Please update your Flash Player to view content.

Охирин матолиб

Хеле аҳли назму диққат!

Хеле аҳли назму диққат!

Хонум Хадиҷаи Сақафӣ мегӯяд: Ман аз ишон (имом Хумайнӣ) хеле розӣ ҳастам. Ҳамеша маро эҳтиром...

Посдори гавҳари покӣ

Посдори гавҳари покӣ

Бо ҳиҷобат посдори гавҳари ҷон бошҲурмату арзиши занро ту нигаҳбон бошБо ҳиҷобат душмани дуни ту...

Ҳиҷобам ифтихорам!

Ҳиҷобам ифтихорам!

Мехоҳам аз ҳиҷобам бигӯям. Мехоҳам гӯши шунаво дошта бошиву сухани маро бишнавӣ ва дар он фикр...

Бархезед, эй шаҳидони роҳи Худо!

Бархезед, эй шаҳидони роҳи Худо!

Бар асари қиёми мардуми мусулмони Эрон 16 январи 1979 шоҳи золими Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ аз...

Вазифаи мӯъминон чист?

Вазифаи мӯъминон чист?

Худои Мутаол дар сураи Муҳаммад, ояти 7 мефармояд: يا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنُوا إِنْ تَنْصُرُوا...

  • Хеле аҳли назму диққат!

    Хеле аҳли назму диққат!

  • Посдори гавҳари покӣ

    Посдори гавҳари покӣ

  • Ҳиҷобам ифтихорам!

    Ҳиҷобам ифтихорам!

  • Бархезед, эй шаҳидони роҳи Худо!

    Бархезед, эй шаҳидони роҳи Худо!

  • Вазифаи мӯъминон чист?

    Вазифаи мӯъминон чист?

Худои Мутаол мефармояд:
يا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنُوا إِنْ تَنْصُرُوا اللَّهَ يَنْصُرْکُمْ وَ يُثَبِّتْ أَقْدامَکُمْ
Эй касоне, ки имон овардаед, агар (дин ва Расули) Худоро ёрӣ кунед , шуморо ёрӣ мекунад ва қадамҳоятонро устувор медорад.
Сураи Муҳаммад, ояти 7

Маориф

января 20, 2019

Вазифаи мӯъминон чист?

in Қуръон ва Ҳадис by M-Farhang
Худои Мутаол дар сураи Муҳаммад, ояти 7 мефармояд: يا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنُوا إِنْ تَنْصُرُوا اللَّهَ يَنْصُرْکُمْ وَ يُثَبِّتْ أَقْدامَکُمْ Эй касоне, ки имон овардаед, агар (дин ва Расули) Худоро ёрӣ кунед , шуморо ёрӣ мекунад ва қадамҳоятонро устувор…
янв 15, 2019 22

Либос ва пӯшиш

Худои Мутаол дар бораи пӯшиш ва сифатҳои либос мефармояд: يا بَني‏ آدَمَ قَدْ أَنْزَلْنا…
янв 15, 2019 11

Ҳушёр бошед!

Худои Мутаол ба Паёмбари Аъзам(с) ва ҳамаи мӯъминону мусулмонон ҳушдори ҷиддӣ медиҳад ва…
янв 14, 2019 14

Оё мо ингуна ҳастем?

Худои Мутаол дар ояти 68 сураи Оли Имрон мефармояд: إِنَّ أَوْلَى الْنَّاسِ بِإِبْرَهِيمَ…
how to change background in joomla
Худои Мутаол дар оёти 29-36 сураи муборакаи Мутаффифин мефармояд:
إِنَّ الَّذِينَ أَجْرَمُواْ كَانُواْ مِنَ الَّذِينَ آمَنُواْ يَضْحَكُونَ وَ إِذَا مَرُّواْ بِهِمْ يَتَغَامَزُونَ وَإِذَا انقَلَبُواْ إِلَى‏ أَهْلِهِمُ انقَلَبُواْ فَكِهِينَ وَإِذَا رَأَوْهُمْ قَالُواْ إِنَّ هَؤُلَا ءِ لَضَآلُّونَ وَمَآ أُرْسِلُواْ عَلَيْهِمْ حَافِظِينَ فَالْيَوْمَ الَّذِينَ آمَنُواْ مِنَ الْكُفَّارِ يَضْحَكُونَ عَلَى الْأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ هَلْ ثُوِّبَ الْكُفَّارُ مَا كَانُواْ يَفْعَلُونَ‏
Дар ҳақиқат муҷримон ҳамеша ба аҳли имон ме‏хандиданд. Ва ҳар гоҳ аз канорашон мегузаштанд, (бо тамасхур) бо чашму абрӯ ба якдигар ишора мекарданд. Ва ҳар гоҳ ба сӯи аҳли худашон (ва ҳамфикрони мунҳарифашон) барме‏гаштанд, (шодмон аз тамасхур) танзгуна ва базла‏гӯён бозме‏гаштанд. Ва ҳар гоҳ аҳли имонро ме‏диданд, мегуфтанд: Шакке нест, ки онон ҳамон гумроҳонанд. Дар ҳоле ки онон, вазифаи нигаҳбонӣ бар мӯъминонро надоштанд. Пас имрӯз аҳли имон бар ин кофирон ме‏ханданд. Дар ҳоле ки бар тахт‏ҳои биҳиштӣ назора‏гаранд. Ки оё кофирон кайфари амалкарди худро дидаанд?
Биёмӯзем
1. Масъала ҷиддӣ аст ва онро ҷиддӣ бигиред.
2. Гунаҳкорон дар дунё талабкор ҳастанд.
3. Мӯъминон бояд омодаи бархурдҳои норавои гунаҳкорон ва муҷримон бошанд.
4. Ханда, ғамза, нешу нӯш‏ҳои гунаҳкорон шуморо дилсард накунад, зеро худи онон муҷрим ҳастанд.
5. Тамасхур ва таҳқири мӯъминон шеваи деринаи муҷримон аст.
6. Муҷрим ба гуноҳи худ қонеъ нест, балки саъй мекунад бо ханда ва масхара мӯъминони покро таҳқир кунад ва ба онон зарбаи рӯҳӣ занад.
7. Сохтани танз ва ҳаҷв барои масхараи мӯъминон аз шева‏ҳои муҷримон аст.
8. Исрор бар гуноҳ дид ва доварии инсонро тағйир ме‏диҳад. Ҷолиб аст, ки муҷримон мӯъминонро гумроҳ ме‏пиндоранд.
9. Муҷримон бо қотеият мӯъминонро таҳқир мекунанд ва тӯҳмат мезананд, вале бидонед, ки дар ояндаи наздик пушаймон хоҳанд шуд.
10. Гунаҳ‏пешагон лаёқати қазоват ва изҳори назар дар бораи мӯъминонро надоранд.
11. Мӯъминон набояд умеди хайр мухолифонро дошта бошанд.
12. Муҷримон ба аҳлу ҳизби худ менозанд ва барои мӯъминон ҳаҷв месозанд ва ба шодмонӣ мепардозанд.
13. Гӯё муҷримон худро хуҷаини мӯъминон ме‏донанд, вале Худо онро рад мекунад.
14. Имон бо ҷурм созгор нест.
15. Мӯъминон дар қиёмат омили ранҷи рӯҳии муҷримон ҳастанд, зеро дар онҷо мӯъминон низ ба онон хоҳанд хандид.
16. Кайфар дар қиёмат бо гуноҳ дар дунё таносуб дорад. Кайфари ханда‏ҳои тамасхуромез дар дунё, мавриди ханда қарор гирифтан дар охират аст.
17. Кайфарҳои қиёмат бозтоби аъмоли худи инсон аст.
18. Сифатҳои гунаҳкоронро бишиносед ва аз он дурӣ кунед, то ба сарнавишти онҳо дучор нашавед.
19. Азоби абадӣ барои муҷримон айни адолат аст, чун ҳар чӣ ба онҳо Худо фурсат бар ҷурми хеш афзуданд ва ҳар чӣ мемонданд ба ҳамин роҳ идома медоданд. Гуноҳ ва рӯҳи доимии гуноҳ азоби доимиро дар пай дорад.
20. Муҷримон бо мӯъминон дар як ҷомеа зиндагӣ доранд.
21. Иллати ин ҳама озори мӯъминон имон ба Худо ва диндории онҳост, ҳарчанд муҷримон дар зоҳир онҳоро ба унвонҳои дигар муттаҳам мекунанд.
22. Ба амалкард ва гуфтори афрод диққат кунед, то муҷримро аз мӯъмин бишиносед.
23. Оқибат ва ҳақиқати муҷримони мӯъминозор куфр аст.
24. Ҳамаи ин ҷурму ҷиноят домангири худашон мешавад.
25. Рӯзе ҳаст, ки мӯъминон комёб ва муҷримон ноком мешаванд ва сафҳа бармегардад.
26. Мӯъминон рӯзи равшан ва комёбӣ пеши рӯ доранд ва ҳаргиз ноумед намешаванд, вале муҷримон дар дунё оромиш ва дар охират осоиш надоранд.
27. Сахтиҳои дунё ҳар чӣ қадар бошад гузаро аст, вале гирифторӣ ва сахтии қиёмат абадӣ аст.
28. Ҳамеша ду ҷараён дар ҳоли бархурд аст: муҷрим ва мӯъмин
29. Касе, ки ҳамеша ба мӯъминон механдад, вақте аз канорашон мегузарад чашмпаронӣ мекунад, вақте ба аҳлу ҳизбаш бармегардад мӯъминонро ҳаҷв мекунад ва вақте онҳоро мебинад бо ҷиддият онҳоро гумроҳ мегӯяд муҷрим ва кофир аст ва аз ӯ бояд дурӣ ва изҳори безорӣ кард.
30. Рӯзе ҳаст, ки муҷримони рӯи тахт ба азоби сахт гирифтор мешаванд ва мӯъминон, ки шоиста неъмат буданд бар тахт менишинанд.
31. Дар амал ва гуфтори худ дар дунёи зудгузар бияндешем ва бидонем, ки ҳар чӣ бикорем ҳамонро дарав хоҳем кард.
32. Худо пушту паноҳи мӯъминон аст ва подоши онҳоро комил хоҳад дод ва муҷримонро ба сазои амалашон мерасонад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти

Ҷомеа ва хонавода

Матолиби гуногун

Дин ва мазҳаб

Таърих ва достон