Please update your Flash Player to view content.

 Як англис аз олиме пурсид: Чаро дар Ислом даст додани зан бо марди номаҳрам ҳаром аст?

Марди олим гуфт: Оё метавонӣ бо малика Элизобет даст бидиҳӣ?

Англис гуфт: Албатта, ки на. Фақат чанд нафари андак ҳастанд, ки метавонанд бо малика даст диҳанд.

Марди олим гуфт: Занҳои мо ҳама малика ҳастанд ва маликаҳо бо мардони бегона даст намедиҳанд.

Он мард дубора савол кард: Чаро занҳои шумо мӯҳо ва бадани худро мепӯшонанд ё ҳиҷобро риоят мекунанд?

Олим табассуме кард ва ду адад шакалотро гирифт. Якеро боз кард ва дувумиро ҳамон тавр баста боқӣ гузошт. Баъд ҳар дуи онро ба замин андохт ва ба он мард гуфт: Агар ман бигӯям, ки яке аз онҳоро бардор, кадомро интихоб мекунӣ?

Англис гуфт: Ҳамон шакалотеро, ки пӯшиш дорад.

Олим гуфт: Ба ин далел аст, ки занҳои мо ҳиҷобро риоят мекунанд

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти