Please update your Flash Player to view content.

Телефон занг зад. Вақте телефонро гирифт садои модарашро шунид. Модар аз ӯ хост, ки чанд меваро пӯст бикунад ва онҳоро омода рӯи миз бигузорад. Аз ин ки модараш меомад хеле хушҳол шуда буд, вале аз коре, ки модараш фармуда буд хеле ба фикр фуру рафта буд.
Ҳеҷ вақт далели корҳои модарашро намефаҳмид. Таъкиди модар барои пӯст кандани меваҳо бештар ҳайронаш карда буд.
Бо ҳар ҳилае буд саъй кард, ки меваҳои пӯсткандаро то расидани модар тоза нигаҳ дорад, аммо вақте модар аз роҳ расид меваҳо шодобӣ ва тароваташонро аз даст дода буданд.
Ҳанӯз мунтазир буд то далели кори модарро бидонад.
Модар ҳадяи коғазпечеро ба ӯ доду гуфтː Далели корам инҷост. Ман намехоҳам, ки ту мисли ин меваҳо тароват ва тозагиатро аз даст деҳӣ, духтари азизам.
Ҳадяи модар рӯймоли зебои калон ва куртаву изори дароз буд. Ӯ ба дӯстдорӣ ва ғамхорву меҳрубонии модар бовар дошт ва ҳадяи ӯ барояш бисёр азиз буд!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти