Please update your Flash Player to view content.

Охирин матолиб

Хусусиятҳои навҷавон-1

Хусусиятҳои навҷавон-1

Марҳилаи навҷавонӣ марҳилаи бисёр муҳим барои навҷавон ва душвору дақиқ барои падару модари ӯст....

Магар амният доред?

Магар амният доред?

Худованд дар оятҳои 16-17 сураи Таборак мефармояд: ءَأَمِنتُم مَّن فِى السَّمَآءِ أَن يَخْسِفَ...

Якест

Якест

Роҳ бисёр аст, аммо мақсаду раҳбар якест Гарчи ҳафтоду ду дин дорем, пайғамбар якест Юсуфи...

Устодон ва шогирдони Ҳамадонӣ-2

Устодон ва шогирдони Ҳамадонӣ-2

3. Шайх Наҷмуддин Муҳаммад ибни Муҳаммад Вай (таваллуд 695 ҳ.қ.) аз муҳаддисон ва орифон аст....

Имонамон якест

Имонамон якест

Поён якест, панҷараи осмон якест Хуршед байни ин ҳама рангинкамон якест Мо даст додаем ба ҳам,...

  • Хусусиятҳои навҷавон-1

    Хусусиятҳои навҷавон-1

  • Магар амният доред?

    Магар амният доред?

  • Якест

    Якест

  • Устодон ва шогирдони Ҳамадонӣ-2

    Устодон ва шогирдони Ҳамадонӣ-2

  • Имонамон якест

    Имонамон якест

Ҳазрати Алӣ(к) фармуд:
إن للجسم ستة احوال الصحة و المرض و الموت و الحیاة و النوم و الیقظة و کذلک الروح فحیاتها علمها و موتها جهلها و مرضها شکها و صحتها یقینها و نومها غفلتها و یقظتها حفظها
Бадани одамӣ шаш ҳолат дорад: саломатӣ, беморӣ, марг, зиндагӣ, хоб ва бедорӣ. Ҷони инсонро низ ин шаш ҳолат аст: ҳаёти ҷон илм, маргаш ҷаҳл, беморияш шакку тардид, саломатияш яқин, хобаш ғафлат ва бедорияш ҳифзу муроқибат (аз нияту амалҳояш) аст.
Биҳор, ҷ.14, саҳ.398

Маориф

декабря 09, 2018

Магар амният доред?

in Қуръон ва Ҳадис by M-Farhang
Худованд дар оятҳои 16-17 сураи Таборак мефармояд: ءَأَمِنتُم مَّن فِى السَّمَآءِ أَن يَخْسِفَ بِكُمُ الْأَرْضَ فَإِذَا هِىَ تَمُورُ أَمْ أَمِنتُم مَّن فِى السَّمَآءِ أَن يُرْسِلَ عَلَيْكُمْ حَاصِباً فَسَتَعْلَمُونَ كَيْفَ نَذِيرِ Оё худро аз (қаҳри) касе‏,…
дек 07, 2018 5

Бозгашти ҳама ба сӯи ӯст!

Худои Мутаол дар ояти 15 сураи Таборак мефармояд: هُوَ الَّذِى جَعَلَ لَكُمُ الْأَرْضَ…
дек 04, 2018 26

Донои ошкору ниҳон

Худои Мутаол дар оятҳои 12-14 сураи Таборак мефармояд: إنَّ الَّذِينَ يَخْشَوْنَ رَبَّهُم…
дек 03, 2018 27

Ҷавоби дӯзахиён ва саранҷоми корашон

Худои Мутаол дар оятҳои 9-11 сураи Таборак мефармояд: قَالُواْ بَلَى‏ قَدْ جَآءَنَا…
how to change background in joomla

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
رَبِّ قَدْ آتَيْتَنِي مِنَ الْمُلْكِ وَعَلَّمْتَنِي مِن تَأْوِيلِ الأَحَادِيثِ فَاطِرَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ أَنتَ وَلِيِّي فِي الدُّنُيَا وَالآخِرَةِ تَوَفَّنِي مُسْلِمًا وَأَلْحِقْنِي بِالصَّالِحِينَ
Раббӣ қад отайтанӣ минал мулки ва алламтанӣ мин таъвилил аҳодиси фотирас самовоти вал арзи анта валийӣ фид дунё вал охирати таваффанӣ муслиман ва алҳиқнӣ бис солиҳин
Парвардигоро, ту маро баҳрае аз ҳукумат додӣ ва аз таъбири хобҳо ба ман омухтӣ. Эй падидоварандаи осмонҳо ва замин! Танҳо ту дар охират мавлои ман ҳастӣ. Маро таслими худ бимирон ва маро ба шоистагон мулҳақ бигардон!Юсуф/101
Бидодӣ маро иззату салтанат
Маро илми руъё бишуд марҳамат
Туӣ холиқи осмону замин
Зи ту ҳаст мулки ясору ямин
Валинеъмати ман туӣ Кирдигор
Ба дунёи фонию дорул қарор
Мусулмон бимирон маро эй Худо
Ту бо солеҳон ҳамнишинам намо
Паёмҳо
1. Додани ҳукумат аз вижагиҳои рубубияти илоҳӣ аст. رَبِّ قَدْ آتَيْتَنِي مِنَ الْمُلْكِ
2. Ҳукуматро натиҷаи фикр, мол, қудрат, ёр ва тарҳи худ надонем, балки хости Худованд омили аслии он аст. آتَيْتَنِي
3. Ончи Худо ба некон бидиҳад ё аз онон бигирад барои тарбияти онон аст. رَبِّ قَدْ آتَيْتَنِي، رَبِّ السِّجْنُ أَحَبُّ
Ҳукумат ҳаққи донишмандон аст на бесаводон. عَلَّمْتَنِي ...آتَيْتَنِي ‏
Дониши Юсуф(а) василаи ҳокимияти ӯ шуд.
4. Дар ҳар мавқеият ва ҳоле худро ба Худо бисупоред. أَنْتَ وَلِيِّي فِي الدُّنْيا وَ الْآخِرَةِ
5. Қудрат ва ҳукумат ва сиёсат заминаи берун рафтан аз дин аст, магар инки Худованд лутф кунад. تَوَفَّنِي مُسْلِماً
6. Бандагони Худо дар авҷи иззат ва қудрат ба ёди марг ва қиёмат ва саранҷоми кори худ ҳастанд. تَوَفَّنِي مُسْلِماً وَ أَلْحِقْنِي بِالصَّالِحِينَ
7. Азамати Худованд танҳо ба хотири неъматҳое, ки ба мо арзонӣ дошта нест, балки ӯ ба вуҷудоварандаи кулли ҳастӣ аст. فاطِرَ السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ
8. Ҳусни оқибат ва пойдорӣ дар кори хайр муҳимтар аз шуруъи он аст. Анбиё(а) барои ҳусни оқибат дуо мекарданд تَوَفَّنِي مُسْلِماً яъне маро таслими худ то марг пойдор бидор.
9. Дар дуо аввал аз неъматҳои Худо ёд кунед رَبِّ قَدْ آتَيْتَنِي баъд дархости худро баён кунед. تَوَفَّنِي مُسْلِماً
10. Чун ба қудрат расидед муноҷоти бо Худоро аз ёд набароред. رَبِّ قَدْ آتَيْتَنِي
11. Илму дониш дар ҳукумронии дуруст ва одилона нақши муҳимме дорад. آتَيْتَنِي مِنَ الْمُلْكِ وَ عَلَّمْتَنِي
12. Дар дуоҳо ва муноҷотҳо фақат ба фикри дунё ва масоили моддӣ набошед. فِي الدُّنْيا وَ الْآخِرَةِ
13. Қудрат ва илми инсон ночиз, مِنَ الْمُلْكِ، مِنْ تَأْوِيلِ الْأَحادِيثِ... аммо ҳукумати Худованд бар ҳамаи ҳастӣ аст. فاطِرَ السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ
14. Худое, ки холиқи осмонҳо ва замин аст метавонад, касеро аз миёни тамоми сахтиҳо наҷот дода ва ӯро ба болотарини дараҷаҳо бирасонад. رَبِّ قَدْ آتَيْتَنِي مِنَ الْمُلْكِ... فاطِرَ السَّماواتِ...
15. Ба имони имрӯзаи худ мағрур нашавем. Ҳифзи имон, то охир муҳим аст. تَوَفَّنِي مُسْلِماً
16. Ниҳояти имон таслим дар баробари Худованд будан аст. تَوَفَّنِي مُسْلِماً
17. Оқибати некӯ беҳтарин неъмате аст, ки Худованд ба бандагонаш ато мекунад. تَوَفَّنِي مُسْلِماً
18. Ҳеҷ подшоҳе, то абад намемонад. تَوَفَّنِي مُسْلِماً
19. Боимон мурдан ва дар зумраи солеҳон қарор гирифтан орзуи бандагони пок аст. تَوَفَّنِي مُسْلِماً وَ أَلْحِقْنِي بِالصَّالِحِينَ
20. Инсонҳои вораста ҳукуматро барои хидмат ва салоҳ мехоҳанд. أَلْحِقْنِي بِالصَّالِحِينَ
21. Солеҳон дар охират болотарин мақомро доранд. أَلْحِقْنِي بِالصَّالِحِينَ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти

Ҷомеа ва хонавода

Матолиби гуногун

Дин ва мазҳаб

Таърих ва достон