Please update your Flash Player to view content.

Охирин матолиб

Ҷони падар!

Ҷони падар!

Баъд аз сари ман гиря макун, ҷони падар!Мардона бимон бар сари паймони падар!Бар модари худ...

Воқеъбинӣ

Воқеъбинӣ

Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд: من طلب صدیق صدق وفیا طلب ما لا یوجد Ғурарулҳикам,...

Аҳамияти интихоби дӯст!

Аҳамияти интихоби дӯст!

Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд: الصاحب کالرقعة فی الثوب فاتخذه مشاکلا Ҳамнишин ва...

Ғарқи азо

Ғарқи азо

 Замину осмон ғарқи азоянд Ба ёди куштагони Карбалоянд Бигирйед, эй мусулмонон, бигирйед Ки...

Қадри охират!

Қадри охират!

Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд: کیف یزهد فی الدنیا من لا یعرف قدر الآخرة Чигуна дар...

  • Ҷони падар!

    Ҷони падар!

  • Воқеъбинӣ

    Воқеъбинӣ

  • Аҳамияти интихоби дӯст!

    Аҳамияти интихоби дӯст!

  • Ғарқи азо

    Ғарқи азо

  • Қадри охират!

    Қадри охират!

Паёмбари Аъзам (с) фармуд:
العقل نور فی القلب یفرق به بین الحق و الباطل
Ақл нуре дар қалб аст, ки бо он ҳақ аз ботил ҷудо мешавад.
Иршодулқулуб, ҷ.1, саҳ.215

Маориф

октября 12, 2018

Ошноӣ бо Аҳли байти Паёмбари Аъзам (с)

in Дин ва Мазҳаб by M-Farhang
Ҳамонгуна ки китоб ва муаллим ҳар ду лозиманд Қуръон ва имом низ ҳар ду лозиманд. Дар Саҳеҳ Муслим Паёмбари Аъзам (с) фармуд: 36 – (2408)... و انا تارک فیکم ثقلین: اولهما کتاب الله فیه الهدی و النور فخذوا بکتاب الله و استمسکوا به فحث علی کتاب الله و رغب فیه…
окт 12, 2018 18

Эй мӯъминон бишитобед!

Худои Мутаол дар ояти 9 сураи муборакаи Ҷумъа мефармояд: يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ…
окт 02, 2018 51

Дӯст доштани Паёмбари Аъзам(с) ва Аҳли байт (а)

Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармуд: احبوا الله لما یغذوکم من نعمه و احبونی بحب الله و…
сен 25, 2018 47

Равшангарии имом Ҳусейн

Имом Ҳусейн (а) дар роҳ хитобаи бисёр хонд ва мардумро мавъиза кард ва ба онон дар бора…
окт 20, 2018 5

Ҷони падар!

окт 20, 2018 1

Ҷойгоҳи ақл

окт 20, 2018 1

Воқеъбинӣ

окт 13, 2018 29

Ғарқи азо

окт 12, 2018 28

Қадри охират!

окт 12, 2018 23

Ғамхона шуд

окт 12, 2018 18

Моҳи мунирам!

how to change background in joomla

Худои Мутаол дар ояти 4 сураи Талоқ мефармояд:
وَالاَّئِى يَئِسْنَ مِنَ الْمَحِيضِ مِن نِّسَآئِكُمْ إِنِ ارْتَبْتُمْ فَعِدَّتُهُنَّ ثَلاَثَةُ أَشْهُرٍ وَالاَّئِى لَمْ يَحِضْنَ وَأُوْلاَتُ الْأَحْمَالِ أَجَلُهُنَّ أَن يَضَعْنَ حَمْلَهُنَّ وَمَن يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَل لَّهُ مِنْ أَمْرِهِ يُسْراً
Ва заноне, ки аз одати моҳона маъюсанд, (ва қасди талоқи ононро доред,) агар дар вазъи онон шак кунед пас иддаи онон се моҳ аст. Ва ҳамчунин аст ҳукми заноне, ки ҳайз надидаанд (бо он ки дар синни ҳайз ҳастанд). Ва поёни иддаи занони бордор вазъи ҳамли онон аст. Ва ҳар кас аз Худо тақво кунад, Худованд кори ӯро осон мекунад.
Бидонем
Ба дунболи баёни аҳкоми талоқ дар оёти пешин, ин оят ме‏фармояд: Заноне, ки ба далел синни боло ё беморӣ, одати моҳона надоранд, бояд се моҳи комил идда нигаҳ доранд ва занони бордор бояд то замон таваллуди фарзанд сабр кунанд. Сипас ме‏тавонанд бо марди дигаре издивоҷ кунанд.
Дар Қуръони Карим барои тақво чанд таъбир омадааст:
1. тақво нур аст Ҳадид/28.)
2. тақво василаи шинохти дуруст аз нодуруст, роҳ аз чоҳ ва бероҳ аст (Анфол/29)
3. тақво василаи берун рафтан аз мушкилот ва гирифториҳост (Талоқ/2)
4. тақво сабаби осон шудани корҳост (Талоқ/4)
5. Тақво сабаби баҳрамандӣ аз ризқе мешавад, ки ба гумон набуд.
Шояд ин таъбирҳо ишора ба сайри табиӣ дорад, зеро барои инсони ботақво аввал нур пайдо ме‏шавад, ки бо он ҳақро аз ботил ва дурустро аз нодуруст мешиносад ва он гоҳ метавонад роҳи берун шудан аз мушкилотро пайдо ‏кунад ва тасмимгирӣ, пойдорӣ ва таҳаммули сахтиҳо барояш осон мешавад.
Биёмӯзем
1. Аҳкоми Худованд бар асоси шароити гуногуни инсон‏ҳо фарқ ме‏кунад. Занони ҳомила ва ёиса ҳукм хос доранд.
2. Дин ба ҳамаи масоил дар ҳамаи шароит диққат ва барнома дорад ва ҳама чизро танзим кардааст. Мушкил ин аст, ки мо ё намедонем ё намехоҳем иҷро ва амал кунем.
3. Дар масъалаи талоқ ба ҳуқуқ ва шароити зан диққати хос кунед, то ба ӯ зулм нашавад.
4. Дини фитрӣ меъёрҳои фитрӣ, табиӣ ва ҳама ҷоӣ дорад. Замонбанди‏ҳо ва андоза‏гири‏ҳои аҳкоми Худо бар меҳвари масоили табиӣ аст. Се моҳ идда бинад ё таваллуди фарзанд.
5. Фарзанд эҳтиром ва ҳуқуқ дорад ва зани бордор наме‏тавонад ба издивоҷи дигарӣ дарояд.
6. Дар масоили хонаводагӣ ва риояти ҳуқуқ ҳамсар ба хусус дар шароити талоқ ва ҷудоӣ ба тақвои зиёд ниёз аст.
7. Бисёре аз гиреҳ‏ҳои зиндагӣ ба хотири бетақвоӣ аст. Бояд бидонем, ки бахше аз мушкилоти афроди ботақво ба хотири ибтило ва озмоиш аст.
8. Тақвои Худо гиреҳкушо аст.
9. Барои афроди ботақво таҳаммули сахти‏ҳо осон аст, чун тақво зарфияти инсонро боло ме‏барад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти

Ҷомеа ва хонавода

Матолиби гуногун

Дин ва мазҳаб

Таърих ва достон