Чӣ рӯзе арзандатар ва муносибтар аз солрӯзи таваллуди бонуи намунаи ҳастӣ, сарвари занони олам ва занони аҳли биҳишт ҳазрати Фотимаи Заҳро духтари ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) ва ҳазрати Хадиҷаи Кубро(рз) барои гиромидошти мақоми модар метавонад бошад! 20 Ҷимодиссонӣ (26/2/2109) солрӯзи мелоди босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(рз) аст. Ин муносибат ва рӯзи зан-модарро ба шумо оромишбахшҳои оила ва наслу зиндагии инсон табрик мегӯем!
Вақте чашм ба ҷаҳон кушодам, қалб кӯчакам меҳрубонии лабханд ва нигоҳатро, ки пур аз садоқату муҳаббат ва бериёӣ буд эҳсос кард. Дидам замонеро, ки бо лабхандам лабханди зебое бар чеҳраи хастаат нишаст ва дунёят сабз шуду бо гиряам дилат ларзид ва тӯфонӣ гашт. Аз ҳамон лаҳза фаҳмидам, ки танҳо дар канори ин нигоҳи пурмеҳр ва муҳаббат аст, ки эҳсоси оромиш ва хушбахтӣ хоҳам кард.
Модари меҳрубонам, ту тамоми шодиҳоятро ба ман бахшидӣ ва ғамҳоятро дар худ фурӯ рехтаӣ, то нафас дорам ва баъд аз марг низ рӯҳам фаромӯшат нахоҳад кард.
Эй Худои бузург, ба ман тавоноӣ бидеҳ, ки ҳаргиз аз пиллаҳои ғурур боло наравам ва лаҳзаҳои шодамро дар канораш бошам. Кӯмак кун, то қалби рауф ва чун оина софи ин фариштаи заминиатро ҳаргиз наларзонам ва тира накунам ва осмони орзуҳояшро хароб накунам.
Гиромидошти рӯзи модар, гиромидошти фариштаи осмонӣ аст, ки Худованд ба ҳар инсоне дар рӯи замин яке аз онҳоро ҳадя додааст, фақат ва фақат яке, ки ҳеҷ ҷойгузине надорад. Фариштаи меҳрубону нотакрори зиндагии ман, рӯзат муборак!
2