Please update your Flash Player to view content.

Он гуна, ки аз хотироти хонум Хадиҷа Сақафӣ ҳамсари имом Хумайнӣ ва дигар аъзои хонаводаи имом Хумайнӣ бармеояд ин издивоҷ, зиндагии ошиқонаеро дар пай дошт ва имом Хумайнӣ дар ҷойгоҳи як рӯҳонии баландпоя ва муборизи сиёсӣ дар зиндагии шахсиаш бо ишқ ва эҳтироми хос ба паймони заношӯиаш бо хонум Сақафӣ вафодор монд.
Имом Хумайнӣ дар соли 1312 ҳ.ш. ба сафари “ҳаҷ” рафт ва дар байни роҳ номаи ошиқонае барои ҳамсараш навиштааст, ки тасвири дигаре аз бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эронро дар пеши чашми хонандагон ва шунавандагон мегузорад. Матн комили ин нома пешкаши шумо мегардад:
Замон: Фарвардини 1312 / Зилқаъдаи 1351 (1935м.)
Макон: Лубнон, Бейрут.
Мухотаб: Хадиҷа Сақафӣ
Садқаат шавам, Илоҳӣ қурбонат биравам, дар ин муддат, ки мубталои ба ҷудоӣ аз он нури чашми азиз ва қуввати қалбам гардидаам мутазаккири шумо ҳастам ва сурати зебоят дар оинаи қалбам манқӯш аст.
Азизам, умедворам Худованд шуморо ба саломат ва хуш дар паноҳи худаш ҳифз кунад.
[Ҳоли‏] ман бо ҳар шиддате бошад ме‏гузард, вале биҳамдиллаҳ то кунун ҳарчи пеш омад хуш буда ва ҳозир дар шаҳри зебои Бейрут ҳастам.
Ҳақиқатан ҷои шумо холӣ аст. Фақат барои тамошои шаҳр ва дарё хеле манзараи хуш дорад. Сад ҳайф, ки маҳбуби азизам ҳамроҳ нест, ки ин манзараи олӣ ба дил бичаспад.
Дар ҳар ҳол имшаб шаби дувум аст, ки мунтазири киштӣ ҳастем. Аз қарори маълум ва маъруф як киштӣ фардо ҳаракат ме‏кунд, вале мо, ки қадре дер расидем, бояд мунтазири киштии дигар бошем.
Дар ҳоли ҳозир таклиф маълум нест. Умед аст Худованд ба иззати аҷдоди тоҳиринам, ки ҳамаи ҳоҷиёнро муваффақ кунад ба итмоми амал, аз ин ҳайс қадре нигарон ҳастем, вале аз ҳайси мизоҷ биҳамдиллаҳ ба саломат, балки мизоҷам биҳамдиллаҳ мустақимтар ва беҳтар аст. Хеле сафари хубе аст. Ҷои шумо хеле хеле холист. Дилам барои писарат (Мустафо, се сола буд) қадре танг шудааст. Умед аст ҳар ду ба саломат ва саодат дар таҳти муроқибати он азиз ва муҳофизати Худои Мутаол бошанд агар ба оқо (хусури имом) ва хонум‏ҳо (хушдоман ва хушдоманкалони имом) коғазе навиштед саломи маро бирасонед. Ман аз тарафи ҳама ноиби зиёрат ҳастам.
Ба хонум “Шамси офоқ” (хоҳари зани имом) салом бирасонед ва ба тавассути эшон ба оқои доктор (Алавӣ) салом бирасонед. Ба Ховари султон ва Рубобаи султон салом бирасонед.
Сафҳаи муқобилро ба оқои шайх Абдулҳусайн бигӯед бирасонанд.
Айёми умр ва иззат мустадом. Садқаат, қурбонат, Рӯҳуллоҳ.
Манбаъ: Саҳифаи имом Хумайнӣ, ҷ. ‏1, саҳ. 2

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти