Модар фаришта буд фақат болу пар надошт

Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.

Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек,

Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт...

Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,

Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.

Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,

Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт,

Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки модарам,

Рӯи лабаш ба ғайри "видоъ эй писар" надошт...

Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт,

Дигар илоҷ пеши қазову қадар надошт.

Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд,

Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст