Please update your Flash Player to view content.

Охирин матолиб

Ҳасодати бародар

Ҳасодати бародар

    Худои Мутаол дар ояти 27 сураи Моида мефармояд: وَ اتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ ابْنَى...

Оятуллоҳ туӣ

Оятуллоҳ туӣ

 Он чӣ чашмест, ки ҷӯяд рухи зебои туро  Чӣ тамизест, ки бинад дари маъвои туро  Чӣ машомест,...

Пешқадам дар хидмат

Пешқадам дар хидмат

Як рӯз ҷаноби Муҳсин Қироатӣ ба ман гуфт: Дар Нуфелошатуи Париж (маҳалли иқомати имом Хумайнӣ...

Муаррифии  осори Ҳамадонӣ-1

Муаррифии осори Ҳамадонӣ-1

Муқаддима Бузургон дар байни мардум ва ҷомеа монанди чароғҳои фурӯзон ва роҳнамоёне ҳастанд, ки...

Ҳамаро муттаҳам накунед!

Ҳамаро муттаҳам накунед!

Баъзе мегӯянд: Занони ҳиҷобпӯш корҳои зишт мекунанд ва аз ҳама бадтаранд! Бояд донист, ки дар...

  • Ҳасодати бародар

    Ҳасодати бародар

  • Оятуллоҳ туӣ

    Оятуллоҳ туӣ

  • Пешқадам дар хидмат

    Пешқадам дар хидмат

  • Муаррифии  осори Ҳамадонӣ-1

    Муаррифии осори Ҳамадонӣ-1

  • Ҳамаро муттаҳам накунед!

    Ҳамаро муттаҳам накунед!

 
Ҳазрати Исо(а) фармуд:
Шуморо барҳазар медорам аз нигоҳ ба номаҳрамон, чунки тухми шаҳватро дар қалби инсон мекорад ва ӯро ба ҳар фитна ва фасоди дигаре мекашонад. Биҳор, ҷ.14, саҳ.325
 

Маориф

февраля 16, 2019

Ҳасодати бародар

in Қуръон ва Ҳадис by M-Farhang
Худои Мутаол дар ояти 27 сураи Моида мефармояд: وَ اتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ ابْنَى ءَادَمَ بِالْحَقِّ إِذْ قَرَّبَا قُرْبَاناً فَتُقُبِّلَ مِنْ أَحَدِهِمَا وَ لَمْ‏يُتَقَبَّلْ مِنَ الْأَخَرِ قَالَ لَأَقْتُلَنَّكَ قَالَ إِنَّمَا يَتَقَبَّلُ اللَّهُ مِنَ…
фев 12, 2019 1

Рӯзҳои Худоро ёдоварӣ кунед!

Худои Мутаол дар ояти панҷуми сураи Иброҳим мефармояд: وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَى‏…
фев 09, 2019 11

Имони бештари мардум аз нигоҳи Ғаззолӣ

 Имом Муҳаммади Ғаззолӣ мегӯяд: Бештари мардум дар кӯдакӣ имон овардаанд ва сабаби…
фев 09, 2019 9

Равиши сухан гуфтани фарзандон

Яке аз масъалаҳое, ки дар хонаводаҳо вуҷуд дорад ин аст, ки фарзандон чигуна назари…
how to change background in joomla
Хусусиятҳои ахлоқӣ, зӯҳд ва тақвои имом Ризо(а) ба гунае буд, ки ҳатто душманони хешро низ шефта ва маҷзуби худ карда буд. Бо мардум дар ниҳояти адабу тавозӯъ ва меҳрубонӣ рафтор мекард ва ҳеҷ гоҳ худро аз мардум ҷудо наменамуд. Чанд намунаи онро пешкаши шумо менамоем то бо донистани он аз Худо тавфиқи амал бихоҳем!
Марде аз аҳолии Балх мегӯяд: "Дар сафари Хуросон бо имом Ризо(а) будам. Рӯзе дастархон паҳн карда буданд ва имом ҳамаи хидматгузорон ҳатто сиёҳонро бар он нишонд то бо онон ғизо бихӯранд. Ман ба имом арз кардам: "Фидоят шавам, беҳтар аст, ки инон бар сари дастархони ҷудогона бинишинанд." Имом фармуд: "Сокит бош, Парвардигори ҳама яке аст. Падар ва модари ҳама яке аст ва подош ҳам ба аъмол аст."
Ёсир, ходими имом Ризо(а) мегӯяд: «Имом Ризо (а) ба мо фармуда буд: "Агар болои саратон истодам (ва шуморо барои коре талабидам) ва шумо машғули ғизо хӯрдан будед барнахезед то ғизоятон тамом шавад. Ба ҳамин ҷиҳат бисёр иттифоқ меафтод, ки имом моро садо мекард ва дар посухи ӯ мегуфтанд: "Дар ҳоли ғизо хӯрдан ҳастанд." ва он гиромӣ мефармуд: "Бигузоред ғизояшон тамом шавад."»
Якбор ғарибе хидмати имом Ризо(а) расид. Салом кард ва гуфт: "Ман аз дӯстдорони шумо ва падарону аҷдодатон ҳастам. Аз ҳаҷ бозгаштаам ва харҷи роҳам тамом шуда. Агар моилед маблағе ба ман марҳамат кунед то худро ба ватанам бирасонам ва дар онҷо ба андозаи он садақа хоҳам дод, зеро ман дар шаҳри хеш фақир нестам ва инак дар сафар ниёзманд мондаам." Имом бархост ва ба ҳуҷраи дигар рафт ва аз пушти дар дасти хешро берун овард ва фармуд: "Ин дусад динорро бигир ва тӯшаи роҳ кун ва лозим нест, ки аз ҷониби ман ба андозаи он садақа диҳӣ."
Он шахс динорҳоро гирифт ва рафт. Аз имом пурсиданд: "Чаро чунин кардед, ки шуморо ҳангоми гирифтани динорҳо набинад?" Фармуд: "То шармандагии ниёз ва саволро дар ӯ набинам."
Яке аз ёрони имом Ризо (а) мегӯяд: «Рӯзе бо имом ба хонаи ишон рафтам. Ғуломони ҳазрат машғули сохмонсозӣ буданд. Имом дар миёни онҳо ғарибае дид ва пурсид: "Ин кист?" Гуфтанд: "Ба мо кӯмак мекунад ва ба ӯ дастмузд хоҳем дод." Имом фармуд: "Муздашро таъйин кардаед?" Гуфтанд: "Не, ҳар чӣ бидиҳем мепазирад." Имом барошуфт ва ба ман фармуд: "Ман борҳо ба инҳо гуфтаам, ки ҳеҷ касро наёред, магар он ки қаблан муздашро таъйин кунед ва қарордод бибандед. Касе, ки бе қарордод ва таъйини музд, коре анҷом медиҳад, агар се баробари муздашро бидиҳӣ боз гумон мекунад, ки муздашро кам додаӣ, вале агар қарордод бибандӣ ва ба миқдори муайяншуда бипардозӣ аз ту хушнуд хоҳад буд, ки тибқи қарор амал кардаӣ ва дар ин сурат агар беш аз миқдор таъйиншуда чизе ба ӯ бидиҳӣ, ҳарчанд кам ва ночиз бошад мефаҳмад, ки бештар пардохтаӣ ва сипосгузор хоҳад буд."»
Ходими ҳазрат мегӯяд: «Рӯзе хидматкорон мевае мехӯрданд. Онҳо меваро комил нахӯрда ва боқии онро дӯр рехтанд. Ҳазрати имом Ризо (а) ба онҳо фармуд: "Субҳоналлоҳ, агар шумо аз он бениёз ҳастед, онро ба касоне, ки ба он ниёз доранд бидиҳед."»

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти

Ҷомеа ва хонавода

Матолиби гуногун

Дин ва мазҳаб

Таърих ва достон