Please update your Flash Player to view content.
Баъзе мегӯянд: Чаро дар кишварҳои исломӣ бояд занон ҳиҷоб ва сатри комил дошта бошанд?
Бояд бидонанд, ки ҳамаи кишварҳо бар асоси ақли маҳдуди башарӣ қонунҳое барои таъини ҳудуди пӯшиш доранд. Масалан либоси хоб бо либоси расмӣ фарқ дорад. Бархе аз кишварҳо барои риоят накардани ҳудуди пӯшиши ҷазо дар назар гирифтаанд.
Ҳиҷоб ва пӯшиши комили занон дар ҷомеа ва назди номаҳрам ҳукми зарурии исломӣ аст, ки риоят накардани он боиси гуноҳ ва вайрон ва поймол кардани ҳуқуқи ҷомеа мешавад ва осори вайронгар барои ҷомеа ва хонавода дорад.
Озод гузоштани занон дар риоят накардани сатри аврат ва пӯшиши комил мисли озод гузоштани дигар корҳое аст, ки амният ва осоиш ҷомеаро таҳдид ва халалдор мекунад мисли озодии дуздӣ, суръати болои мошин дар роҳҳои калону майда, сигнал додан ва манъ кардани мошинҳо дар ҳар ҷое, ки бихоҳанд хоҳ он пиёдарав бошад ё мошингард, шаб бошад ё рӯз, дар кӯчаву хиёбон ва ... . Ҳамаи ронандагон ҳам бигӯянд, ки мо озодем ва мошин аз они худи мост. Рафту омади мошинҳо вақте метавонад барои мардум ва шаҳри мо муфид бошад, ки ҳар ронанда дар маҳдудаи вазифаи худ ва қонун ҳаракат кунад, вагарна боиси садҳо садамаи нақлиёт, маргу мир, маҷрӯҳ шудан ва даъво ва гирифториҳои фаровон мегардад. Ин корро ҳеҷ кас оқилона намедонад ва ба касоне, ки ин қонунҳоро вайрон мекунанд ҷазо дода мешавад.
Тибқи озмоишҳои донишмандони олмонӣ, мавҷҳои нодидании электрикии мусбат аз мардон ва электрикаи манфӣ аз занон пахш мешавад ва якдигарро ҷазб мекунанд ва ҳеҷ чизе наметавонад аз он пешгирӣ кунад. Ҳиҷоб ва сатру пӯшиши комил дар робитаи марду зан дар ҷомеа монанди пласмаси рӯи симҳои электрикаи барқ аз хатари пайванди симҳои мусбат ва манфӣ пешгирӣ мекунанд то ин барқ дар ҷои худ боиси нуру ҳарорати муносиб ва бехатар шавад, вагарна ҳамин барқ садҳо хатар меофаринад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти