Please update your Flash Player to view content.

Равоншиносон барои муайян кардани вижагиҳои шахсиятии афрод, баррасиҳои гуногуне анҷом дода бо баррасии шакли абрӯи афрод, робитаи он бо сифатҳои шахсиятии инсонҳоро чунин арзёбӣ кардаанд:
1- абрӯҳои нарм ва каммӯй нишонаи нопухтагӣ ва бетаҷрибагӣ мебошад.
2- абрӯҳои сермӯй нишонаи пурҳаракат будан ва энергияи зиёд доштан аст.
3- абрӯҳои баланд (ба сӯи боло) нишонаи шахсияти босубот, талошгар ва кӯшо аст.
4- абрӯҳои кӯтоҳ, нишонаи ноустуворӣ ва хаёлотӣ будан аст.
5- абрӯҳои ҷудо ва дур аз ҳам нишонаи заъф ва гӯшагирӣ аст.
6- абрӯҳои пайваста нишонаи ҳассос будан аст.
7- абрӯҳои наздик ба чашмҳо нишонаи иродаи қавӣ ва тамаркузи зеҳн аст.
8- абрӯҳои рост нишонаи шахсияти маҳкам ва якрав аст.
9- абрӯҳои камонӣ нишонаи неру, нишот ва хунгармӣ аст.
10- абрӯҳое, ки охири онҳо ба сӯи боло аст, нишонаи ҷуръат, нишот ва шодмонӣ аст.
11- абрӯҳое, ки охири онҳо аз ҳад зиёд ба поён хамида аст, нишонаи печидагии шахсият ва изтироб аст.
Албатта набояд инро ҳам фаромӯш кард, ки ҳамаи ин гуфтаҳо нисбӣ ҳастанд ва шояд дар ҳамаи инсонҳо дуруст набошанд, аммо дар бештари онҳо дуруст меоянд, зеро дар илмҳои инсонӣ маъмулан назарияҳо нисбӣ ва қобили тағйир дониста мешаванд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти