Please update your Flash Player to view content.

Охирин матолиб

Баракатҳои тиҷорати наҷотдиҳанда

Баракатҳои тиҷорати наҷотдиҳанда

Худованди Мутаол дар ояти 12 сураи Саф мефармояд: يَغْفِرْلَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَيُدْخِلْكُمْ...

Аввалин хона

Аввалин хона

Худои Мутаол дар ояти 96 сураи Оли Имрон мефармояд: إِنَّ أَوَّلَ بَيْتٍ وُضِعَ لِلنَّاسِ...

Хостгорӣ аз Хадиҷа (рз)

Хостгорӣ аз Хадиҷа (рз)

Сафия ба хонаи ҳазрати Хадиҷа рафт. Вақте Хадиҷа шунид, ки Сафия ба диданаш омадааст, аз ӯ ба...

Кӯдак ва ҳасодат -2

Кӯдак ва ҳасодат -2

Чӣ бояд кард? Ба шахсияти ӯ эҳтиром бигузоред. Бо додани масъулият ва эҷоди заминаи мушорикат ӯро...

Ошноӣ бо ахлоқи Паёмбари Ислом (с)

Ошноӣ бо ахлоқи Паёмбари Ислом (с)

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: (Эй паёмбар,) дар ҳақиқат ту бар ахлоқи бузурге ҳастӣ....

  • Баракатҳои тиҷорати наҷотдиҳанда

    Баракатҳои тиҷорати наҷотдиҳанда

  • Аввалин хона

    Аввалин хона

  • Хостгорӣ аз Хадиҷа (рз)

    Хостгорӣ аз Хадиҷа (рз)

  • Кӯдак ва ҳасодат -2

    Кӯдак ва ҳасодат -2

  • Ошноӣ бо ахлоқи Паёмбари Ислом (с)

    Ошноӣ бо ахлоқи Паёмбари Ислом (с)

Имом Содиқ (а) фармуд:
ما سبیل من سبیل الله افضل من الحج الا رجل یخرج بسیفه فیجاهد فی سبیل الله حتی یستشهد
Ҳеҷ роҳе аз роҳҳои Худо бартар аз ҳаҷ нест, магар ин ки марде шамшер бардорад ва дар роҳи Худо ҷиҳод кунад то шаҳид гардад.
Биҳор, ҷ. 96, саҳ. 49

Маориф

августа 18, 2018

Баракатҳои тиҷорати наҷотдиҳанда

in Қуръон ва Ҳадис by M-Farhang
Худованди Мутаол дар ояти 12 сураи Саф мефармояд: يَغْفِرْلَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَيُدْخِلْكُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ وَ مَسَاكِنَ طَيِّبَةً فِى جَنَّاتِ عَدْنٍ ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ‏ Худованд гуноҳони шуморо ме‏омурзад ва ба боғ‏ҳое,…
авг 16, 2018 5

Ошноӣ бо ахлоқи Паёмбари Ислом (с)

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: (Эй паёмбар,) дар ҳақиқат ту бар ахлоқи бузурге…
авг 16, 2018 2

Шароити тиҷорати наҷотдиҳанда 

Худои Мутаол дар ояти 11 сураи Саф мефармояд:تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ…
авг 15, 2018 6

Тиҷорати судманд

Худои Мутаол дар ояти даҳуми сураи Саф мефармояд: يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ هَلْ…
how to change background in joomla

Бисёр мешавад, ки инсон, ба унвони як озмуни илоҳи дар дохили кишварҳои исломи ё беруни он дар миёни гуруҳе бебанду бор гирифтор мешавад, ки ӯро ба ҳамранги худ металабанд. Инҷост, ки васвасаҳои нафсу шайтонҳо шуруъ мешавад, ки чорае ҷуз ҳамранг шудан бо ҷамоат нест ва барои ин кор узрхоҳи воҳи метарошад!

Мизони рушди ахлоқӣ, истиқлолли шахсият ва шукуфаҳое имон ҳар инсоне дар ин гуна шароит зоҳир мешавад онҳо ки ҳамчун хасе бо мавҷҳо ҳаракат мекунанд, ғарқи фасод мешаванд ва расво нашуданро дар ҳамрнаги бо ҷамоат олудагон мепиндоранд, онҳо инсонҳои беарзиш ҳастанд, ки аз ҷаваҳрааи одамият ба пустае қаноат кардаанд.

Анбиё ва авлиёи илоҳӣ ва пуядндагони роҳ, ғолибан дар замони худ ҳамин гирифториро доштанд вале бо сабр ва шикебои ва истиқомат на танҳо ҳамранг нашуданд, балки муҳити худро дигаргун сохтанд ва ба ранги худ дароварданд! Сохтан бо муҳит ва ҳамранги бо он, кори инсонҳои беирода аст, вале сохтани муҳитҳои нав ва иҷоди таҳаввум ва дигаргунаи мусбат, кори қудртамандон ва муъминони шуҷоъ ва бо шаҳомат аст.

Бо мувоҷеҳа шудан ва қарор гирифтан дар чунин шароите, ду роҳи пеш пойи инсон қарор мегирад: Ё муқаллидона роҳи дигаронро пеш мегиранд ва ё бо тадаббур ва тафаккур роҳи некуро интихоб менамояд.

Барномаи гуруҳи аввал тақлиди куркурона ва шиорашон

«اِنّا وَجَدْنا آبائَنا عَلى اُمَّة وَ اِنّا عَلى آثارِهِمْ مُقْتَدُونَ»

“Балки онҳо мегуянд: Мо ниёкони худро бар оинае ёфтем ва мо низ ба пайрави онон ҳидоят ёфтаем». Сураи Зухруф, ояти 22,

قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ لَا تَغْلُوا فِي دِينِكُمْ غَيْرَ الْحَقِّ وَلَا تَتَّبِعُوا أَهْوَاءَ قَوْمٍ قَدْ ضَلُّوا مِن قَبْلُ وَأَضَلُّوا كَثِيرًا وَضَلُّوا عَن سَوَاءِ السَّبِيلِ

“Бигу эй аҳли китоб, дар дини худ ба ноҳақ муболиға накунед ва аз ҳавоҳои гуруҳе, ки аз пеш гумроҳ шуданд ва бисёре аз мардумонро гумроҳ карданд ва аз роҳи рост мунҳариф шуданд, пайрави макунед.” Сураи Моида, ояти 77.

وَاتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ إِبْرَاهِيمَ إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوْمِهِ مَا تَعْبُدُونَ  قَالُوا نَعْبُدُ أَصْنَامًا فَنَظَلُّ لَهَا عَاكِفِينَ  قَالَ هَلْ يَسْمَعُونَكُمْ إِذْ تَدْعُونَ  أَوْ يَنفَعُونَكُمْ أَوْ يَضُرُّونَ  قَالُوا بَلْ وَجَدْنَا آبَاءَنَا كَذَٰلِكَ يَفْعَلُونَ

«Хабари Иброҳимро барояшон бихон дар он ҳангоме, ки ба падар (амаки) ва касонаш гуфт: Чи мепарастед? Гуфтанд: Бутонро мепарастем ва пайваста бар парастиши онҳо мудовимат медиҳем гуфт: Агар онҳоро бихонед, мешунаванд? Ё барои шумо суду зиёне доранд? Гуфтанд: Падаронамонро дидем ки чунин мекунанд.» Сураи Шуаро, оёти 69 то 74.

Тақлиди куркурона мамнуъ!

Ҳадисе аст, ки шахсе ба ҳазрати Содиқ(а) арз кард, ки авом ва бесаводони яҳуд роҳе надоштанд ҷуз инки аз уламои худ ҳарчи мешунаванд қабул кунанд ва пайрави намоянд. Агар тақсире ҳаст мутаваҷҷеҳи уламои яҳуд аст. Чаро Қуръон авомунноси бечораро ки чизе намедонистанд ва фақат аз уламои худ пайрави мекарданд мазаммат мекунад?

Чи фарқе байни авоми яҳуд ва байни авоми мо ҳаст? Агар тақлид ва пайрави авом аз уламо мазмум аст пас авоми мо низ ки аз уламои мо пайрави мекунанд бояд мавриди маломат ва мазаммат қарор гиранд. Агар онҳо намебоист қавли уламои худро бипазиранд, инҳо низ набояд бипазиранд, ҳазрат фармуд:

Авом ва уламои мо ва авом ва уламои яҳуд аз як ҷиҳат фарқ доранд ва аз як ҷиҳат мисли ҳаманд; аз он чиҳат ки мисли ҳам мебошанд Худованд авоми моро низ ба он навъ тақлид аз уламо мазаммат карда ва аммо аз он ҷиҳат, ки фарқ доранд не. Фармуд: Авоми яҳуд уламои худро дар амал дида буданд, ки ошкоро дуруғ мегуянд, аз ришва парҳез надоранд, аҳкомро ба хотри ру дар боистиҳо ва ришваҳо тағир медиҳанд, медонистанд ки дар бораи афрод ва ашхос асабият ба харҷ медиҳанд, ҳуббу буғзи шахсеро дахолат медиҳанд, ҳаққи якеро ба дигаре медиҳанд. Онгоҳ фармуд:

Ба ҳукми илҳомоти фитри умуми, ки Худованд дар сиришти ҳар кас таквинан қарор дода, медонистанд ки ҳар кас ки чунин аъмоле дошта бошад набояд қавли ӯро пайрави кард, набояд қавли Худо ва пайғамбари Худоро бо забон ӯ қабул кард.

Ва ба ҳамин қарор аст ҳоли авоми мо. Инҳо низ агар дар фиқҳҳои худ аъмоли хилоф, таассуби шадид, тазоҳум бар сари дунё, тарафдори аз тарафдорони худ ҳарчанд носолеҳ бошанд, кубидани мухолифини худ ҳар чанд мустаҳақааи эҳсон ва неки бошанд, агар ин аъмолро дар онҳо ҳисс кунанд ва боз ҳам чашми худро бибанданд ва аз онҳо пайрави кунанд, айнан монанди ҳамон авоми яҳуд ва мавриди мазаммат ва маломат ҳастанд.

Пас маълум мешавад, ки тақлиди мамдуҳ ва хуб ва машруъ сар супурдан ва чашм бастан нест, чашм боз кардан ва муроқиб будан аст ва агар не масъулият ва ширкат дар ҷурм аст.

Барномаи гуруҳи дувум, тафаккур ва тадаббур ва интихоби шоиста ва шиорашон

لَّا تَجِدُ قَوْمًا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ يُوَادُّونَ مَنْ حَادَّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَلَوْ كَانُوا آبَاءَهُمْ أَوْ أَبْنَاءَهُمْ أَوْ إِخْوَانَهُمْ أَوْ عَشِيرَتَهُمْ ۚ أُولَٰئِكَ كَتَبَ فِي قُلُوبِهِمُ الْإِيمَانَ وَأَيَّدَهُم بِرُوحٍ مِّنْهُ ۖ وَيُدْخِلُهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ ۚ أُولَٰئِكَ حِزْبُ اللَّهِ ۚ أَلَا إِنَّ حِزْبَ اللَّهِ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

“Ҳеҷ қавме нахоҳи ёфт ки имон ба Худо ва рӯзи ҷазо дошта бошад ва дар айни ҳол бо касоне ки бо Худо ва расулаш душмани мекунанд, дусти кунад ҳар чанд душмани Худо ва расул падарон ва ё фарзандон ва ё бародаронашон ва ё қавму қабилаашон бошад, барои инки Худованд дар дилҳояшон имонро навишта ва бар руҳе аз худаш тайидашон карда аст ва дар ҷанноте ки наҳрҳо дар зери дарахтонашон ҷори аст дохилашон мекунад то ҷовидан дар он башонд. Худо аз ишон рози шуд ва ишон аз Худо роҳи шуданд инон ҳизби Худоянд, огоҳ! Ки танҳо ҳизби Худо растгоронанд (сураи Муҷодила, ояти 22) мебошад.”

Бале Руҳулқудус ба ёрии онҳо мешитобад ва фариштагони илоҳи аз онҳо посдори менамоянд ва ба тақвияти руҳияи онҳо мепардозанд ва онҳоро даъват ба мақомот мекунанд.

Ҳон эй азиз! Агар дар чунин шароите гирифтор шуди, худро ба Худо бисупор ва бар зоти покаш таваккал кун ва аз касратул хабис ваҳшат накун ва ин озмунро бо муваффақият, пушти сар бигузор, то аз баракати он баҳраманд шави ва бигу:

قُل لَّا يَسْتَوِي الْخَبِيثُ وَالطَّيِّبُ وَلَوْ أَعْجَبَكَ كَثْرَةُ الْخَبِيثِ ۚ فَاتَّقُوا اللَّهَ يَا أُولِي الْأَلْبَابِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

“Нопок ва пок яксон нест ҳарчанд касрати нопокон туро дар таҷҷуб фуру барад, тақвои илоҳӣ пеша кунед эй хирадмандон то растгор шавед.” Сураи Моида ояти 100.

Имом Ризо(а) тавсея кардаанд, ки дар рӯз панҷом оят аз Қуръонро қироат кунед, зеро Қуръон инсонро бо маорифи илоҳӣ ошно мекунад ва боиси худсози инсон мешавад. Қуръон инсонро даъват ба қироати бо тадаббур, тааққул ва андеша мекунад, Қуръон ба аҷул будан тавсея намекунад ва дидгоҳи Қуръони Карим ҳамранги ҷамоат шудан хато аст. Инсон ҳамеша бояд бо ҳаққ ва ҳақиқат ҳамранг ва ҳамроҳ шавад ва корҳо бо хирадварзи анҷом мешавад.

Ин озмуни илоҳӣ махсусан барои ҷавонони азиз дар замони мо аҳамияти бештаре дорад ва онҳо ҳастанд, ки метавонанд аз пирӯзи дар ин имтиҳони бузург бар боли фариштагони раҳмат савор шаванд ва дар авҷи осмони қурби Парвардигор ба парвоз дароянд!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти

Ҷомеа ва хонавода

Матолиби гуногун

Дин ва мазҳаб

Таърих ва достон