Please update your Flash Player to view content.

Чигуна дӯстиҳои пойдор дошта бошем? Дӯстони мо кӣ бошанд?
Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (к) фармуд:
مودة ذوی الدین بطیئة الإنقطاع دائمة الثبات و البقاء
Дӯстии диндорон дер гусаста мешавад ва собит ва пойдор аст.
Ғурарулҳикам, саҳ.132
Интихоби дӯст агар бар асоси меъёр бошад зуд ба ҷудоӣ намекашад. Агар бинои дӯстӣ бар асоси эҳсос, судҷӯӣ ва фурсатталабӣ бошад нопойдор аст ва ҳар лаҳза бо тағйири вазъият дигаргун мешавад, аммо агар бар асоси дин бошад ин пайванд ба зудӣ пора намешавад.
Дӯстӣ ва муҳаббати динмадорона бо риояти ҳаққи ҳақиқии дӯстӣ ҳамроҳ аст ва дӯстӣ бар асоси ақидаи муштарак решадортар аст. Шахси диндор ва Худотарс саъй мекунад ба шумо зулм накунад ва он чӣ дар тавон дорад ба шумо хайр бирасонад ва туро ба ёди Худо, ҳақиқати дунё, нопойдории он, марг, ҳисобу китоби пеши рӯ, зиндагии ҷовид бияндозад. Ин масъалаҳо ба зиндагии инсон маъно ва умед медиҳанд ва барои уфуқ ва қуллаи саодати шоистаро нишон медиҳанд. Шахси диндор на худ ноумед мешавад ва на мегузорад, ки дӯсташ ноумед шавад.
Баръакс пайванди дӯстӣ бо касоне, ки дин дар зиндагии онон ҷое надорад ва ҳама чизро бар асоси меъёрҳои моддӣ ва манофеи зудгузару тағйирёбанда мебинанд нопойдор ва шикананда аст.
Дин фармон медиҳад, ки
ҳуқуқи бародариро риоят кунем.
барои дустон фидокорӣ намоем.
содиқона рафтор кунем.
аз бадзабонӣ ва ғайбат ва таҳқир парҳез кунем.
дар лаҳзаҳои хушу талғи рӯзгор ҳамроҳу ёвари ӯ бошем.
боиси ранҷиш ва машаққати оно нашавем.
Оё бо риояти ин дастурҳо дӯстиҳо пойдор намемонад?
Пас он чизеро, ки аз дӯстамон умед дорем худамон барояш анҷом диҳем ва дӯсти шоиста ва пойдор бошем!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти