Please update your Flash Player to view content.

Охирин матолиб

Зани намуна барои мӯъминон

Зани намуна барои мӯъминон

Худои Мутаол дар ояти 12 сураи Таҳрим мефармояд:وَمَرْيَمَ ابْنَتَ عِمْرَانَ الَّتِى أَحْصَنَتْ...

Эҳтиром ва муҳаббат

Эҳтиром ва муҳаббат

Мард мудири хона аст ва зан ҳамдаму ҳамрози ӯст. Ҳар ду бояд бидонанд, ки ҳақ ва вазифа доранд...

Вафоти ҳазрати Хадиҷа (рз)

Вафоти ҳазрати Хадиҷа (рз)

Ҳазрати Хадиҷаи Кубро (р) модари мӯъминон ва аввалин ва маҳбубтарин ҳамсари Расули Худо (с) дар...

Зани намуна барои аҳли имон

Зани намуна барои аҳли имон

Худои Мутаол дар ояти ёздаҳуми сураи Таҳрим мефармояд: وَضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا لِّلَّذِينَ...

Сӯзи модар

Сӯзи модар

Дар суги модари мӯъминон ҳазрати Хадиҷаи Кубро (рз) Шаб асту буғзи сукуту садои гиряи об...

  • Зани намуна барои мӯъминон

    Зани намуна барои мӯъминон

  • Эҳтиром ва муҳаббат

    Эҳтиром ва муҳаббат

  • Вафоти ҳазрати Хадиҷа (рз)

    Вафоти ҳазрати Хадиҷа (рз)

  • Зани намуна барои аҳли имон

    Зани намуна барои аҳли имон

  • Сӯзи модар

    Сӯзи модар

Паёмбари Акрам (с) ба Анас фармуд:
 حسبک من نساء العالمین: مریم بنت عمران، خدیجة بنت خویلد، قاطمة بنت محمد و آسیة امرأة فرعون
Барои ту аз занони олам (дар азамат) Марям духтари Имрон, Хадиҷа духтари Хувайлид, Фотима духтари Муҳаммад ва Осия зани Фиръавн кофӣ аст 
Сунани Тирмизӣ, ҳадиси 3904, саҳ. 1098

Маориф

мая 26, 2018

Зани намуна барои мӯъминон

in Қуръон ва Ҳадис by M-Farhang
Худои Мутаол дар ояти 12 сураи Таҳрим мефармояд:وَمَرْيَمَ ابْنَتَ عِمْرَانَ الَّتِى أَحْصَنَتْ فَرْجَهَا فَنَفَخْنَا فِيهِ مِن رُّوحِنَا وَ صَدَّقَتْ بِكَلِمَاتِ رَبِّهَا وَكُتُبِهِ وَكَانَتْ مِنَ الْقَانِتِينَВа (Худованд ба) Марям духтари Имрон (низ масал…
мая 25, 2018 13

Зани намуна барои аҳли имон

Худои Мутаол дар ояти ёздаҳуми сураи Таҳрим мефармояд: وَضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا…
мая 23, 2018 10

Тавбаи насуҳ кунед!

Худои Мутаол дар ояти ҳаштуми сураи Таҳрим мефармояд: يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ…
мая 22, 2018 11

Занони намуна дар куфр

Худои Мутаол дар ояти даҳуми сураи Таҳрим мефармояд: ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا لِّلَّذِينَ…
how to change background in joomla

HIJOBB6Раисиҷумҳури Австрия Александр ван дер Беллен аз тамоми занони ин кишвар даъват кард, ки ба нишони ҳамраъйӣ бо занони мусулмони ҳиҷобпӯш рӯймол банданд. Ӯ гуфт, ки мухолифи эҷоди ҳар навъ маҳдудият дар тарзи либоспӯшии мардум аст.
Эшон дар мулоқот бо хонандагони як мактаб гуфтааст, занони австриягӣ бояд барои мубориза бо исломбадбинӣ ҳама ба сар рӯймол кунанд.
Ин мулоқот моҳи март доир шуд, вале наворҳояшро телевизиони Австрия ҳоло, баъди дигарбора доғ шудани масъалаи ҳиҷоб дар пайи манъи бурқа дар Олмон нашр кард.
Дар мулоқот як духтари толибилм тасмими бархе кишварҳо барои манъи ҳиҷобро ба чолиш кашида, гуфтааст, ки ин натиҷаи баръакс дода, танҳо боиси аз таҳсил мондани духтарони мусулмон ва аз кор ронда шудани занони ҳиҷобпӯш хоҳад шуд.
Раисиҷумҳур дар посух гуфтааст: "На фақат занони мусулмон, балки тамоми занон метавонанд рӯймол банданд. Ва агар ин исломбадбинии ошкор ва белаҷом давом кунад, рӯзе мерасад, ки мо аз тамоми занон – аз ҳама! - даъват хоҳем кард, ки ба нишони ҳамраъйиву ҳамбастагӣ бо онҳое, ки ба далелҳои мазҳабӣ чунин мепӯшанд, рӯймол банданд.”
Раисиҷумҳури Австрия афзуд: "Ҳар зан ҳақ дорад, тавре ки ӯро хуш меояд, либос пӯшад. Ин назари шахсии ман дар ин масъала аст.”
Ван дер Беллен иброз кард, ки мухолифи ҳар навъ маҳдудият дар пӯшидани либос аст, ба ҷуз шуғлҳои хос ва ҳассос мисли додрасҳо, ки либоси мазҳабиашон метавонад холисиву бетарафии онҳоро зери суол барад.
Александр ван дер Беллен – раҳбари собиқи ҳизби сабз – дар интихоботи рӯзи 4 декабри соли 2016 дар овоздиҳии такрорӣ бо ҳамагӣ 0,3 дарсад фарқ бар номзади ҳизби қавгарои Озодӣ Норберт Ҳофер ғолиб омада, ба курсии раисиҷумҳурии Австрия нишаст.
Ҳизби Ҳофер бо ҳарорат аз манъи либосҳои мазҳабӣ, аз ҷумла бурқаъ ва ҳиҷоб пуштибонӣ мекунад. Дар моҳи январ ин ҳизб тарҳеро пешниҳод кард, ки дар додгоҳҳову мактабҳо ва дигар маконҳои ҷамъиятии Австрия пӯшидани бурқаъ ва ниқоб манъ шавад. Аммо дар ин тарҳ, ки ҳанӯз ҳукми қонун нагирифтааст, чизе дар бораи манъи ҳиҷоб гуфта намешавад.
Ҳафтаи гузашта парлумони Олмон аз тарҳи қонуни манъи пӯшидани бурқаъ ва ниқоб барои заноне, ки дар хадамоти иҷтимоӣ, додгоҳӣ ва низомӣ кор мекунанд, пуштибонӣ кард.
Соли гузашта дар Ҳолланд низ пӯшидани бурқаъ ва ниқобро дар нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои тиббу маориф ва идораҳои давлатӣ манъ ва барои вайрон кардани ин қонун ҷарима ҷорӣ карданд.
Дар Аврупо аввалин кишваре, ки чунин маҳдудият ҷорӣ кард, Фаронса буд. Фаронса ҳанӯз дар соли 2011 қонуни манъи бурқаъро ба иҷро даровард. Ба дунболи он дар бархе аз қисматҳои Испания, Италия ва Швейтсария низ чунин маҳдудиятҳо барои занони мусулмон ҷорӣ карданд
Манбаъ: Хабар

.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти

Ҷомеа ва хонавода

Дин ва мазҳаб

Таърих ва достон

Матолиби гуногун