Please update your Flash Player to view content.

Охирин матолиб

Аҳамияти интихоби дӯст!

Аҳамияти интихоби дӯст!

Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд: الصاحب کالرقعة فی الثوب فاتخذه مشاکلا Ҳамнишин ва...

Ғарқи азо

Ғарқи азо

 Замину осмон ғарқи азоянд Ба ёди куштагони Карбалоянд Бигирйед, эй мусулмонон, бигирйед Ки...

Қадри охират!

Қадри охират!

Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд: کیف یزهد فی الدنیا من لا یعرف قدر الآخرة Чигуна дар...

Ғамхона шуд

Ғамхона шуд

Лаҳзаи мушкил чу дидам ошно бегона шудХонаи шоҳонаи ман дар даме вайрона шудҲар чӣ аз меҳру вафо...

Ошноӣ бо Аҳли байти Паёмбари Аъзам (с)

Ошноӣ бо Аҳли байти Паёмбари Аъзам (с)

Ҳамонгуна ки китоб ва муаллим ҳар ду лозиманд Қуръон ва имом низ ҳар ду лозиманд. Дар Саҳеҳ...

  • Аҳамияти интихоби дӯст!

    Аҳамияти интихоби дӯст!

  • Ғарқи азо

    Ғарқи азо

  • Қадри охират!

    Қадри охират!

  • Ғамхона шуд

    Ғамхона шуд

  • Ошноӣ бо Аҳли байти Паёмбари Аъзам (с)

    Ошноӣ бо Аҳли байти Паёмбари Аъзам (с)

Имом Ҳусейн ибни Алӣ (а) фармуд:
Ба ҷони худам савганд, ки имому пешво касе нест, ҷуз он кас, ки мутобиқи китоби Худо ҳукм биронад ва ба адлу қист ба по хезад ва ба дини ҳақ пойбанд бошад ва худро ба ончи, ки Худованд гуфта ва дастур дода пойбанд намояд.
Шаҳидӣ, Қиёми имом Ҳусайн(а), саҳ.114

Маориф

октября 12, 2018

Ошноӣ бо Аҳли байти Паёмбари Аъзам (с)

in Дин ва Мазҳаб by M-Farhang
Ҳамонгуна ки китоб ва муаллим ҳар ду лозиманд Қуръон ва имом низ ҳар ду лозиманд. Дар Саҳеҳ Муслим Паёмбари Аъзам (с) фармуд: 36 – (2408)... و انا تارک فیکم ثقلین: اولهما کتاب الله فیه الهدی و النور فخذوا بکتاب الله و استمسکوا به فحث علی کتاب الله و رغب فیه…
окт 12, 2018 11

Эй мӯъминон бишитобед!

Худои Мутаол дар ояти 9 сураи муборакаи Ҷумъа мефармояд: يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ…
окт 02, 2018 40

Дӯст доштани Паёмбари Аъзам(с) ва Аҳли байт (а)

Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармуд: احبوا الله لما یغذوکم من نعمه و احبونی بحب الله و…
сен 25, 2018 36

Равшангарии имом Ҳусейн

Имом Ҳусейн (а) дар роҳ хитобаи бисёр хонд ва мардумро мавъиза кард ва ба онон дар бора…
how to change background in joomla

Худои Мутаол дар ояти 8 ва 9 сураи Талоқ мефармояд:
وَكَأَيِّن مِّن قَرْيَةٍ عَتَتْ عَنْ أَمْرِ رَبِّهَا وَرُسُلِهِ فَحَاسَبْنَاهَا حِسَاباً شَدِيداً وَعَذَّبْنَاهَا عَذَاباً نُّكْراً فَذَاقَتْ وَبَالَ أَمْرِهَا وَكَانَ عَاقِبَةُ أَمْرِهَا خُسْراً
Ва чӣ бисёр аҳли минтақаҳое, ки аз фармони Парвардигори худ ва фиристодагонаш сар боз заданд, пас мо сахт ба ҳисоби онон расидем ва ба азоби ношинохта азобашон кардем! Пас онон самараи талхи кори худро чашиданд ва саранҷоми корашон хасорат ва зиён буд.
Бидонем
«Қаря» ба маънои маҳалли ҷамъ шудани мардум барои зиндагӣ аст, хоҳ шаҳр бошад ё деҳа. "Атав" ба маънои сарпечӣ аст. «Вабол» ба маънои шиддат ва сангинӣ аст ва мақсад азоби сахт аст.
Дар оёти гузашта дастуроте дар бораи ҳуқуқи зан ва фарзанд ҳатто дар айёми ҷудоӣ баён шуд. Ин оят ме‏фармояд: Амал ба дастуротро ҷиддӣ бигиред, ки сарпечӣ аз фармони Худо ва Расули Худо ҳисоб ва азоби сахт дар пай дорад. Намуна‏ҳои бисёре дар таърих вуҷуд дорад.
Биёмӯзем
1. Сарнавишти гузаштагон оинаи ибрати ояндагон аст.
2. Азобшудаҳо каме нестанд ибратгир кам аст.
3. Қонуни Худованд бар кайфари сахти касоне аст, ки аз фармони Худо ва Расули Худо сарпечӣ мекунанд.
4. Парвардигор шуморо дӯст дорад ва мехоҳад шуморо дуруст тарбият кунад ва ба саодат бирасонад, бин бар ин сарнавишти нофармонҳо ва саранҷоми зиёнбори онҳоро бароятон мегӯяд то шумо он роҳро наравед.
5. Сарпечӣ аз фармони анбиё(а) нофармонии Худост.
6. Ҳамаи ҳастӣ дар чанги Худост. Ӯ ба ҳисобу китоби ҳама сари вақт ва ба ҳақ мерасад.
7. Ҳеҷ кас наметавонад аз азоб ва муҷозоти Худо бигурезад.
8. Азобҳои Худо ношинохта аст. Қудратмандону сарватмандони мағруру мутакаббир ва нофармон фикр накунанд, ки Худо бо онҳо коре надорад. Онҳо намедонанд, ки кай ва чигуна муҷозот мешаванд.
9. Азоби дунё ҳарчӣ қадар сахт бошад дар муқоиса бо азоби қиёмат ба андозаи чашидан аст.
10. Саранҷоми сарпечӣ аз фармони Худо ва Расули Худо хасорат ва зиён аст.
11. Ба комёби‏ҳои зудгузар наяндешем ва мағрур нашавем, балки поёни корро дар назар бигирем ва оқилона иқдом кунем.
12. Чаро ба ихтиёри худ фурсатро барои зиён дидан ва бадбахтӣ сипарӣ мекунед?
13. Охирбин будан муҳим ас вагарна ҳайвонҳо ҳам охурбин ҳастанд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти

Ҷомеа ва хонавода

Матолиби гуногун

Дин ва мазҳаб

Таърих ва достон