Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармуд:
احبوا الله لما یغذوکم من نعمه و احبونی بحب الله و احبوا اهل بیتی لحبی
Худоро ба хотири ин ки бо неъматҳояш шуморо ғизо медиҳад (ва ниёзҳоятонро таъмин мекунад) дӯст бидоред ва маро ба хотири муҳаббати Худо дӯст доред ва Аҳли байти маро ба хотири ман дӯст доред!
Сунани Тирмизӣ, саҳ. 1079, боби маноқиби Аҳли байти-н-набӣ, ҳадиси 3814
Инсон нисбат ба касе, ки ба ӯ некӣ кунад, алоқаманд мешавад ва ҳар чӣ некӣ беҳтар ва бештар бошад, алоқа ба ӯ бештар аст.
Акнун бубинем чӣ касе беш аз ҳар кас ба мо лутфу муҳаббат доштааст то ӯро бишиносем ва дӯст бидорем ва бо пайрави аз ишон, ӯро ёрӣ кунем.
Баъд аз Худои меҳрубон, ки моро офарид ва неъмати саломатӣ ва илму фикр ва ақлу ҳуш ва истифода аз замину осмон ва гиёҳону ҳайвонот ва имконотро дод, ҳеҷ кас ба андозаи паёмбарон (а) ва ҷонишинони бар ҳаққи онон (а) ба мо хидмат накардаанд.
Онон ҳам ҳаққи муаллимӣ ва мураббигарӣ бар мо доранд ба хотири улуме, ки аз тарафи Худованд ба мо ёд доданд ва ҳам ҳаққи тарбият бар мо доранд. Онҳо дар ахлоқ ва сабру шуҷоат ва тақво сармашқи мо будаанд ва ҳам моро аз ояндаи худ огоҳ кардаанд.
Агар падару модар барои либос ва хӯроку пӯшок ва маскан бар мо ҳақ доранд Паёмбари Худо (с) ва Аҳли байти ӯ ба хотири ҳидояту тақво ва ахлоқ, ҳаққи бештаре доранд, чун дар хӯроку пӯшок ва маскан инсон бо ҳайвонот яксон ва баробар аст. Онҳо низ навъе хӯроку пӯшок ва маскан доранд, аммо инсон ба хотири ҳидоят ва рушду тақво бар ҳайвонот бартарӣ дорад ва ин бартариро мо аз роҳнамоии раҳбарони осмонӣ дорем.
Касоне, ки аз раҳбарони пок ҷудо ҳастанд, гарчи дар илму санъат рушд дошта бошанд, аммо рушд ва санъати онон ҳама ҷо сабаби наҷоти башар нест. Имрӯз баъзе аз кишварҳо дар санъату технология пешрафта ҳастанд, аммо бо ин васила ба дунё зӯр мегӯянд, чун аз тақво ва ахлоқ ҷудо шудаанд.
Акнун ки имтиёзи инсон бар ҳайвонот ҳидояти ӯст ва ин ҳидоятро аз раҳбарони пок дорад, пас бояд саъй кунем ононро беҳтар бишиносем ва бештар дӯст бидорем ва аз онон пайравӣ кунем.
2