Please update your Flash Player to view content.

Бадҳиҷобӣ ва пӯшидани либосҳои нозук, баданнамо ва тангу таҳриккунанда, бараҳна кардани сару гардану сина ва ошкор кардани мӯйҳо ва зинатҳои худ муҳимтарин шеваи худнамоии занон аст. Занону духтарон бояд бидонанд, ки мард ошиқи покдоманӣ, пӯшидагӣ ва шарму ҳаёи зан аст ва ҳеҷ майле ба занони сабукпо ва нопоку бешарму ҳаё надорад. Занону духтарон бояд бидонанд, ки бо худнамоӣ, бараҳнагӣ ё бадҳиҷобии худ ҳаваси мардро шикор ва таҳрик мекунанд на қалби ӯро ва ин шикаст барои занон ва аввалин қадами бадбахтӣ ва саргардонии зан аст. Албатта духтарони бадҳиҷоб ё беҳиҷоб ҳам шавҳар меёбанд, аммо камтар эҳтимол дорад, ки марди шоиста, шарику ҳамдами мунис ва ошиқ ба даст биёрад ва зиндагии ором дошта бошад. Мард илова бар ҳисси фитрӣ-табии худ нисбат ба покии зан аз назари физикӣ ва рӯҳияи кишт кардани худ низ муштоқ ва толиби покдоманӣ ва шарму ҳаё ва ғайрати покии зан аст, чун ӯ насли пок ва нигаҳбони боваринок мехоҳад.
Худои меҳрубон, холиқу мурабби донову ҳаким барои дар амону бонишот мондан ва талабкори ошиқу ҳақиқӣ доштани зан ба ӯ дастур додааст, ки худро бипӯшонад то худро аз дасти сайёдони арзишаш бираҳонад ва шарики шоистае пайдо кунад. Дар ин сурат мардон ошиқ ва толиби висоли ӯ ҳастанд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти