Худои Субҳон дар ояти якуми сураи Тағобун мефармояд:
يُسَبِّحُ لِلَّهِ مَا فِى السَّمَوَاتِ وَمَا فِى الْأَرْضِ لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ وَهُوَ عَلَى‏ كُلِّ شَىْ‏ءٍ قَدِيرٌ
Он чӣ дар осмон‏ҳо ва он чӣ дар замин аст, барои Худо тасбеҳ ме‏гӯянд. Фармонравоӣ махсуси ӯ ва ситоиш низ хосси ӯст ва ӯ бар ҳама чиз тавоност.
Бидонем
Ҳокимони дунявӣ барои касб ва ҳифзи қудрати худ зулму ҷиноят мекунанд, вале Худои Субҳон фармонравое аст, ки ҳамаи ҳастӣ ӯро аз ҳар айбе пок медонад ва заррае зулме намекунад.
Ҳамду ситоиш ҳаққи касе аст, ки айб ва камбудӣ надошта бошад, аз ин рӯ аввал тасбеҳи Худованд ва баъд ситоиши ӯ омадааст. Дар намоз низ тасбеҳ ва ҳамд дар рукӯъ ва суҷуд бо ҳам ҳастанд.
Биёмӯзем
1. Тамоми мавҷудот навъе шуур доранд ва мувофиқи он Худоро тасбеҳ мегӯянд. Хоҳӣ нашавӣ расво ҳамранги ҷамоати ҳастӣ шав!
2. Тасбеҳи мавҷудот доимӣ аст.
3. Корҳои Худованд айбу камбудӣ надорад. Агар чизе ба назари мо айб ва камбудӣ омад бояд Худоро аз он пок бидонем. Далели он илму огоҳии андаки мо ҳаст.
4. Тасбеҳ, фармонравоӣ, ситоиш ва қудрати бар ҳама чиз шоиста ва шаъни Худои Субҳон аст.
5. Ҳукумати Худованд фарогир ва ҳақиқӣ аст ва ҳеҷ маҳдудияте надорад. Дар мулк ва ҳукумати Худо бояд барномаи ӯро амал кунем то ризои ӯро ба даст оварем. Фиръавнҳо худро молик медонанд ва дар муқобили Худо меистанд. Албатта сарнавишт ва саранҷоми Фиръавн бояд ибрати инсонҳои туғёнгар ва мустакбир бошад.
6. Дар дунё бисёре аз афродеро, ки ҳукумат ва қудрат доранд, танқид мекунанд, вале Худованд ҳукумат ва қудрат дорад ва ситоиш мешавад.
7. Сарчашмаи тамоми камолот ӯст, аз ин рӯ тамоми ситоиш‏ҳо ҳақ ва шоистаи ӯст.
8. Дар дунё бисёре аз фармонравоён аз ҳалли мушкилот ва анҷоми ислоҳот оҷизанд, вале Худованд фармонравое аст, ки бар ҳар коре қодир аст. Фиръавн ҳам хаёл мекард ҳар чӣ бихоҳад метавонад, вале мағлуб шуд.
9. Қудрати Худованд нисбат ба ҳамаи ҳастӣ яксон аст.
10. Мо Худоро тасбеҳ гӯем, ситоиш кунем ва бар қудрати ӯ имон дошта бошем ва дар зиндагӣ бандаи ӯ ва собитқадам бимонем то ба саодати ҳақиқӣ бирасем. Ӯ медонад ва метавонад бандаашро ҳифз кунад ва ба саодат бирасонад.
2