Please update your Flash Player to view content.

   Қуръон аз ин арзиши инсонӣ ва исломӣ бо вожаҳое чун ифоф, эҳсон ва ҳусур, бо азамат ёд намуда. Яке аз вижагиҳои муъминони ростинро покдомани ва ифоф медонад ва мефармояд:

وَالَّذِينَ هُمْ لِفُرُوجِهِمْ حَافِظُونَ[1]

Оно (муъминон) касоне ҳастанд, ки худашонро аз беиффатӣ ҳифз мекунанд.

Ҳатто дарбораи занони солхурда, ки умеде ба издивоҷ бо онҳо нест ва масоили ҳиҷоб барои онҳо осонтар гирифта шудааст низ мефармояд:

وَأَنْ يَسْتَعْفِفْنَ خَيْرٌ لَهُن[2]

Ва агар худро бипушонанд барои онҳо беҳтар аст.

   Дар аҳмияти ифоф ҳамин бас, ки Худованд дар Қуръон, сураеро ба номи сураи "Нур" ба баёни лозим будани ифоф ихтисос дода ва роҳҳои расидан ба он ва мубориза бо олудагиҳои ҷинсиро баён фармудааст. Қуръон ҳатто дар баёни аҷибтарин достонҳои таърихӣ чун достони ҳазрати Юсуф ҷониби ифофро риоят намудааст. Ба баёни дигар бояд гуфт Қуръон китоби ифоф ва барномае аст барои касонеки бихоҳанд роҳи саодатбахши ифофро биёбанд ва амал кунанд.

Иффат ва покдоманӣ дар Ислом, М. Акбарӣ.

 


[1]. Муъминун, ояти 5.

[2]. Нур, ояти 60.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти