҳастем ҳоким бар мардум қарор дод.
الحمد لله الذی جعلنا من زرع ابراهیم و ذریة اسماعیل و جعل لنا بیتا محجوجا و حرما آمنا یجبی الیه ثمرات کل شیء و جعلنا الحکام علی الناس فی بلدنا الذی نحن فیه
Бародарзодаам Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмуталлиб марде аст, ки бо ҳеҷ як аз мардони Қурайш ҳамвазн нашавад магар ин ки аз ӯ бартар аст ва бо ҳеҷ як аз онҳо муқоиса нашавад, ҷуз ин ки бар ӯ афзун аст ва ӯ агарчӣ моли андак дорад, вале мол ҳамеша дар ҳоли дигаргунӣ ва бесуботӣ ва ҳамчун сояе рафтанӣ аст. Ӯ ба Хадиҷа рағбат ва Хадиҷа низ ба ӯ майл дорад ва маҳрияи ӯро ҳар чӣ нақдӣ ва ғайри нақдӣ бихоҳед омода аст ва Муҳаммад соҳиби мақоми бузург ва шаъне воло ва шӯҳрати азиме хоҳад буд.
ثم ان ابن اخی محمد بن عبدالله بن عبدالمطلب لا یوزن برجل من قریش الا رجح و لا یقاس باحد منهم الا اعظم منه و ان کان فی المال قل فان المال رزق حایل و ظل زایل و له فی الخدیجة رغبة و لها فیه رغبة و الصداق ما سألتم عاجله و آجله و له خطر عظیم وشأن رفیع و لسان شافع جسیم
)Алфақеҳ, ҷ.3, саҳ.397)
Пас аз хондани хутба дар бораи маҳрия сӯҳбат шуд.
Амр ибни Асад амӯи ҳазрати Хадиҷа хост дар бораи маҳрия чизе бигӯяд, ки ба лукнати забон дучор шуд ва натавонист сухан бигӯяд.
Абӯтолиб, ки назари амӯи ҳазрати Хадиҷаро фаҳмида буд рӯ ба ӯ карду гуфт: Хадиҷа ва Муҳаммад ба якдигар алоқаманд ҳастанд. Мо омадаем, ки ҳалқаи васл ва пайванди онҳо бошем ва Хадиҷаро барои Муҳаммад хостгорӣ намоем.
Баъд аз он Хадиҷа ба амӯяш гуфт: Амӯҷон, мумкин аст дар масоили дигар ихтиёри маро дошта бошед, вале ин ҷо ихтиёр бо худи ман аст. Сипас гуфт: Эй Муҳаммад, ман худамро ба ҳамсарии шумо даровардам ва маҳрияро худам аз молам медиҳам.
Абӯтолиб ба ҳозирон гуфт: Гувоҳ бошед, ки Хадиҷа Муҳаммадро ба ҳамсарии худ пазируфта ва маҳрияро низ худаш ба ӯҳда гирифт!
Абӯҷаҳл аз ҷо бархосту бо хашму кина рӯ ба ҳозирон карду гуфт: Ҷои тааҷҷуб аст, ки занон маҳрияи мардонро бар ӯҳда бигиранд!
Абӯтолиб хеле хашмгин шуд ва рӯи по истоду гуфт: Бале, агар марде мисли бародарзодаи ман бошад занон бо гаронбаҳотарин маҳрия худ ӯро мехоҳанд ва агар мисли шумо бошанд ҷуз бо маҳрияи гаронбаҳо ҳозир ба издивоҷ бо ӯ намешаванд!
Пас аз таъини маҳрия маросими никоҳ анҷом шуд ва Хадиҷа ҳамсари ҳазрати Муҳаммад гардид.
Маросими никоҳ ба поён расид. Меҳмонон бархостанд ва ба хонаи худ рафтанд. Ҳазрати Муҳаммад низ бархост то бо амӯяш Абӯтолиб ба хона биравад. Хадиҷа ки медонист ҳамсараш хонае надорад ба ҳазрат гуфт: Ба сӯи хонаи худ биё, ки хона хонаи туст ва ман канизи ту ҳастам.
Сипас рӯ ба ҳазрати Муҳаммад намуду гуфт: Эй Муҳаммад, ба амӯят Абӯтолиб бигӯ, ки даҳ шутури ҷавон қурбонӣ кунад ва мардумро ба хона даъват ва таом диҳад ва баъд аз он биё дар канори хонадонат истироҳат кун!
Ҷаноби Абӯтолиб даҳ шутур қурбонӣ кард ва мардуми Маккаро таом дод ва бо ин меҳмонӣ маросими никоҳ ва издивоҷи ҳазрати Муҳаммад бо Хадиҷа поён ёфт.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти

Ҷомеа ва хонавода

Матолиби гуногун

Дин ва мазҳаб

Таърих ва достон