Please update your Flash Player to view content.

Охирин матолиб

Нархи интернет баргашт!

Нархи интернет баргашт!

Дар чанд рӯзи ахир боло бурдани нархи интернет ва хадамоти мобилӣ сарусадои мардуми камбизоат ва...

Сабру тақво бояд!

Сабру тақво бояд!

Худои Мутаол дар ояти 48 сураи Ҳуд мефармояд: تِلْكَ مِنْ أَنْبَآءِ الْغَيْبِ نُوحِيهَآ...

Паноҳ мебарам ба ту!

Паноҳ мебарам ба ту!

Худованд дар ояти 47 сураи Ҳуд мефармояд: قَالَ رَبِّ إِنِّى أَعُوذَ بِكَ أَنْ أَسْئَلَكَ مَا...

Аз ҷоҳилон мабош!

Аз ҷоҳилон мабош!

Худои Мутаол дар ояти 46 сураи Ҳуд мефармояд: قَالَ يَنُوحُ إِنَّهُ لَيْسَ مِنْ أَهْلِكَ إِنَّهُ...

Парвардигоро, фарзандам!

Парвардигоро, фарзандам!

Худои Мутаол дар ояти 45 сураи Ҳуд мефармояд: وَنَادَى‏ نُوحٌ رَّبَّهُ فَقَالَ رَبِّ إِنَّ...

  • Нархи интернет баргашт!

    Нархи интернет баргашт!

  • Сабру тақво бояд!

    Сабру тақво бояд!

  • Паноҳ мебарам ба ту!

    Паноҳ мебарам ба ту!

  • Аз ҷоҳилон мабош!

    Аз ҷоҳилон мабош!

  • Парвардигоро, фарзандам!

    Парвардигоро, фарзандам!

Расули Худо (с) фармуд:
المهديّ منّا أهل البيت یصلحه الله فی لیلة
Маҳдӣ аз мо Аҳли байт аст ва Худо (кори) ӯро дар як шаб ислоҳ (ва фароҳам) мекунад.
Сунан Ибни Моҷа, ҷ.2, саҳ.1367, китобулфитан, бобу хурӯҷ-ил-Маҳдӣ (34), ҳадиси 4085.

Маориф

апреля 24, 2019

Сабру тақво бояд!

in Қуръон ва Ҳадис by M-Farhang
Худои Мутаол дар ояти 48 сураи Ҳуд мефармояд: تِلْكَ مِنْ أَنْبَآءِ الْغَيْبِ نُوحِيهَآ إِلَيْكَ مَا كُنتَ تَعْلَمُهَآ أَنتَ وَلَا قَوْمُكَ مِن قَبْلِ هَذَا فَاصْبِرْ إِنَّ الْعَقِبَةَ لِلْمُتَّقِينَ (Эй Паёмбар,) инҳо аз ахбори ғайбӣ аст, ки мо онҳоро ба ту…
апр 22, 2019 7

Паноҳ мебарам ба ту!

Худованд дар ояти 47 сураи Ҳуд мефармояд: قَالَ رَبِّ إِنِّى أَعُوذَ بِكَ أَنْ أَسْئَلَكَ…
апр 19, 2019 15

Аз ҷоҳилон мабош!

Худои Мутаол дар ояти 46 сураи Ҳуд мефармояд: قَالَ يَنُوحُ إِنَّهُ لَيْسَ مِنْ أَهْلِكَ…
апр 17, 2019 14

Парвардигоро, фарзандам!

Худои Мутаол дар ояти 45 сураи Ҳуд мефармояд: وَنَادَى‏ نُوحٌ رَّبَّهُ فَقَالَ رَبِّ…
how to change background in joomla

Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
الصاحب کالرقعة فی الثوب فاتخذه مشاکلا
Ҳамнишин ва дӯст монанди поргии либос аст. Пас онро ҳамшакл бигир!
Ғурарулҳикам, саҳ. 379
Ин сухан, ки ҳазор дӯст кам ва як душман бисёр аст сухани дурусте аст.
Ин сухан ҳам ки интихоби дӯст ҳунар аст ва ҳунари бузургтар нигаҳдории дӯст аст дуруст аст.
Муҳимтар аз ҳама доштани меъёр дар интихоби дӯст аст.
Равшан аст, ки ҳамнишин чӣ қадар бар фикру рафтори инсон таъсир дорад.
Гоҳе поктарин инсонҳо қурбонии ҳамнишинӣ бо дӯстони нобоб мешаванд.
Гоҳе ҳам инсонҳои хатокор ва олуда дар асари ҳамнишинӣ бо поку шоиста аз атри хушбӯи садоқату поки ва диндории онон муаттар мешаванд ва роҳи нав дар пеш мегиранд!
Интихоби ҳамнишин ва дӯст чунон таъсир дорад, ки ба поргии либосе, ки пора шуда ташбеҳ шудааст.
Оқилона он аст, ки поргиро аз ҷинсу навъ ва ранги порчае интихоб кунем, ки ба ҳам таносуб дошта бошанд ва ноҳамоҳанг набошад то боиси масхара шудани шахс нашавад.
Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз
Кабутар бо кабутар боз бо боз
Зебанда ва лоиқи як мусулмон дӯстӣ бо шахсе аст, ки лаёқати ахлоқӣ ва покиву динӣ дошта бошад.
Касе, ки ба шахсият ва диндориву покии шумо осеб мерасонад поргии номуносиб аст ва боиси бадномӣ ва беэътибории шумо мешавад!
Саъдии ширинсухан мегӯяд:
Гили хушбӯй дар ҳаммом рӯзе
Расид аз дасти маҳбубе ба дастам
Бад-ӯ гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ
Ки аз бӯи диловези ту мастам
Бигуфто: Ман гили ночиз будам
Валекин муддате бо гул нишастам
Камоли ҳамнишин бар ман асар кард
Вагарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам
Гил бо ҳамнишинӣ бо гул хушбӯё шуд, вале писари Нӯҳ(а) дар асари ҳамроҳӣ бо ҳамнишинони бад бадоқибат ва бадбахт шуд!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти

Ҷомеа ва хонавода

Матолиби гуногун

Дин ва мазҳаб

Таърих ва достон