УСТОД САЙИД АБДУЛЛОҲ НУРӢ(раҳматуллоҳ алайҳ)

Устод Сайид Абдуллоҳ Нурӣ(раҳматуллоҳ алайҳ) яке аз бузургони динӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва миллии мост, ки дар як асри гузашта намунаи боризи инсони динмадорӣ сиёсатшинос маҳсуб мегардад.

Устод дар давоми зиндагии худ, дар канори таҳсили илму дониши динӣ, ҳидояти шогирдону мардуми кишвар ба тарафи хайру некӣ ва саодати дунявӣ ва ухравӣ, ҳаракати сиёсиеро дар қолиби Наҳзати исломӣ ва баъдҳо Ҳизби исломӣ тарроҳӣ ва иҷроӣ намуд. Албатта дар ин миён ҳамроҳони зиёде дошт, ки гуруҳе ба дараҷаи болои шаҳодат ноил гаштанд ва гурҳе ҳамчунон дар сангарҳои гуногун ба хидмати дину ислом машғуланд ва ҳаркадом ҷои тақдиру ташаккур ва шиносондани муносибро металабад.

Дар инҷо навиштаеро, ки дар «сомонаи кимиёи саодат» дар бораи шахсияти иҷтимоии Устод ба нашр расидааст, пешкаш хоҳем намуд.

нависанда: Доктор Хайруллоҳи Фазлуллоҳ, коршиноси маорифи исломӣ

“Волоияти қонун ва ҳокимияти қонун дар ҳар кишваре муайянкунандаи сатҳи ҳукумат ва давлатдорӣ ва фарҳанги мардум аст. Агар дар ҳар кишваре сатҳи эҳтиром (ва амал) ба қонун поин биёяд, рукнҳои дигари давлатдорӣ торафт заъиф ва бекор мегардад... Эҳтироми қонун ва пуштибонии он аз ҷониби органҳои иҷроияи ҳукумат бояд ба сатҳи хеле баланд бардошта шавад.” (Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ)

Муқадима

Мутафаккирони исломӣ, тӯшае аз идеяҳои иҷтимоӣ даранд, ки бояд бозхонӣ ва бозсозӣ шаванд, то барои тадвини улуми инсонӣ бар мабнои исломӣ, аз онҳо баҳрагирӣ шавад. Урупоиҳо низ дониш ва захираи фикрии гузаштагони худро бозковӣ карда ва пас аз сайқал додани он, аз ин захираҳо барои тавлиди дониши имрӯз истифода карда ва мекунанд. Гарчи масоили имрӯзи ҷавомеъро наметавон бо андешаҳои гузашта ҳал кард, аммо дар айни ҳол бояд бидонем, ки решаи роҳи ҳалҳои ҷадид, дар ҳамин андешаҳои гузаштагон нуҳуфтааст.[1]

Дар навиштори ҳозир саъй шудааст, то гӯшае аз оро ва назароти иҷтимоии яке аз уламо ва сиёсатмадорони машҳури исломӣ дар минтақаи Осиёи Миёна (ё худи Мовароҳуннаҳр), зиндаёд устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари фақиди Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон баён гардад, то ба ин баҳона, гоме ниҳода бошем дар масири эътило ва рушд ва шукуфоии дониши иҷтимоии исломӣ.

Зиндагиномаи устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ[2]

Сайидабдуллоҳи Нурӣ дар торихи 15 морси соли 1947 дар деҳаи Оштиёни ноҳияи Сангвори Тоҷикистон мутаваллид шудааст. Ӯ чаҳорумин фарзанди Нуриддин Саидов (1900 - 1982), раиси ҷамоати деҳаи Арғанкӯл буд. Соли 1953, пас аз он ки ноҳияи Сангвор барҳам зада ва мардуми он ба водии Вахш кӯчонда шуданд, хонаводаи Нурӣ дар савхози “Туркманистон” дар ноҳияи Вахш сокин шуд.

Таҳсилот

Мактаби миёнаи маълумоти ҳамагониро соли 1964 дар ноҳияи Вахш ба поён расонд. Аз падараш ва баъзе уламо, аз ҷумла мударрисон ва донишмандони маъруф Сиёмуддин Наҷмуддинов ва Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷон, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ, улуми исломӣ, монанди сарфу наҳв, маъонӣ, мантиқ, фиқҳ, усули фиқҳ, шарҳи ақида, торихи мслом, ҳадисшиносӣ ва тафсири Қуръонро фаро гирифт.

Ҳамзамон, дар муассисаи байниноҳиявии баҳисобгирии текникии шаҳри Қӯрғонтеппа, давраи муҳандисиро хатм карда, сипас то авосити соли 1986 дар идораи мазкур ба симати муҳандиси заминсанҷӣ машғул ба кор гардид.

Фаъолиятҳо

Дар даҳаи ҳафтоди милодӣ, бо чанд нафар аз шогирдон ва дӯстони динии хеш ба фаъолиятҳои пинҳонӣ барои таблиғ ва иршоди мардум ба масоил ва маорифи исломӣ иқдом намуд ва ба дур аз чашми давлати кумунистии Шӯравӣ, ҳаракати Наҳзати Исломиро таъсис кард. Чанде нагузашт, ки ин наҳзат тавонист ҷавонони ғайур ва мутадайинро гирди хеш ҷамъ намояд.

Моҳи июни соли 1986 мақомоти амниятӣ, устод Нуриро бо иттиҳоми “паҳн кардани хабарҳои дурӯғ, ки сохти иҷтимоӣ ва давлатии сусиёлистиро бадном мекунад” боздошт намуд ва моҳи феврали соли 1987 бо ҳукми додгоҳи вилояти Қӯрғонтеппа бар асоси моддаи 203-и Қонуни ҷиноии Ҷумҳурии Шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон, барои муддати як солу ним аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ӯ мӯҳлати ҷазоро дар 11 маҳбас ва зиндонҳои мухталифи Сибирӣ ва Шарқи Дури Шӯравии собиқ сипарӣ намуд.

Дар солҳои 1989 – 1992, сардабири нашрияи “Минбари Ислом”, вобаста ба Идораи расмии мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳамзамон бо фурӯпошии Шӯравӣ (1991), Ҳизби Наҳзати Исломӣ ба фаъолиятҳои худ ошкоро идома дод ва мардуми мусалмонро ба сӯи арзишҳои динӣ ва эътиқодӣ даъват намуда ва барномаҳои ислоҳии хешро барои ҷомеа матраҳ кард.

Дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ (1992 – 1997) аввалҳои соли 1993 ҳамроҳ бо мардуми сарзаминҳои ҷангзада ба Афғонистон ҳиҷрат кард ва дар он ҷо дар шароити пешомада, аз сари нав “Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон”- ро бозсозӣ ва таъсис намуд, ки ҳастаи аслии Опозитсияи Муттаҳиди Тоҷик, дар ҷанг бо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меомад. Ин ҳаракат, масъулияти нигаҳбонӣ ва пуштибонии беш аз 60000 муҳоҷири тоҷик дар Афғонистон ва муборизаи сиёсӣ ва низомиро барои бозгардондани ҳуқуқҳои аз даст рафтаи муҳоҷирон ва оворагони тоҷик, ба дӯши худ мегирад.

Ҳаракати “Наҳзати Исломии Тоҷикистон” бо раҳбарии Сайидабдуллоҳи Нурӣ дар оғоз гардидани музокироти сулҳи тоҷикон дар моҳи апрели соли 1994 нақши таъйинкунандаро дошт. Раванди музокироти сулҳи тоҷикон (аз апрели 1994 то июни 1997) таҳти раҳбари бевоситаи устод Нурӣ қарор дошт. Барои ҳарчи зудтар расидан ба оштӣ ва тавофуқи ниҳоии тарафайн (Ҳаракати Наҳзати Исломӣ ва ҳукумати вақт), устод Нурӣ ҳафт бор дар хориҷ аз кишвар, бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дидор ва гуфтугӯ намуд. Ин мулоқотҳо дар раванди музокироти сулҳ, нақши сарнавиштсоз дошт.

Устод Нурӣ аз июни соли 1997 то 31 марти соли 2000, мақоми риёсати Комисиюни Оштии Миллиро бар ӯҳда дошт. Аз сентябри соли 1999 то даргузашташ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд. Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ, 9 августи соли 2006 дар асари бемории саратон дар шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар, чашм аз ҷаҳон пӯшид. Мазораш дар гӯристони “Сариосиё” дар фосилаи начандон дур аз масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ қорор дорад. Ёдаш зинда ва рӯҳаш шод бод!

Осори илмӣ

Аз устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ осори мактуби илмӣ, сиёсӣ ва дарсии омӯзишӣ низ барҷой мондааст. Аз ҷумла: “Дар он сӯи сиёсат” (1996), “Назаре ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи ислом”, “Имрӯз ва фардои Тоҷикистон” (2001) ва ғайра.

Нигоҳе ба бархе оро ва андешаҳои иҷтимоии устод Нурӣ

1. Хӯрдагирии ҷомеашиносон аз ислом ва вазифаи мусалмонон:

Устод Нурӣ ба хӯрдагирӣ ва ишколтарошии ҷомеашиносон аз дини ислом ишора карда, вазоифи мусалмононро низ дар баробари онҳо бар асоси омӯзаҳои қуръонӣ мушаххас намудааст, он ҷо ки менависад:

“Дини мубини ислом 14 қарн қабл бо қавонини бенақсу комили худ, ҳуқуқи инсонро маншур гардонида, бунёнҳои хешро дар асоси қонунҳое бунёд кардааст, ки аз ҳуқуқ посдорӣ намояд. Ҷомеашиносон бештар бар асоси маълумоташон аз динҳои дигар қазоват мекунанд ва исломро ба поймол кардани ҳуқуқи инсон муттаҳам мекунанд. Ин гуна қазоват нисбат ба дини ислом нодуруст аст. Барои ҳамин, ҳар як мусалмонро лозим аст, ки бар асоси фармудаи зерини Худованд: “Бояд аз байни шумо як гурӯҳе вазифадор бошад, ки мардумро ба сӯи некӯӣ даъват кунад ва ба корҳои нек амр намуда, аз корҳои бад боздорад” амал карда, қарзи инсонӣ ва вазифаи имониву виҷдонии худро адо намуда ва башариятро аз афтодан ба вартаи ҳалокат наҷот диҳад...”[3].

2. Ба самти ҷомеаи матлуб бар асоси риояти ҳуқуқи исломӣ:

Аз назари устод Нурӣ, ҷомеаи матлуб ва идеол танҳо бар асоси иҷрои қавонин ва риояти ҳуқуқи исломӣ эҷод мешавад; зеро ин қавонин ва ҳуқуқ аз ҷониби Холиқи Мутаол ва муҳандиси инсону ҷаҳон, тавассути паёмбарони илоҳӣ дар ихтиёри мо қарор гирифтааст ва ҳеҷ тағйиру табаддуле дар он роҳ надорад ва баръакс, қавонин ва ҳуқуқи сохтаи дасти ноқиси башар ҳамеша дар ҳоли дигаргунӣ ва таҳаввул аст ва инсон ба хотири нақс ва фақри зотӣ, қодир ба таъмини ҳуқуқ ва қавонини ҷаҳонӣ ва ҳамагонӣ, ки эътимодовар бошад, нест.[4] Дар ин бора устод Нурӣ мефармояд:

“Лозим аст, ки ҳуқуқи башарро аз нуқтаи назари Қуръон ва суннат баён намоем; ҳуқуқе, ки ҳеҷ кас наметавонад онро бекор кунад ё аз ҳудуди он берун равад. Ин ҳуқуқ дахлнопазир буда, ҳеҷ фарде ё ҷомеае – дар ҳар сатҳе - наметавонад дар он тасарруф намояд. Дар воқеъ истиқрори ин ҳуқуқ, василаи дуруст барои эҷоди ҷомеаи исломӣ мебошад; ҷомеае, ки мардумаш ҳама баробаранд; ҳеҷ фарқе байни шахсе бар шахси дигар аз лиҳози миллат, нажод, қавм ва маҳал, ҷинс, ранг, забон ва дин нест. Ҷомеае, ки дар он баробарӣ асоси истифода аз ҳуқуқ аст, баробарие, ки аз Қуръон сарчашма мегирад: “Эй мардум! Мо шуморо аз як мард ва зан офаридаем. Баъд аз он шуморо ба шохаҳо ва қабилаҳо ҷудо кардем, то ҳамдигарро бишносед”.[5] Ҷомеае, ки озодии инсон дар он ба ҳаёташ баробар мебошад; озод зода мешавад ва дар сояи он бефишор, қаҳр ва ғазаб, бе хорӣ ва бардагӣ зиндагӣ мекунад. Ҷомеае, ки хонавода дар он асоси давлат буда, иззат ва кароматаш маҳфуз ва асбоби пойдорӣ ва пешрафташ муҳайё карда мешвад. Ҷомеае, ки дар он ҳоким ва раъият дар пеши шариате, ки аз ҷониби Худои Мутаол ниҳода шудааст, баробар мебошад... Ҷомеае, ки тамоми мардум, ҳоким ва раъият дар пеши қозӣ баробаранд. Ҷомеае, ки дар он ҳар як шаҳрванд ба манзилаи нозир ва контролкунандаи ҷомеа аст...”[6]

3. Асли музокира дар раванди эҷоди сулҳ:

Сайидабдуллоҳи Нурӣ дар раванди оташбас байни ду тарафи даргири давлат ва исломгароён ва барқарории сулҳ ҳамон тавре ки ишора гардид, нақши бисёр басазое доштааст. Ӯ эҷоти сулҳро танҳо дар сояи музокираи тарафайн медонад:

“Бояд гуфт, саҳми намояндагони тарафҳои музокиракунанда дар расидан ба сулҳ хеле бузург аст. Мулоқот ва гуфтугӯҳои раҳбарони сатҳи болои ду тараф, ҳамдигарфаҳмӣ ва қабули қарор ва санадҳои арзишманд, раванди сулҳофариниро тасреъ мебахшад... Фармондеҳон ва размандагони ду тараф низ ба ҷиҳати доштани дарки миҳандӯстӣ ва ба хотири хуни шаҳидон, ба нишасту мулоқоти раҳбарони ҳар ду тараф ба сари мизи музокира ва таҳаммули суханони ҳамдигар (розӣ шуданд)”.[7]

4. Асли ҳамбастагии миллӣ дар эҷод ва тадовуми сулҳ ва истиқлолият:

Яке аз дағдағаҳои андешмандон ва раҳбарони ҷаҳон, масъалаи “иттиҳод ва ҳамбастагии иҷтимоӣ ва миллӣ” аст. Дар ин бора устод Нурӣ, иттиҳоди эҷодшуда байни ду тарафи даргири миллати тоҷикро бисёр меситояд, он ҷо ки мефармояд:

“Раванди эҷоди сулҳ ва оштии мо хеле боарзиш аст ва барои хеле аз кишварҳои даргири ҷангҳои дохилӣ мактаби омӯзиш хоҳад буд. Дар олам шояд кам кишваре пайдо шавад, ки ҳукуматаш бо ин гармӣ мухолифонашро ба оғӯш гирифта бошад ва камтар опозитсион ёфт мешавад, ки бо чунин эътимод аз ҳукумат пуштибонӣ кунад. Иттиҳоди мардуми Тоҷикистон дасти дарози нафъҷӯён ва фитнагаронро кӯтоҳ кард....”[8]

Дар ҷои дигар бо сароҳати бештар мефармояд:

“Ваҳдати миллӣ, аз муҳимтарин рукнҳои пешрафт ва густариши ҳар як кишвар ва халқе аст. Ваҳдати миллӣ аст, ки иқтидори сиёсӣ, иқтисодӣ ва мудофиавии кишварро боло мебарад. Ваҳдати миллӣ ва адолати иҷтимоӣ миёни қишр ва қабила ва халқҳои кишвар ҳар қадр боло бошад, қудрати ҳукумат в давлат ба ҳамон сатҳ боло аст... Ваҳдати миллӣ метавонад кафили амнияти иҷтимоӣ бошад...”[9]

5. Асли қонунмадорӣ:

Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ як шахсияти қонунмадор ва пойбанд ба усул шинохта мешавад. Ӯ дар аҳаммияти таваҷҷӯҳ ба қонун ва иҷрои он чунин мефармояд:

“Қонунҳо дар ҷомеа ҳарчи бештар риоят шаванд, иқтисодиёт афзоиш меёбад, фарҳанг боло меравад, мардум бештар аз якпорчагӣ ва ормонҳои миллӣ ва кишварӣ дифоъ мекунанд... Барои ноил шудан ба амнияти мӯътадили иҷтимоӣ муҳим аст, ки рукни дигари давлатдорӣ, яъне “эҳтиром ба қонун” ба сатҳи боло бурда шавад. Волоияти қонун ва ҳокимияти қонун дар ҳар кишваре муайянкунандаи сатҳи ҳукумат ва давлатдорӣ ва фарҳанги мардум аст. Агар дар ҳар кишваре сатҳи эҳтиром (ва амал) ба қонун поин биёяд, рукнҳои дигари давлатдорӣ торафт заъиф ва бекор мегардад... Эҳтироми қонун ва пуштибонии он аз ҷониби органҳои иҷроияи ҳукумат бояд ба сатҳи хеле баланд бардошта шавад”.[10]

6. Асли доштани барномаи хосси сиёсӣ:

Ҳар кишвари соҳибистиқлол бояд барномаи хосси сиёсӣ, чи дохилӣ ва чи хориҷӣ, дошта бошад, ки онро ташаххус бахшад в адар иҷрои он озодона амал кунад, вагарна дар ғайри ин сурат бояд дар истиқлолияти он шак кард. Устод Нурӣ бо таваҷҷӯҳ би ин асл – ва ба гуфтаи худ: - ба хотири ислоҳи ҷомеаи Тоҷикистон, чунин пешниҳод медиҳад:

“Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дорои фарҳанги воло ва беназири торихӣ дар сатҳи сиёсати имрӯзаи ҷаҳонӣ, бояд соҳиби барномаи хосси сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ бошад. Ва ин барнома бо назардошти беҳтарин аркони миллӣ ва суннатӣ дар миёни мардуми кишвар тавре роҳ ёбад, ки ҳамагон онро чун барномаи миллии кишвар ва ормони олии ватандорӣ қадр кунанд ва аз он дифоъ кунанд. Дар дунёи имрӯз.., бояд соҳиби барномаи хеле қудратманди сиёсӣ буд то дар миёни ин ҳама шӯру валвалаи сиёсати ҷаҳонӣ кишвари мо ҳарфи худро дошта бошад.”[11]

7. Амнияти иҷтимоӣ ва пешрафт:

Пешрафти ҳар як кишваре дар соҳатҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, манут ба вуҷуди амнияти ҳамагонӣ аст. Бархе аз таъкидот ва тасреҳоти устод Нурӣ дар ин бораро меоварем:

“Дар кишвар пеш аз ҳама бояд барои ҳар як фарди он аз хурд то бузург амният ба вуҷуд оварда шавад. Таъмини амният ва ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ва хориҷиён дар умури сармоягузориҳои миллӣ ва хориҷӣ, аз муҳимтарин шартҳои пешрафт мебошад...”[12]

Дар ҷои дигар роҷеъ ба аҳаммияти ин мавзӯъ чунин меафзояд:

“Адолати иҷтимоӣ худ кафили ҷилавгирӣ аз ҳар гуна норизоятиҳо ва мухолифатҳои бузурги ҷомеа аст. Беадолатӣ аст, ки боиси сар задани ҳар гуна нооромиҳои шадид ва ҷангу хунрезиҳо мегардад ва мардуми мо борҳо шоҳиди чунин воқеаҳо шудаанд. Адолати иҷтимоӣ танзимгар ва пешбари нерӯҳои солими эҷодкори ҷомеа буда ва алоқамандии афрод ва ақшори ҷомеаро ба кори созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят мекунад”.[13]

Устод Нурӣ пешниҳодҳо ва роҳкорҳои худ дар дастёбӣ ба адолати иҷтимоиро дар идомаи матолиби боло, ин гуна баён кардааст:

“Ҷиҳати ин амр, лозим аст, ки аз иҷрои ҳар гуна барномаҳои назарфиребонаи[14] иштироки мардум ва қишрҳои гуногун дар саҳнаҳои кор ва фаъолият даст кашида, тасмими воқеӣ ва амалии нерӯҳои солим дар кори идораи ҳукумат, органҳои иҷроӣ ва корҳои пешбурди ҷомеа ба роҳ монда шавад. Дар ин замина муҳимтарин талаб он аст, ки намояндагони салоҳиятдори органҳои қонунбарор, идорӣ ва иҷроии кишвар, пеш аз ҳама дар барномарезӣ ба ниёзҳои воқеии мардуми ҷомеаи худ такя кунанд ва камбудҳои ҷиддии ҷомеаро сари вақт дарёфта, ба ислоҳаш машғул шаванд.

Ба ин муваффақиятҳо дар сурате расидан мумкин аст, ки ҳукумат аз танқиди созанда ҳарос надошта бошад ва мардум бо назорати иҷтимоӣ дар умури кишвар ширкат карда тавонанд ва ин амр робитаи мардумро бо давлат пурзӯр мекунад.”[15]

8. Асли истеҳком ва тақвияти сиёсати хориҷӣ:

Пешбурди сиёсати хориҷии муносиб ва муваффақ барои кишвари Тоҷикистон баъд аз ҷангҳои дохилӣ, ки сабаби дурӣ ва то ҳадде инзивои он дар сатҳи байналмилал шуда буд, аз аҳаммияти бисёр болое бархӯрдор аст ва ҷузъи дағдағаҳои аслии раҳбарияти Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд. Устод Нурӣ зимни баёнот ва таъкидоти зиёд рӯи масъалаи сиёсати хориҷии кишвар, ба пешниҳодоти куллии хеш низ мепардозад. Вай дар ин бора мефармояд:

“Пурзӯр гардондани сиёсати хориҷии мамлакат низ аз рукнҳои муҳимми иқтидори сиёсии давлат ва кишвар аст. Институтҳои идораи ҳукумат дар ин замина бояд сиёсати комили кишварро ба вуҷуд биёваранд, ки қодир бошад дар ҳалли масоили сиёсати берунии кишвар тасмими ҷиддӣ бигирад ва ба мувафаққият ноил шаванд. Чунин барнома бояд дар асоси манфиатҳои бузурги миллӣ ва кишварӣ бунёд шавад ва барои садсолаҳо тарҳрезӣ гардад.

Табиӣ аст, ки ин барнома ба омилҳои бузурге аз қабили сиёсати дохилӣ, манфиатҳои миллӣ ва кишварӣ асос ёфта, дар робита бо сиёсатҳо ва дурнамоҳо (чашмандозҳо)-и кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бунёд мешавад.

Маълум аст, ки сиёсати хориҷӣ бо иқтидори мудофиавии кишвар иртиботи қавӣ дорад ва бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ватани мо дар вазъияти шаклгирии қудрати мудофиавӣ ва рушди ҳифзи марзу буми худ қурор дорад. Дар ҳоли шароити хеле печида ва ноҳамвори ҷаҳон, ки ҳар рӯз қудратмандон ҷанги наверо дар дуру наздик ба роҳ меандозанд, Тоҷикистон бояд иқтидори мудофиавӣ ва сиёсати хориҷиашро хеле оқилона ба роҳ монад. Сиёсати берунии кишвари мо бояд дар ҷавоб ба сиёсат ва иртиботи сиёсии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо Тоҷикистон, асос ёбад. Имрӯз то андозае равшан аст, ки кишварҳои дуру наздик ба Тоҷикистон чӣ сиёсатеро пеш гирифтаанд ва чӣ нақшаҳоеро дар муқобили кишвар ва мардуми мо пайгирӣ мекунанд...”[16]

9. Иқтисоди исломӣ ва низоми сармоядорӣ:

Аз дигар андешаҳои иҷтимоии устод Нурӣ, андешаҳои ӯ дар заминаи иқтисод аст. Вай рӯи ин масъала таъкидоти фаровоне дорад, аз ҷумла дар муқоисаи байни низоми иқтисодии исломӣ ва сармоядорӣ:

“Низоми иқтисоди исломӣ ҳамчун низоми сармоядорӣ, ба афрод ин имконро медиҳад, ки аз истеъдоди худ кор бигиранд ва то ҷои тавон сарват ҷамъ кунанд. Табиӣ аст, ки чунин низом ба пешрафти ҷомеа ва рушди иқтисод, роҳи васеъ боз мекунад. Низоми иқтисоди исломӣ як бартарӣ дорад, ки низомҳои иқтисодии дигар онро надоранд. Ин афзалият “кайфияти маҳдуд” будани он аст; яъне ин низом бояд дар чорчӯбаи ҳалолу ҳаром рушд ва тараққӣ кунад. Ба таври дигар бигӯем, ин низом иҷоза намедиҳад, ки гурӯҳе аз мардум тамоми молу дороиҳои ҷомеаро аз худ кунанд ва аксарияти мардум гирифтори зиндагии пасту қашшоқона шаванд.”[17]

Устод дар мавриди оқибату поёни кори низоми сармоядорӣ чунин мефармоянд:

“... Рӯзе фаро мерасад, ки ҷомеаи кишварҳои гуногун, хосса кишварҳое, ки мардумаш пайрави дини мубини исломанд, аз низоми сармоядорӣ ба низоми иқтисоди исломӣ ниёз пайдо мекунанд... Ба ақидаи ман, дар шароити Тоҷикистон сармоядорӣ (ва) тақлид аз кишварҳои ғарб саранҷом аҳволи мардумро ба танг хоҳад овард, чун ки дар бисёр маврид ин низом заминасози фасоди ҷомеа хоҳад гашт ва наметавонад кишварро аз ҳолати бӯҳрони иқтисодӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ берун биёварад. Мусаллам аст, ки мушкилоти печидаи иқтисодӣ қодир аст пояи ҳар гуна кишварро мутазалзил гардонад”.[18]

Қобили ёдоварӣ аст, ки ин суханон то қабл аз соли 2000 милодӣ баён шудааст ва ҳамон тавре ки мебинем, ба таври аҷибе барои ҷомеаи имрӯз (баъд аз таҳаввулоти ҷаҳони араб ва ба дунболи он эътирозоти мардуми ғарб аз низоми сармоядорӣ) тозагӣ дорад.

Дар идома, бо таваҷҷӯҳ ба воқеияти иқтисодии ҷаҳони имрӯз, ки бар пояи низоми сармоядорӣ устувор аст, роҳи ҳалли хешро чунин иброз медорад:

“Албатта низоми иқтисоди сармоядорӣ ҳам норасоиҳои худро дорад ва шояд дар оянда шаклҳои дигари низоми иқтисодӣ бартарияти худро нишон дода, ҷои низоми иқтисоди сармоядориро бигирад. Вале дар ҳоли ҳозир дар дунё ин низом яккатоз аст.

Тавре ки гуфтем, дар низоми иқтисоди сармоядорӣ пешрафт ва тараққӣ моли гурӯҳе аз аҳли ҷомеа мешавад, аммо ҳукумати қудратманд метавонад барои беҳшавии вазъи иқтисоди кишвар ба ҳамон гурӯҳи ҷомеа, ки дороии иқтисодӣ дар дасташон аст, таъсири ҷиддӣ расонад ва назму тартиби иқтисодро ба вуҷуд биёварад. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани ин низом, аҳволи иҷтимоии табақаҳои камбизоат беҳтар гардида, низоми сиёсӣ ва иқтисодӣ ба пешрафт мерасад ва қаноатмандии сокинони кишвар бештар мешавад ”.[19]

10. Сармоягузории хориҷӣ ва пешрафти дохилӣ:

Дар мавриди робитаи мутақобили сармоягузориҳои хориҷӣ ва пешрафти иқтисодӣ ва ғайри иқтисодии дохилӣ, чунин мефармояд:

“Яке аз муҳимтарин рукнҳои пешрафти иқтисодии кишвари мо дар ҳоли ҳозир роҳ гушодан ба сармоягузориҳои хориҷӣ мебошад. Ҳарчанд сармоягузорони хориҷӣ манфиатҳои сиёсии худро доранд, сиёсати огоҳонаи ҳукумати муқтадир метавонад бештарин манфиатҳоро ба фоидаи миллат ва кишвари худ истифода барад. Чун ки дар шароити хеле печидаи иқтисодии ҷаҳони имрӯз ҳеҷ кишваре ҳозир нест, ки худ ба сари худ ва бидуни ёрӣ ва кӯмаки кишвари дигаре иқтисодашро ба таври лозим ба роҳ бияндозад. Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки кишвари мо бо дигар мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон робитаи солим, пеш аз ҳама равобити иқтисодиро ба роҳ монад.”[20]

11. Фарҳанг:

Ҳамаи ҳайвонот барои бақои худ тарҳ ва нақшае доранд. Онҳо барои ба даст овардани ғизо, об ва ҳифозат аз қаламрави худ аз улгуҳое пайравӣ мекунанд. Шояд инсон танҳо ҳайвоне бошад, ки барои бақои худ аз улгуҳои фарҳангӣ низ пайравӣ мекунад.[21]

Устод Нурӣ дар аҳаммияти фарҳанг мефармояд:

“Фарҳанги миллӣ аз рукнҳои аслӣ ва пояи мӯътамади бақои миллат аст. Ба маҷмӯаи фарҳанги миллат, сарчашма ва захираҳои илмии кишвар, афкор ва ақидаи мардуми ҷомеа, илм ва дониш, қонунҳо ва муқаррарот, одоб, русум ва суннатҳои сокинони мамлакат дохил мешавад. Ҳар миллат бо доштани сатҳи баланди фарҳанги торихӣ ва замонӣ дар дунё ҷой ва мақоми худро соҳиб мешавад”.[22]

Ончи фарҳангро аз дигар улгуҳои зиндагӣ мутамоиз мекунад ин аст, ки фарҳанг аз тариқи ёдгирӣ ба даст меояд. Инсон меомӯзад ва аз ақлу ҳуши худ истифода мекунад. Аз дидгоҳи ҷомеашиносӣ, инсон бояд фарҳанги ҷомеаи худро биёмӯзад ва омӯхтани фарҳанг, яъне омӯхтани роҳи зиндагӣ.[23]

Дар ин росто бояд давлат даст ба кор шавад ва фарҳангро дар сатҳи боло ва барои умуми мардум густариш диҳад. Дар ин бора, Устод мефармояд:

“Баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифат ва фарҳанги миллӣ ва тасфияи он аз фарҳангҳои бегона, ба бунёди як маркази пуриқтидори илмӣ вобаста аст ва ин вазифаро Фарҳангистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Академияи улум метавонад бар ӯҳда дошта бошад. Фарҳангистон дар ҳар кишваре махзани бузурги идораи илм ва фарҳанг, тарбият ва пуштибонии афкори пешқадам ва бозёфтҳои илмӣ мебошад... Барои ба таври дилхоҳ ба роҳ мондани кори ин махзани калидӣ лозим аст пеш аз ҳама ду амри муҳим ба иҷро расонда шавад: аввал, ҳукумати кишвар барои пешбурди кори ин марказ маблағи лозим ҷудо кунад, ва дуввум, ба марказ дубора донишмандон, олимон, донишҷӯён ҷалб карда шаванд. Танҳо дар чунин сурат, сатҳи илм ва маърифат, теъдоди олим ва донишмандони қудратманд боло рафта, аз як тараф замина барои пешрафти илм муҳайё мегардад, аз тарафи дигар, Фарҳангистон метавонад ба пешрафти илм ва фарҳанг дар ҳамаи соҳаҳо таъсири мусбат расонад.”[24]

12. Эҳёи расму оинҳо ва сунан:

“Эҳтиром, ба ҷо овардан ва зинда кардани суннатҳо ва расму оинҳои мардум, аз масъалаҳои муҳимми замон аст. Расму суннатҳои мардум аз рукнҳои муҳим ва пойдори миллат аст. Дар дунё ҳар миллат ва халқе пеш аз ҳама бо суннат ва расму оинҳояш шинохта мешавад. Суннатҳо ва расму оинҳо дар хун ва қалби мардум ҷой доранд ва насл ба насл аз аср ба аср мегузаранд. Бинобар ин, ҳар ҳукумате, ки садди роҳи густариш ва ривоҷи суннатҳо ва расму оинҳои мардум шавад, дар муқобили мардум қарор хоҳад гирифт ва ин раванд барои он ҳукумат оқибатҳои харобиоваре ба ҷой хоҳад гузошт.

Бинобар ин, лозим аст ҳукумат дар чорчӯби қонунҳояш ба расму анъанаҳои мардум муқобила накунад, баръакс барои ривоҷу густариши беҳтарин анъанаҳои миллӣ ва мардумӣ ёрӣ расонад.

Дар ин миён мавзӯи дину мазҳаб барои мардуми Тоҷикистон хеле нозук ва муҳим аст... Дини мубини ислом ҷузъе аз фарҳангу муқаддасоти мардуми Тоҷикистон аст ва ба ҳар баҳонае даст дароз кардан ба суннатҳои муқаддаси он метавонад норизоятии мардумро то рафт боло барад...”[25]

Манобеъ ва маъохиз:

  1. Азудонлу, Ҳамид, Ошноӣ бо мафоҳими асосии ҷамеашиносӣ, Теҳрон, нашри Най, чопи сеюм, 1388.
  2. Нурӣ, Сайидабдуллоҳ, Назаре ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи ислом, нашри Кумитаи фарҳангии Наҳзати Исломии Тоҷикистон, интишорот: Уфуқи фардо, навбати чоп аввал, соли 1380 ҳ.
  3. Нурӣ , Сайидабдуллоҳ, Имрӯз ва фардои Тоҷикистон, Тоҷикистон – Душанбе, интишороти Суруш, 2000 милодӣ.
  4. Торномаи: http://www.noormags.com маҷаллаи “Таҳқиқоти исломӣ” , баҳор ва тобистони соли 1381, соли чаҳордаҳум, шумораи 1, ва 2 ва соли панздаҳум – шумораи 1, Юсуфиён, Ҷавод, маҷаллаи “Андешаи иҷтимоӣ дар тамаддуни исломӣ”.
  5. Торномаи: htt://nahzat.tj мақолаи: “Ба баҳонаи шашумин солгарди реҳлати устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ”, таълиф: Муҳйиддин Кабирӣ (Раҳбарӣ кунунии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон).
  6. Торномаи: http://www.hozehkh.com Суханронии Муҳаммадалии Муродӣ (устоди фалсафаи Анҷумани улуми иҷтимоӣ ва пажуҳишгари фалсафа) дар ҳамоиши “Дониши иҷтимоӣ дар андешаи мутафаккирони мусалмон” дар Машҳад.
  7. Торномаи: http://tg.wikipedia.org гузинаи (Сайидабдуллоҳи Нурӣ).
  8. Торномам: http://shariati.nimeharf.com Онӣ Козим, “Баррасии татбиқии дидгоҳҳои равишшинохтии Ибни Халдун ва Шариатӣ”.

Кимиёи саодат

[1] - Суханронии Муҳаммадалӣ Муродӣ (устоди фалсафаи Анҷумани улуми иҷтимоӣ ва пажӯҳишгари фалсафа) дар ҳамоиши “Дониши иҷтимоӣ дар андешаи мутафаккирони мусалмон” дар Машҳад. Манбаъ: торномаи http://www.hozehkh.com

[2] - Дар таҳияи зиндагинома аз ин манобеъ истифода гардид: пушти ҷилди китоби “Назаре ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом”, таълифи Сайидабдуллоҳи Нурӣ, ношир: Кумитаи фарҳангии Наҳзати Исломии Тоҷикистон, навбати чоп: аввал, соли чоп: 1380; Мақолаи: “Ба баҳонаи шашумин солгарди реҳлати устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ”, таълифи Муҳиддин Кабирӣ (раҳбари кунунии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон) ба нақл аз Торномаи: htt://nahzat.tj ва низ торномаи http://tg.wikipedia.org гузинаи “Сайидабдуллоҳи Нурӣ.”

[3] - “Назаре ба ҳуқуқи башар дар ислом”, Сайидабдуллоҳи Нурӣ, танзим: Кумитаи фарҳангии Наҳзати Исломии Тоҷистон, ношир: Уфуқи фардо, чопи аввал, соли 1380, саҳ 16-17.

[4] - Ҳамон саҳ 9.

[5] - Сураи Ҳуҷурот, ояти 13.

[6] -“Назаре ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом” саҳ 19-20.

[7] - Нурӣ, Сайидабдуллоҳ, “Имрӯз ва фардои Тоҷикистон” , Тоҷикистон- Душанбе, интишороти Суруш, 2000, саҳ 10-11.

[8] - Ҳамон, саҳ 12.

[9] - Ҳамон, саҳ 14-15.

[10] - Ҳамон, саҳ 15-17.

[11] - Ҳамон, саҳ 13-14.

[12] - Ҳамон, саҳ 15-16.

[13] - Ҳамон, саҳ 18.

[14] - Зоҳирсозӣ.

[15] - “Имрӯз ва фардои Тоҷикистон” саҳ 18-19.

[16] - Ҳамон, саҳ 19-20.

[17] - Ҳамон , саҳ 22 – 23 .

[18] - Ҳамон , саҳ 23.

[19] - Ҳамон , саҳ 24.

[20] - Имрӯз ва фардои Тоҷикистон, саҳ 25.

[21] - Азудонлӯ, Ҳамид, “Ошноӣ бо мафоҳими асосии ҷомеашиносӣ”, Теҳрон, нашри Най, чопи сеюм, 1388, саҳ 446.

[22] - Ҳамон, саҳ 31 – 32 .

[23] - Ошноӣ бо мафоҳими асосии ҷомеашиносӣ, саҳ 446 – 447.

[24] - Имрӯз ва фардои Тоҷикистон, саҳ 33.

[25] - Ҳамон, саҳ 40 – 42

кимиёи саодат

2