Please update your Flash Player to view content.
Моҳи Шаъбон ҳаштумин моҳи қамарӣ аст. Моҳи бисёр шариф ва мансуб ба Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аст. Ҳазрати Расул мефармуд: Дар ин моҳ барои ҷалби муҳаббати пайғамбари худ ва барои наздикӣ ба сӯи Парвардигори худ рӯза гиред, ки дар ин сурат касе, ки чунин кунад Худованд ӯро дӯст медорад ва дар рӯзи қиёмат каромати худро насиби ӯ мегардонад ва биҳиштро бар ӯ воҷиб мекунад.
Дар ин моҳ ҳамаи мусулмонон талош мекунанд худро бо амалҳои солеҳ ва бандагии Худо ба холиқи худ наздик ва омодаи ҳозир шудан дар моҳи мубораки Рамазон кунанд. Баъзе аз амалҳое, ки дар ин моҳ супориш шудааст пешкаши шумо мегардад то ҳамаи мо Ин шоа Аллоҳ тавфиқи амал пайдо намоем.
1. Ҳар рӯз ҳафтод мартаба бигӯяд: "Астағфируллаҳа ва асъалуҳу ат-тавбата"
2. Ҳар рӯз ҳафтод мартаба бигӯяд: "Астағфируллоҳа аллази ло илоҳа илло ҳува ар-Раҳмону ар-Раҳиму ал-Ҳайю ал-Қайюму ва атубу илайҳи." Аз ривоятҳо фаҳмида мешавад, ки беҳтарин дуоҳо ва зикрҳо дар ин моҳ истиғфор аст ва ҳар ки ҳафтод мартаба ҳар рӯз дар ин моҳ истиғфор кунад мисли он аст, ки ҳафтод ҳазор бор дар моҳҳои дигар истиғфор кунад.
3. Садақа кунад дар ин моҳ агарчи нисфи донаи хурмои бошад то Ҳақ Таоло бадани ӯро бар оташи ҷаҳаннам ҳаром гардонад.
4. Дар тамоми ин моҳ ҳазор бор бигӯяд: "Ло илоҳа илло Аллоҳу ва ло наъбуду илло иёҳу мухлисина лаҳу ад-дина ва лав кариҳа ал-мушрикина", ки савоб бисёр дорад аз ҷумла он ки ибодати ҳазорсола дар номаи амалаш бинависанд.
5. Дар ҳар панҷшанбеи ин моҳ ду ракъат намоз гузорад ва дар ҳар ракъат баъд аз Ҳамд сад мартаба сураи Тавҳид бихонад ва баъд аз салом сад бор салавот бифиристад то Ҳақ Таоло бароварад ҳар ҳоҷате, ки дорад аз кори дин ва дунёи худ.
6. Рӯза гирад. Ривоят шуда, ки дар ҳар рӯзи панҷшанбеи моҳи Шаъбон зинат мекунанд осмонҳоро пас малоика арз мекунанд: Худовандо, биёмурз рӯзадорони ин рӯзро ва дуои эшонро бипазир. Дар хабар аз Набии Худо омадааст, ки ҳар ки рӯзи душанбе ва панҷшанбеи Шаъбонро рӯза дорад Ҳақ Таоло бист ҳоҷат аз ҳоҷатҳои дунё ва бист ҳоҷат аз ҳоҷатҳои охирати ӯро баровард.
Аз ҳазрати Содиқ(а) дар бораи фазилати рӯзаи Раҷаб пурсиданд фармуд: Чаро ғофилед аз рӯзаи Шаъбон! Ровӣ пурсид: Эй фарзанди Расули Худо, чӣ савоб дорад касе, ки як рӯз аз Шаъбонро рӯза бидорад? Фармуд: Ба Худо қасам биҳишт савоби ӯст. Арз кард: Эй фарзанди Расули Худо, беҳтарин аъмол дар ин моҳ чист? Фармуд: Садақа додан ва истғфор. Ҳар ки садақа диҳад дар моҳи Шаъбон Ҳақ Таоло онро тарбият кунад, ҳамчунон ки яке аз шумо шутурбачаашро тарбият мекунад то он ки дар рӯзи қиёмат бирасад ба соҳибаш, дар ҳолате ки ба андозаи кӯҳи Уҳуд шуда бошад
7. Дар ин моҳ салавот бисёр фиристода шавад.
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Парвардигоро, моро дар анҷоми бандагӣ кӯмак кун ва аз фазилатҳои моҳи Шаъбон баҳраманд гардон!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти