Please update your Flash Player to view content.

Охирин матолиб

Чаро барои Ҳусайн (а) гирист?

Чаро барои Ҳусайн (а) гирист?

Дар ёди Ҳусайн ибни Алӣ бигиред барои инки эҳсосоти қаҳрамонӣ пайдо кунед, барои инки партавӣ аз...

Сабаби ба вуҷуд омадани воқеаи Карбало

Сабаби ба вуҷуд омадани воқеаи Карбало

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубонҲар ҳодиса ва иттифоқе, ки дар атрофи мо меафтад, иллат ва...

Ҳодисаи талху ғамангези Карбало

Ҳодисаи талху ғамангези Карбало

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубонЯке аз талхноктарин ҳодисаҳои таърих достони Карбало аст, ки...

Замзамаи ошиқи Ҳаҷ

Замзамаи ошиқи Ҳаҷ

Кай бувад ё Раб, ки рӯ дар Ясрибу Батҳо кунам Гаҳ ба Макка манзилу гаҳ дар Мадина ҷо кунам Бар...

Қавми каҷрав

Қавми каҷрав

Қавми ба ҳаҷ рафта, ба ҳаҷ рафтаандБе ту дар ин бодия, каҷ рафтаандКаъба туӣ Каъба ба ҷуз санг...

  • Чаро барои Ҳусайн (а) гирист?

    Чаро барои Ҳусайн (а) гирист?

  • Сабаби ба вуҷуд омадани воқеаи Карбало

    Сабаби ба вуҷуд омадани воқеаи Карбало

  • Ҳодисаи талху ғамангези Карбало

    Ҳодисаи талху ғамангези Карбало

  • Замзамаи ошиқи Ҳаҷ

    Замзамаи ошиқи Ҳаҷ

  • Қавми каҷрав

    Қавми каҷрав



Имом Ҳусайн (а) фармуд:
مَا خَلَقَ اللّهُ مِنْ شَىْ‏ءٍ إِلا وَ لَهُ تَسْبِيحٌ يَحْمَدُ بِهِ رَبّهُ
Худованд ҳеҷ мавҷудеро наёфарид ҷуз ин ки барои у тасбиҳи қарор дод то Худоро ситояш кунад.

Маориф

сентября 19, 2019

Чаро барои Ҳусайн (а) гирист?

in Ахлоқ ва Ирфон by Hikmat
Дар ёди Ҳусайн ибни Алӣ бигиред барои инки эҳсосоти қаҳрамонӣ пайдо кунед, барои инки партавӣ аз рӯҳи қаҳрамон дар рӯҳи шумо пайдо шавад ва шумо ҳам то андозаҳои нисбат ба ҳаққ ва ҳақиқат ғайрат пайдо кунед, шумо ҳам адолатхоҳ бишавед, шумо ҳам бо зулм ва…
сен 11, 2019 35

Сабаби ба вуҷуд омадани воқеаи Карбало

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубонҲар ҳодиса ва иттифоқе, ки дар атрофи мо меафтад,…
июль 25, 2019 152

Хонаи муборак ва роҳнамо

Худои Мутаол дар ояти 96 сураи Оли Имрон мефармояд: إِنَّ أَوَّلَ بَيْتٍ وُضِعَ لِلنَّاسِ…
июль 19, 2019 125

Худо беҳтарин рӯзидиҳанда аст

Худои Мутаол дар ояти 11 сураи муборакаи Ҷумъа мефармояд: وَإِذَا رَأَوْاْ تِجَارَةً أَوْ…
how to change background in joomla

Худои Субҳон дар ояти якуми сураи Тағобун мефармояд:
يُسَبِّحُ لِلَّهِ مَا فِى السَّمَوَاتِ وَمَا فِى الْأَرْضِ لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ وَهُوَ عَلَى‏ كُلِّ شَىْ‏ءٍ قَدِيرٌ
Он чӣ дар осмон‏ҳо ва он чӣ дар замин аст, барои Худо тасбеҳ ме‏гӯянд. Фармонравоӣ махсуси ӯ ва ситоиш низ хосси ӯст ва ӯ бар ҳама чиз тавоност.
Бидонем
Ҳокимони дунявӣ барои касб ва ҳифзи қудрати худ зулму ҷиноят мекунанд, вале Худои Субҳон фармонравое аст, ки ҳамаи ҳастӣ ӯро аз ҳар айбе пок медонад ва заррае зулме намекунад.
Ҳамду ситоиш ҳаққи касе аст, ки айб ва камбудӣ надошта бошад, аз ин рӯ аввал тасбеҳи Худованд ва баъд ситоиши ӯ омадааст. Дар намоз низ тасбеҳ ва ҳамд дар рукӯъ ва суҷуд бо ҳам ҳастанд.
Биёмӯзем
1. Тамоми мавҷудот навъе шуур доранд ва мувофиқи он Худоро тасбеҳ мегӯянд. Хоҳӣ нашавӣ расво ҳамранги ҷамоати ҳастӣ шав!
2. Тасбеҳи мавҷудот доимӣ аст.
3. Корҳои Худованд айбу камбудӣ надорад. Агар чизе ба назари мо айб ва камбудӣ омад бояд Худоро аз он пок бидонем. Далели он илму огоҳии андаки мо ҳаст.
4. Тасбеҳ, фармонравоӣ, ситоиш ва қудрати бар ҳама чиз шоиста ва шаъни Худои Субҳон аст.
5. Ҳукумати Худованд фарогир ва ҳақиқӣ аст ва ҳеҷ маҳдудияте надорад. Дар мулк ва ҳукумати Худо бояд барномаи ӯро амал кунем то ризои ӯро ба даст оварем. Фиръавнҳо худро молик медонанд ва дар муқобили Худо меистанд. Албатта сарнавишт ва саранҷоми Фиръавн бояд ибрати инсонҳои туғёнгар ва мустакбир бошад.
6. Дар дунё бисёре аз афродеро, ки ҳукумат ва қудрат доранд, танқид мекунанд, вале Худованд ҳукумат ва қудрат дорад ва ситоиш мешавад.
7. Сарчашмаи тамоми камолот ӯст, аз ин рӯ тамоми ситоиш‏ҳо ҳақ ва шоистаи ӯст.
8. Дар дунё бисёре аз фармонравоён аз ҳалли мушкилот ва анҷоми ислоҳот оҷизанд, вале Худованд фармонравое аст, ки бар ҳар коре қодир аст. Фиръавн ҳам хаёл мекард ҳар чӣ бихоҳад метавонад, вале мағлуб шуд.
9. Қудрати Худованд нисбат ба ҳамаи ҳастӣ яксон аст.
10. Мо Худоро тасбеҳ гӯем, ситоиш кунем ва бар қудрати ӯ имон дошта бошем ва дар зиндагӣ бандаи ӯ ва собитқадам бимонем то ба саодати ҳақиқӣ бирасем. Ӯ медонад ва метавонад бандаашро ҳифз кунад ва ба саодат бирасонад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти

Ҷомеа ва хонавода

Матолиби гуногун

Дин ва мазҳаб

Таърих ва достон