Please update your Flash Player to view content.

Охирин матолиб

Иди саъиди Қурбон муборак!

Иди саъиди Қурбон муборак!

Хушо онон, ки бо ҳақ ошноянд Мутеи маҳзи фармони Худоянд Чу Иброҳим Исмоили худро Фидои амри Аллоҳ...

Баракатҳои тиҷорати наҷотдиҳанда

Баракатҳои тиҷорати наҷотдиҳанда

Худованди Мутаол дар ояти 12 сураи Саф мефармояд: يَغْفِرْلَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَيُدْخِلْكُمْ...

Аввалин хона

Аввалин хона

Худои Мутаол дар ояти 96 сураи Оли Имрон мефармояд: إِنَّ أَوَّلَ بَيْتٍ وُضِعَ لِلنَّاسِ...

Хостгорӣ аз Хадиҷа (рз)

Хостгорӣ аз Хадиҷа (рз)

Сафия ба хонаи ҳазрати Хадиҷа рафт. Вақте Хадиҷа шунид, ки Сафия ба диданаш омадааст, аз ӯ ба...

Кӯдак ва ҳасодат -2

Кӯдак ва ҳасодат -2

Чӣ бояд кард? Ба шахсияти ӯ эҳтиром бигузоред. Бо додани масъулият ва эҷоди заминаи мушорикат ӯро...

  • Иди саъиди Қурбон муборак!

    Иди саъиди Қурбон муборак!

  • Баракатҳои тиҷорати наҷотдиҳанда

    Баракатҳои тиҷорати наҷотдиҳанда

  • Аввалин хона

    Аввалин хона

  • Хостгорӣ аз Хадиҷа (рз)

    Хостгорӣ аз Хадиҷа (рз)

  • Кӯдак ва ҳасодат -2

    Кӯдак ва ҳасодат -2

Паёмбари Аъзам (с) фармуд:
ما مِن يَومٍ أكثَرَ أن يُعتِقَ اللّه ُ فِيهِ عَبدَا مِنَ النّارِ مِن يَومِ عَرَفَةَ
Худованд дар ҳеҷ рӯзе ба андозаи рӯзи "Арафа" бандагонро аз оташи дӯзах озод намекунад!
Саҳеҳ Муслим, ҷ.4, саҳ. 107

Маориф

августа 18, 2018

Баракатҳои тиҷорати наҷотдиҳанда

in Қуръон ва Ҳадис by M-Farhang
Худованди Мутаол дар ояти 12 сураи Саф мефармояд: يَغْفِرْلَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَيُدْخِلْكُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ وَ مَسَاكِنَ طَيِّبَةً فِى جَنَّاتِ عَدْنٍ ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ‏ Худованд гуноҳони шуморо ме‏омурзад ва ба боғ‏ҳое,…
авг 16, 2018 10

Ошноӣ бо ахлоқи Паёмбари Ислом (с)

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: (Эй паёмбар,) дар ҳақиқат ту бар ахлоқи бузурге…
авг 16, 2018 6

Шароити тиҷорати наҷотдиҳанда 

Худои Мутаол дар ояти 11 сураи Саф мефармояд:تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ…
авг 15, 2018 8

Тиҷорати судманд

Худои Мутаол дар ояти даҳуми сураи Саф мефармояд: يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ هَلْ…
how to change background in joomla

Аввалин вазифаи мо пас аз шинохти Худо робита бо ӯ ҳаст ва ин ки ӯро ба хотири неъмат‏ҳое, ки ба мо додааст, дӯст бидорем.  Агар касе як суратгирак ба мо ҳадя кунад, то охири умр ӯро дӯст дорем ва ӯро фаромӯш намекунем. Худованд дуио ба мо додааст. Ду чашми зебо, ки як умр аз дӯру наздик, сиёҳу сафед ва аз зовия‏ҳои мухталиф сурат мегирад. Дӯрбини сабук, кӯчак, зариф, зебо, дар ҷое маҳкам ва муносиб.

Худованд ин ду суратгирро дар ҷуқурӣ қарор дода то ба гунаҳои муносиб ҳифз шавад, илова бар он ки пилк, мижа ва абрӯ низ аз вуруди ашёъи хориҷӣ ва нури шадид ба чашм пешгирӣ мекунанд.  Ин суратгирҳо бо ҳамин кӯчакӣ, робитаи моро бо ҷаҳони атрофамон барқарор миекунанд ва мо ме‏тавонем шигифти‏ҳо ва зебоиҳои ҷаҳони бузургро бибинем.  Ин суратгир‏ҳо байни мо ва донишмандон бо мутолиаи китоб‏ҳои онон робита барқарор ме‏кунанд. он моро аз хатарот пеш рӯ ҳифз мекунанд. Аз роҳи мутолиа ба дониши мо меафзоянд ва бо онҳо ҳама чизро ме‏шиносем. Рӯзона ҳазорон акс мегирад, вале хаста наме‏шавад.  Дар ҳар неъмате аз неъмат‏ҳои Худои бузург каме фикр кунем, алоқаи мо ба Офаридагор зиёд ме‏шавад.

Ин алоқа аввалин робитаи мо бо Худост.  Робитаи дигар шукри Худованди меҳрубон аст. Агар ҳадяи як суратгир ва камера ташаккур ме‏хоҳад, ҳадяи чашмҳои зебо ташаккуре чанд баробар мехоҳад.  

Шукри Худо дар чист?  

Шукри Худо он аст, ки дар беҳдошти чашм кӯшо бошем. Оби олуда ба суратамон назанем. Бо шиками пур мутолиа накунем. Бо мутолиаи навиштаҳои рез ва дар фазое, ки нури кофӣ нест, ба чашмони худ осеб назанем. Бо чашми худ гуноҳ накунем ва касеро натарсонем.  Нигоҳи меҳромез ба падару модар ибодат аст. Нигоҳ ба Қуръони Карим ва Каъба ибодат аст. Нигоҳ ба олимону раҳбарони динӣ ибодат аст. Дидори бандагони хуби Худо ибодат аст ва агар аз дунё рафтаанд, зиёрати қабри он‏ҳо ибодат аст.  Гуфтани‏ “Алҳамду лиллоҳи раббилъоламин‏” Сураи Ҳамд, оя 2.  шукри забонӣ аст, вале беҳтарин навъи шукр намоз хондан аст. Қуръон мефармояд: “Фаляъбуду рабба ҳозалбайти аллазӣ атъамаҳум мин ҷуъив ва оманаҳум мин хавфи” Сура Қурайш, оёт 3- 4.. Ба шукронаи ин ки Худованд мардумро аз ноамнӣ ва гуруснагӣ наҷот дод, бояд Худои Каъбаро ибодат кунанд. Намоз дар ҳамаи дин‏ҳои осмонӣ будааст.  

Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва Олиҳ) фармуд: «Дар дине, ки намоз набошад, хайре нест.»  Ба ростӣ агар намоз набошад хуби‏ҳои дигар корсоз намиешавад, ҳамон‏гуна ки агар сӯзан набошад, ришта‏ҳо чизеро намедузанд.  Агар милиса аз ронандаҳ‏о гувоҳиномаи ронандагӣ хост ва ӯ надошт, автомобилро нигаҳ медорад ва ронандаро ҷарима ме‏кунад, ҳатто агар мадраки донишгоҳӣ ва ё гувоҳии маҳорати дигаре дошта бошад.

 Биёем ҳар рӯз чанд дақиқа бо Худои худ сухан бигӯем. Ростӣ чаро бо ҳама кас сухан бигӯем, вале бо ӯ сухан нагӯем? Мо Худоро дӯст дорем ва ҳар кас фардеро дӯст дорад, ме‏хоҳад бо ӯ сухан бигӯяд.  Барои ин ки ҳамаи мо инсонҳо ба таври якнавохт бо Худои бузург сухан бигӯем, Худованд инсонро роҳнамоӣ карда, ки ҳама ба як су, рӯ ба қибла ва бо бадан ва либоси пок, қалби равшан ва нияти холис ва бо як забон ба намоз биистанд. Ҳамон‏гуна ки тамоми халабон‏ (лётчик)-ҳои дунё агар бихоҳанд бо фурудгоҳи ҳар кишваре ҳарф бизананд бояд бо забони англисӣ сухан бигӯянд, мо низ бояд намозамонро ба забони арабӣ бихонем. Оре, як забон нишонаи ваҳдати худопарастон аст.  

Ин намоз замоне ба мо рушди бештаре ме‏диҳад, ки дар макони муқаддасе мисли масҷид ва дар замони аввали вақт ва ба ҷамоат баргузор шавад, ба шарти он ки ҳамроҳ бо расидагӣ ба бенавоён ва дуо ба бандагони Худо бошад.  

Касе, ки намоз ме‏хонад гӯё дасташро дар дасти Худо ме‏гузорд ва ресмони маҳкамеро мегирад. Ва касе, ки ресмони маҳками Илоҳиро гирифта ва дасташро дар дасти қудрати Худо гузошта, бар ҳар мушкиле пирӯз мешавад.  Қуръони Карим мефармояд: Аз сабр ва намоз ёрӣ биҷӯед. Сураи Бақара, ояти 45.  

Ҳар гоҳ барои Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва Олиҳ) ва ё пешвоёни дин мушкиле пеш меомад, онон ба намоз паноҳ ме‏бурданд ва аз намоз ва ёди Худо кӯмак мегирифтанд.  

Намоз ба қадре муҳим аст, ки Имом Ҳусейн (Дуруди Худо бар ӯ бод) зӯҳри ошуро дар майдони набард ва дар баробари тирборони душман, онро раҳо накард ва дар аввали вақт ва ба ҷамоат хонд.  

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти

Ҷомеа ва хонавода

Матолиби гуногун

Дин ва мазҳаб

Таърих ва достон