Please update your Flash Player to view content.

Охирин матолиб

Бӯсидани дасти коргар

Бӯсидани дасти коргар

Замоне ки Расули Худо(с) аз ҷанги Табук бармегашт Саъди Ансорӣ ба истиқболи ҳазрат омад ва ба...

Калидро мешиносед?

Калидро мешиносед?

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст! Гар сухан ҷон набувад мурда чаро хомӯш аст? Забон...

Гавҳари офариниш

Гавҳари офариниш

Эй гавҳари поки офаринишЭй раҳбари аҳли илму бинишЭй бо дили поку рӯҳи огоҳДарёфт намудӣ ҳукми...

Чӣ касоне аз раҳмати Худо умедворанд?

Чӣ касоне аз раҳмати Худо умедворанд?

Худои Мутаол дар ояти 218 сураи Бақара мефармояд: إِنَّ الَّذِينَ ءَامَنُواْ وَالَّذِينَ...

Аввалин хонаводаи мусулмон

Аввалин хонаводаи мусулмон

Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳар сола муддате хонаву ҷомеаро тарк мекард ва барои ибодат ба ғори Ҳиро...

  • Бӯсидани дасти коргар

    Бӯсидани дасти коргар

  • Калидро мешиносед?

    Калидро мешиносед?

  • Гавҳари офариниш

    Гавҳари офариниш

  • Чӣ касоне аз раҳмати Худо умедворанд?

    Чӣ касоне аз раҳмати Худо умедворанд?

  • Аввалин хонаводаи мусулмон

    Аввалин хонаводаи мусулмон

Паёмбари Аъзам(с) фармуд:
شَرُّ الناسِ عندَ اللّه ِ يَومَ القِيامَةِ الذين يُكرَمُونَ اتِّقاءَ شَرِّهِم
Рӯзи қиёмат бадтарин мардум дар пешгоҳи Худо касоне ҳастанд, ки мардум аз тарси газандашон ба онҳо эҳтиром бигузоранд.

Маориф

ноября 09, 2018

Чӣ касоне аз раҳмати Худо умедворанд?

in Қуръон ва Ҳадис by M-Farhang
Худои Мутаол дар ояти 218 сураи Бақара мефармояд: إِنَّ الَّذِينَ ءَامَنُواْ وَالَّذِينَ هَاجَرُواْ وَجَهَدُواْ فِى سَبِيلِ اللَّهِ أُولَئِكَ يَرْجُونَ رَحْمَتَ اللَّهِ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ‏ Дар ҳақиқат касоне, ки имон овардаанд ва касоне, ки муҳоҷират…
нояб 08, 2018 12

Таҷлили Худо аз фидокории беназир

Шаби аввали моҳи Рабеъулаввал фидокории ҳазрати Алӣ (а) дар Лайтатулмабит муборак бод!…
нояб 08, 2018 10

Азоб ё лаззат?

Худованд ба воситаи паёмбарони худ ба касоне, ки имон ба Худо ва қиёмат ва паёмбарон(а)…
нояб 06, 2018 12

Зинда шудани мурдагон

Ба ин мисол диққат кунед: Агар шахсе афроди зиёдеро ба меҳмонӣ даъват кунад ва дар…
how to change background in joomla

Маҳфили «аҷам» нақши занон дар ҷумҳурии исломии эрон

Бо ибтикори Маҳфили фарҳангии «Аҷам» дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс таҳти унвони «Нақши занон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон  пеш аз инқилоб ва баъд аз инқилоби исломӣ» баргузор гардид. Дар кори конфронс асосан  бархе аз ҷавонони донишҷӯи мактабҳои олии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ раиси маҳфили фарҳангии «Аҷам» Ҳотам Файзуллоев кушод.

Сипас Қаҳҳори Расулиён, доктори илмҳои таърих, муаллими Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, дар мавзӯӣ «Нақши зан дар ҷомеа аз нигоҳи Имом Хумайнӣ», Умар Сафар, декани факултети шарқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ҷойгоҳи зан дар Ҷумҳурии Исломии Эрон», Ҳусайн Шерхонӣ, корманди фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзӯи «Фаъолиятҳои густурдаи занон баъд аз инқилоби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон» ва Султони Ҳамад, рӯзноманигор, дар мавзӯи «Фаъолияти занон дар парламенти Ҷумҳурии Исломии Эрон»  маърӯза ва суханрониҳо карданд.

Дар муҳокимаи маърӯза ва суханрониҳо Анзурат Маликова, ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абдуллоҳи Рӯдакӣ, Барнои Қодирдухт, шоираи ширинкаломи тоҷик, Нилуфари Ҳайдаршо, донишҷӯи соли чоруми факултаи Шарқшиносии ДМТ ва дигарон ширкат варзиданд. Маҳфили фарҳангии «Аҷам» ташкилоти ҷамъиятест, ки беш аз 5-сол боз фаъолият намуда ҳадафи асосии он мусоидат кардан ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву иҷтимоии мардуми се кишвари ҳамдину ҳамзабон ва дорои таърихи муштарак - Тоҷикистону Эрону Афғонистон мебошад.

Манбаъ: http://ruzgor.tj

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти

Ҷомеа ва хонавода

Матолиби гуногун

Дин ва мазҳаб

Таърих ва достон