Please update your Flash Player to view content.

Охирин матолиб

Биё меҳрубони ман!

Биё меҳрубони ман!

Дилгирам аз замона биё меҳрубони ман Бар лаб расида аз ғами айём, ҷони ман Дунё маро ба банди...

Ӯ хоҳад омад!

Ӯ хоҳад омад!

Имом Маҳдӣ дар нигоҳи муфассирон Баҳси Маҳдавият дар бештари тафсирҳо омадааст. Имом Маҳдӣ...

Нишонаҳои золим чист?

Нишонаҳои золим чист?

Имом Алӣ (а) барои шинохти золим меъёри муайянеро ба пайравони хеш омӯхтанд: «للظالم من...

Хостаи шоистагон

Хостаи шоистагон

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ رَبِّ قَدْ آتَيْتَنِي مِنَ الْمُلْكِ وَعَلَّمْتَنِي مِن...

Баргузидаи бемисол

Баргузидаи бемисол

Эй баргузидае, ки набошад мисоли ту Олам мунаввар аст зи нури ҷамоли ту Эй маҳрами ҳарими...

  • Биё меҳрубони ман!

    Биё меҳрубони ман!

  • Ӯ хоҳад омад!

    Ӯ хоҳад омад!

  • Нишонаҳои золим чист?

    Нишонаҳои золим чист?

  • Хостаи шоистагон

    Хостаи шоистагон

  • Баргузидаи бемисол

    Баргузидаи бемисол

Расули Худо (с) фармуд:
المهديّ منّا أهل البيت یصلحه الله فی لیلة
Маҳдӣ аз мо Аҳли байт аст ва Худо (кори) ӯро дар як шаб ислоҳ (ва фароҳам) мекунад.
Сунан Ибни Моҷа, ҷ.2, саҳ.1367, китобулфитан, бобу хурӯҷ-ил-Маҳдӣ (34), ҳадиси 4085.

Маориф

ноября 16, 2018

Ӯ хоҳад омад!

in Дин ва Мазҳаб by M-Farhang
Имом Маҳдӣ дар нигоҳи муфассирон Баҳси Маҳдавият дар бештари тафсирҳо омадааст. Имом Маҳдӣ дувоздаҳумин аз имомони ҳидоятгар аст, ки Расули Худо(с) ба онҳо башорат додааст, ки дар охируззамон зоҳир мешавад ва заминро, ки пур аз зулму ҷавр шуда пур аз адлу дод…
нояб 16, 2018 8

Хостаи шоистагон

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ رَبِّ قَدْ آتَيْتَنِي مِنَ الْمُلْكِ وَعَلَّمْتَنِي…
нояб 13, 2018 25

Ояндаи равшан

Худои Мутаол дар бораи ояндаи ҳаққу ҳидоят мефармояд: يُرِيدُونَ لِيُطْفِئُوا نُورَ…
нояб 09, 2018 30

Чӣ касоне аз раҳмати Худо умедворанд?

Худои Мутаол дар ояти 218 сураи Бақара мефармояд: إِنَّ الَّذِينَ ءَامَنُواْ وَالَّذِينَ…
нояб 16, 2018 10

Биё меҳрубони ман!

нояб 16, 2018 15

Ӯ хоҳад омад!

нояб 16, 2018 8

Хостаи шоистагон

нояб 16, 2018 8

Охируззамон

нояб 13, 2018 22

Ҳушдори ҷиддӣ

нояб 13, 2018 25

Ояндаи равшан

how to change background in joomla

Нақд бар назарияи “ Ҷаҳонбини оянда”4

Чаро ҷаҳон вуҷуд дорад?

– Худи Ҷаҳон ба ин савол ҳеҷ вақт ҷавоб надодааст ва дар оянда низ ҷавоб намедиҳад. Чаро? Барои он ки ҳамин саволу ҷавобҳо дар ин мавзўъ ба худи Ҷаҳон вобастагӣ доранд. Аз доираи ҷаҳон берун нестанд. Вуҷуди воқеӣ ва реалии ҷаҳон ба худии худ ҷавоби ин савол аст. Ашёи ҷузъӣ ноқису нотамом буда, аввалу охир доранд. Мисолаш: растанӣ, ҳайвонот, инсонҳо. Ин савол ба ин мавҷудот муносиб аст. Чун ҳама медонанд, ки гурўҳе аз ҳайвонот чӣ тавр пайдо шуда, боз аз байн рафтаанд. Яъне аввалу охир доштаанд. Аммо ҷаҳон дар доираи вуҷуди худ аввалу охир надорад… Инсонҳо барои ҷаҳон ду истгоҳ «ихтироъ» кардаанд: Яке, азалият ва дигаре, абадият. Азал аввали замони беоѓоз асту абад охири замони беанҷом. Ҳамин ду истгоҳи инсонии «азал» ва «абад» низ нисбӣ ва ноқисанд. Наметавонанд ҳақиқати вуҷуди ҷаҳонро фаро гиранд. Саволи «Чаро?» ихтирои мо инсонҳои ноқис мебошад. Ба сабаби он ки худи мо аввалу охир (таваллуду марг) дорем, хаёл кардаем, ки Ҷаҳон ҳам мисли мо аввалу охир дорад. Агар ин саволро аз худи Ҷаҳон пурсӣ, ҷавоб медиҳад, ки: «Барои он вуҷуд дорам, ки ҳамеша дар таҳаввул ва ҳаракат мебошам. Ҳамин ҳаракату таҳаввули абадии ман сабаби вуҷуди ман аст. Агар таѓйиру таҳаввул карда наметавонистам, он гоҳ вуҷуд ҳам намедоштам». Чаро ҳаракат мекунам? Ин саволро ба элементҳои системаи даврии Менделеев бидиҳед. Ин элементҳоро собиту бетаѓйир тасаввур кардан мумкин нест. Онҳо ҳар лаҳза ба мо ин саволро ҷавоб медиҳанд, ки чаро вуҷуд доранд. Маҳз вуҷуди онҳост, ки ҷисми мо Инсонҳо ҳам аз он элементҳо ташкил ёфт, инкишоф ва тараққӣ намуда, ба зинаи инсонӣ расид.

Акнун ин ташкилаи (маҷмўаи) махсуси элементҳо, ки Инсон ном дорад, ба худ савол медиҳад, ки: Чаро Ҷаҳон вуҷуд дорад? Ин саволи Инсон дар нисбати Ҷаҳон як навъ худшиносӣ аст. Инсон ҷузъе аз Ҷаҳон аст. Худшиносӣ ҳамеша аз ҷузъ (инсони фард) оѓоз мешавад. Баъд ба дигарон ва ҷомеа густариш меёбад. Ҷавоби ин савол дар пеш аст. Инсоният роҳи тўлониеро дар пеш хоҳад дошт. Ба ин савол борҳо хоҳад баргашт. Ба ҷавоби дақиқи ин савол ноил хоҳад гардид. Барои насли мо – одамони асри XXI гузориши ин масъала ба савол басанда аст. Ифрот дар ҳама кор шоиста нест. Муҳим ин аст, ки савол дуруст ва дақиқ гузошта шавад. Пас, ҳалли ин масъаларо ба таъхир нагузорем. Ҷаҳон ин худи мо ҳастем. Чаро ки Инсон ҳам ҷузъе аз Ҷаҳон аст. Мо борҳо аз худ пурсидаем, ки: «Чаро вуҷуд дорем?» Ҷавоби ин саволи ҷузъӣ осон аст. Дар Замин шароити экологӣ созгор омадааст, ки Инсон ба вуҷуд биёяд. Ва инсон ба вуҷуд омад. Тамом. Ин масъаларо дар ҷаҳони имрўз хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ҳам медонанд.

Муҳим нигоҳ доштани Инсони зинда аст. Бояд ки дар курраи Замин Инсонҳо ҳамеша вуҷуд дошта бошанд. Дар вақти ҳозир насли Инсон ва навъи инсоният бояд ҳифз карда шавад. Дар оянда бояд Инсонҳои фард низ ба таври ҳамешагӣ вуҷуд дошта бошанд. Ҷаҳон ин кулл аст, мо Инсонҳо пораҳои ночизе аз ин Ҷаҳони Кулл ҳастем. Пас, ба саволи «Чаро Ҷаҳон вуҷуд дорад?» ҷавоби мо Инсонҳо ин аст, ки: Агар Ҷаҳон вуҷуд намедошт, на савол пайдо мешуду на саволдиҳанда. Муҳим ин аст, ки Ҷаҳон вуҷуд дорад ва вуҷуди воқеии Ҷаҳон бо худии худ ҷавоби ин савол аст. Ҷаҳон барои он вуҷуд дорад, ки нестии он имконият надошт. Агар нестии Ҷаҳон имкон медошт, дигар касе боқӣ намемонд, ки дар бораи ҳастии он чуну чаро кунад! Ҳастӣ ҳамеша аз нестӣ муҳимтар ва бартар аст. Чун Ҷаҳон ҳаст, пас вуҷуди он зарурӣ ва амри воқеъ будааст. Дар сурате ки ба нестии Ҷаҳон ниёзе вуҷуд надоштааст. Пас, вуҷуди Ҷаҳон муҳим ва арзанда аст. Яъне ниҳод ва сиришти Ҷаҳон аз элементҳое ташкил ёфтааст, ки онҳоро нобуд кардан имкон надорад. Он элементҳо объективӣ, абадӣ ва фанонопазиранд. Сабаби вуҷуди Ҷаҳон дар реалӣ ва воқеӣ будани худи Ҷаҳон аст. Чизи реалӣ чун қоида ҳамеша моддист. Чизи моддӣ табиатан абадӣ ва ҷовидонӣ аст. Пас, сабаби вуҷуди Ҷаҳон дар моддӣ будани унсурҳои таркибии Ҷаҳон аст. Унсурҳои моддие, ки фано ва нестиро қабул надоранд. Аз шакле ба шакли дигар ва аз ҳолате ба ҳолати дигар мегузаранд. Ин раванд абадулобод давом мекунад.

Аммо ҷузъҳои Ҷаҳон ҳамеша дар таѓйироти унсурӣ ва сохторӣ ҳастанд. Аз ин рў, абадият ва фанонопазирии Ҷаҳон ба ҷузъҳои он дахл надорад. Аз он ҷумла Инсон ва тамаддуни ў низ ҷузъе аз Ҷаҳон аст ва метавонад ба ин гуна таѓйиротҳо рў ба рў шавад ва ҳатто хатари аз байн рафтан низ дорад. Ин ҳақиқат бояд асоси ҷаҳоншиносии моро ташкил диҳад ва мо чораҳои илмӣ дар ҷавоби ин хатар пайдо кунем.

Нақд

Мо дар посухи ин ки ( ҷаҳон барои он вуҷуд дорад, ки нестии он имкон надошт) як суол матраҳ мекунем ва он суол ин аст, ки оё ҷаҳон мумкинул вуҷуд аст ё воҷибал вуҷуд?.

Он чи ки нестии он мумкин нест воҷибал вуҷуд аст. Аммо ҷаҳон мумкинул вуҷуд аст, зеро аҷзои он дар ҳоли таҳаввул ва ҳодис шудананд ва ҷаҳон ҳам ташкилшуда аз ҳамин аҷзо аст. Пас ҷаҳон мумкинул вуҷуд ва ҳодис аст, ки қаблан набуд Худованд онро ба вуҷуд овард.

2) Ин ки гуфтаанд: (Дар замин шароити экелюжи созгор омада аст, инсон ба вуҷуд биёяд) ҳамон тавр ки гуфтем шароит тасодуфӣ ё иттифоқӣ ба вуҷуд намеояд, балки як олим ва қодир онро ба вуҷуд меорад, ки он Худованд аст.

Ҳадафи ҷаҳон чист?

– Ҷаҳони сангу хишт бо худии худ ҳадафе надорад. Чун ҷаҳон аз элементҳои химиявӣ ва физикӣ ташкил ёфтааст. Ин элементҳо ақлу шуур надоранд ва чунин саволҳо ҳам дода наметавонанд. Ин саволҳоро Инсон медиҳад. Ҳарчанд ҷисми Инсон ҳам аз элементҳои системаи даврии Менделеев иборат аст, бо вуҷуди ин, шакли ташкилии ин элементҳо дар ҷисми Инсон тавре ҷо ба ҷо шудаанд, ки сабаби пайдоиши шуур ва ақл гардидаанд. Маҳз ҳамин ақли инсонӣ савол пеш гузоштааст, ки: Ҳадафи ҷаҳон чист? Ин савол аслан ба худи Инсон дахл дорад. Чун худи Инсон ҷузъе аз Ҷаҳон аст. Инсон як пораи фикркунандаи ин Ҷаҳони беохир аст. Агар дар Инсон маѓзи ў маркази фикр бошад, пас, дар Ҷаҳон маркази фикр маҳз худи Инсон аст. Инсон аз ҷониби Ҷаҳон ҷавоб медиҳад, ки ҳадафи Ҷаҳон иборат аз худшиносӣ мебошад. Ҷаҳон ба воситаи Инсон худро шинохт. Донист, ки Инсон ҳам аз унсурҳои физикии ҷаҳон созмон ёфтааст. Дар оянда ин Инсон боз бисёре аз муаммоҳои Ҷаҳонро ҳам барои худ ва ҳам барои Ҷаҳон ошкор менамояд. Ба ҳамин собит мегардад, ки ҳадафи Ҷаҳон худшиносии Ҷаҳон аст, ба воситаи Инсон. Ҳарчанд ки Ҷаҳони унсурҳо ва кайҳони нопайдоканор ба ҳеҷ як худшиносие аз ин қабил ниёз ва эҳтиёҷ надоранд. Ин мо, одамон, ҳастем, ки ба сабаби ноқисию мирандагии худ ин қабил саволҳоро пеш мегузорем ва ба таври нохудогоҳ мехоҳем, ки ба саволи мирандагии худ ҷавоби муносиб пайдо кунем. Лекин ҳамин ягонагии унсурии Ҷаҳон ва Инсон саволҳои моро ба домони Кайҳон низ мекашонад.

Нақд

1) Ин ҷобаҷоӣ дар дигар ҳайвонот ҳам ҳаст ( мағзу дилу ва ғ.), пас чаро сабаби пайдоиши ақл дар онҳо нашудааст. Пас маълум мешавад, ки Худованд ин ақлро ба инсон додааст на ин ки аз шароит ба вуҷуд омада бошад. Ва мағзи сар монанди зарфест, ки шароити нагоҳ доштани обро дорад на ин ки худаш об бошад ва агар зарф осиб дид ё пора шуд об дар он намеистад на ин ки обе вуҷуд надошта бошад.

2) Агар ҷаҳон ақлу шуур надорад пас ҳадаф надорад. Ва худи ҷаҳон васила қарор мегирад дар дасти шахси дигаре, ки дорои ақлу шуур аст, то бо он худро бишиносад ва он инсон аст. Монанди оина, ки инсон ба воситаи он худро мебинад. Ва ҳар ки худро шинох ҳатман Худоро мешиносад, ҳамон тавре ки Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

)من عرف نفسه فقد عرفه ربّه(

Ҳар касе ки худро шинохт бешак Худои худро мешиносад.

Худованди Карим мефармояд:

(اللَّهُالَّذِيخَلَقَسَبْعَسَمَاوَاتٍوَمِنَالْأَرْضِمِثْلَهُنَّيَتَنَزَّلُالْأَمْرُبَيْنَهُنَّلِتَعْلَمُواأَنَّاللَّهَعَلَىكُلِّشَيْءٍقَدِيرٌوَأَنَّاللَّهَقَدْأَحَاطَبِكُلِّشَيْءٍعِلْمًا).

Худованд ҳамон касест, ки ҳафт осмонро офарид ва аз заним мисли онҳоро, фармони Ӯ дар миёни онҳо ҳамеша фуруд меояд, то бидонанд Худованд бар ҳамаи чиз тавоност. Ва ин ки илми Ӯ бар ҳамаи чиз иҳота дорад.[1]

Пас чизе ки ақлу шуур надорад ҳадаф ҳам надорад, зеро ҳадаф аз мавҷуди ба вуҷуд меояд, ки олим ҳам бошад ва ҷаҳоне, ки илм надорад ба мисли хонаест, ки созандааш онро барои ҳадафи шахсии худ ё барои фарзандҳояш сохта аст.

 


[1]. сураи Талоқ ояти 12.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти

Ҷомеа ва хонавода

Матолиби гуногун

Дин ва мазҳаб

Таърих ва достон