Please update your Flash Player to view content.

Яке аз зебоиҳо ва зинатҳои табиӣ ва ҷаззоб барои инсон махсусан занон мӯи сар аст. Ба ҳамин ҷиҳат занон аз резиши мӯи сар хеле воҳима доранд ва мардон низ ба заноне, ки аз ин зебоӣ баҳра надоранд берағбат ҳастанд. Яке аз нишонаҳои аҳамияти мӯи сар барои занон ин аст, ки ширкатҳои таблиғотӣ аз ин зебоӣ ниҳояти баҳраро мебаранд ва молу маҳсули худро дар канори занони сарбараҳна на сарпӯшида таблиғ мекунанд.
Албатта шояд мӯи сар ё бархе аз аъзои зан монанди дастҳо ва чеҳра барои занони дигар зебоӣ ва ҷилавагарӣ надошта бошад ва ҳисси онҳоро барнаангезад, аммо ҳамаи аъзои зан, ки маъмулан пӯшида нест ва ҳатто ороише надорад барои мардон ҷаззоб ва барангезандаи эҳсос аст. Ба ҳамин ҷиҳат афроде, ки имони суст доранд чашмчарониашон аз дасту чеҳраи ҳатто ороиш нокардаи занон серинопазир аст.
Худои меҳрубон ва холиқи доно пӯшондани мӯи сарро бар занон фарз кардааст ва нигоҳи мардони номаҳрамро ба он ҳаром намудааст.
Ҳазрати Ризо(рз) ба яке аз ёронаш навишт: Нигоҳ ба мӯи занон (ҳамсардор ё беҳамсар) ҳаром аст, чунки шаҳвати мардонро бармеангезад ва он боиси фасод ва олуда шудан ба гуноҳи зишт мешавад. Ва ҳамин гуна аст нигоҳ кардан ба андоме, ки мисли мӯйҳо шаҳватангез аст, магар ончӣ Худои Азза ва Ҷалла фармуда аст, ки занони аз кор афтода, ки ба далели куҳансолӣ умеди издивоҷ ва никоҳ надоранд агар зебоиҳо ва зинати худро намоён кунанд бар онон айбе нест, ки ҷомаҳои (рӯини) худро назди номаҳрамон баргиранд. (Сураи Нур, ояти 60) Мақсуд аз ҷома монанди чодар аст ва айбе нест нигоҳ ба мӯи сари чунин зане. Биҳор, ҷ.104, саҳ.24

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти