Чӣ қадар калимаи ширин ва дилангез аст.
Вақте Модар мегӯем тамоми бадану рӯҳамонро эҳсоси хубе фаро мегирад ва аз он ҳаловат мебарем.
Модар ба мисли замин якто аст. Муҳаббати ӯ ба фарзандон беканора, беназир ва ҷовидонӣ аст.
Як шаба ранҷе, ки Модар кашид
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Туро ёд кардаам, модарҷон! Дар танҳоӣ чашм мепӯшам ва садои хандаҳову навозишҳоят ба гӯшам мерасад. Вақте чашм мекушоям ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввури хотиротам буд.
Туро ёд кардам, модари азизам! Чигуна ва чӣ суханҳое бароят бигӯям то ту дар наздам ҳозир шавӣ ва туро оғӯш гирам! Сарамро болои китфонат гузораму дилшод шавам. Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам доранд.
Чӣ қадар вазнин ва мушкил ин дурӣ аз ту! Туро ёд кардаам.
Биё модарҷонам, даст бар сарам бигузору дили мисли мавҷҳои дарё пурталотуми маро ором намо!
Биё, то ба ту розӣ дил бигуям!
Эй раҳмати Худованд, ту бузургтарин шахси ҳаётӣ, зеро бо ин ҳама бузургӣ маро пиҳил кардӣ ва бахшидӣ.
Эй ҷаннати Парвардигор дар рӯи замин, Ту василаи хушбахтии ҳаёти ман ҳастӣ, зеро маро бизодӣ, шабҳо сари гаҳвораам нишаста бехобӣ кашидӣ, аз шираи вуҷудат шири сафедам додӣ.
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст
Дар зери қудуми модарон аст.
Хоҳӣ, ки ризои Ҳақ биёбӣ
Он ҷӯ, ки ризои модарон аст!
Туро ёд кардаам, модар! Ту мисли гул ҳастӣ, ки аз бӯи хушат ҷаҳон муаттару шодоб аст.
Туро ёд кардаам, эй гавҳари бебаҳоям! Аз ин дурӣ дилам шикаста аст мисли намози мусофир.
Оре, давлати фарзандон ва шамъи ҷамъи хонадон модар аст.
Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо “алла”-и пурмуҳаббати модар оғоз мешавад ва бо номи он поён меёбад.
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар
Аз сарвату зи шӯҳрат гар бар фалак занад сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои Модар,
Бале Модар қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, ҳимматбаланду саховатмандтарин офаридаи холиқи ҳастӣ аст.
Худоё, модарони азизро сиҳҳату саломат нигаҳ дор ва асирони хокашонро раҳмату мағфират ва шоистагии ҷаннат ато кун ва моро қадрдони ин неъматҳои беназиру гаронбаҳоят бигардон ва бо ризояти онҳо аз мо розӣ шав ва моро аҳли саодати ду олам бинамо!
2