Please update your Flash Player to view content.

Инсонҳое, ки мехоҳанд хостаи фитриашонро ба ғайр аз роҳи ҳақиқӣ оромиш бахшанд аз норизоятӣ меноланд. Набуди маънавият ва анҷоми гуноҳону олудагиҳои ахлоқӣ сабаби нооромӣ ва даргирии дарунӣ аст. Касе, ки дилаш саршор аз имону тақво ва дар дин устувор бошад бо қудрати зиёд метавонад дар баробари мушкилот сабр ва истодагӣ намояд ва чун сабраш ҳам ба фармони Худои Мутаол аст аҷру подош дорад ва оромиш меорад. Пас барои наҷоту пирӯзӣ дар сахтиҳо ва гирифториҳо бояд хостаҳо ва майлҳои даруниро дар роҳи дуруст мудирият кард. Барои ин кор ниёз ба сармашқҳои воқеӣ ва созанда дорем, ки дар фитрати ҳамаи ҳатто кофирон ва мунофиқон ҳаст. Як зани мусулмони бояд дунболи камол, нур, фаҳм, басират ва биноӣ бошад ва ва сармашқҳои муносиб пайдо кунад ва барои пайравӣ аз он талош намояд. Яке аз беҳтарин садафҳои иффату покдоманӣ ва намунаи рӯзгор сарвари занони ду олам ҳазрати Фотимаи Заҳро (Дуруди Худо бар ӯ бод) мебошад. Зани мусулмон бояд ба сӯи камолоти Фотимаи Заҳро ҳаракат намояд то ба он оби ҳаёт ва кавсари ҳикмати ҳастӣ бирасад. Бояд занони мусулмон ба фикри иртиботи рӯҳӣ бо ҳазрати фотимаи Заҳро (с) бошанд, зане ки битавонад худро аз олудагиҳои рӯҳӣ наҷот диҳад, даруни худро аз торикиҳои гуноҳон берун бикашад метавонад дар камтарин муддати мумкин худро омодаи иртиботи рӯҳӣ бо он сарвари занон бинамояд. Дурӣ ва ғафлат аз ин намунаи тобнок зарари ҷуброннопазире дорад. Ӯ дар сураи Кавсар ба хайри касири  Паёмбар (с) муаррифӣ шудааст. Бо шинохт ва пайравии дуруст ва талош дар ин роҳ зани мусулмон ҳам ба хайри касир бирасад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти