Please update your Flash Player to view content.
Дар бораи зан хеле суханҳо гуфта шуда ва дидгоҳҳои гуногун вуҷуд дорад. Биёед бо назари Ислом дар бораи зан ошно шавем ва огоҳона сухан бигӯем.
Агар духтар аст ҳасана, некӣ ва сабаби подош аст. Ҳазрати Содиқ (Раҳмати Худо бар ӯ бод) мегӯяд: Писарон неъмат ва духтарон ҳасана ва некӣ ҳастанд. Худованд аз неъмат савол мекунад ва барои ҳасана ва некӣ подош медиҳад. (Мунтахаби Мизонулҳикмат, саҳ. 612)
Агар ҳамсар аст мояи оромиш аст. Худои Мутаол дар ояти 21 сураи муборакаи Рум мефармояд: Ва аз нишонаҳои (қудрат ва меҳрубонӣ) ӯ ин аст, ки ҳамсароне аз навъи худатон барои шумо офарид то бо онҳо оромиш ёбед. Ва дар байни шумо дӯстӣ, муҳаббат ва раҳмат қарор дод. Дар ҳақиқат дар он нишонаҳоест барои гуруҳе, ки фикр мекунанд.
Ҳазрати Алӣ (Каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) фармуд: Зан (мисли гули) райҳон (сабаби хушбӯӣ ва таровату нишоти хона) аст на хидматкор (ки на худ тароват дошта бошад ва на фазои хонаро муаттар намояд.) (Наҳҷулбалоға, номаи 31)
Агар модар аст сабаби ворид шудан ба биҳишт аст. Паёмбари Аъзам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: Биҳишт зери пои модарон аст. Фарде пурсид: Ба чӣ касе некӣ кунам? Ҳазрат (с) се бор дар ҷавоби се бор пурсиданаш фармуд: Ба модарат. Ба модарат. Ба модарат. Баъд ба падарат. (Наҳҷулфасоҳа, ҳадиси 546)
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст.
Дар зери қудуми модарон аст.
Хоҳӣ, ки ризои Ҳақ биёбӣ,
Он кун, ки ризои модарон аст.
Худои Мутаол мефармояд: Модар шуморо нуҳ моҳ дар шиками худ парварид ва сангинии туро ба душ кашид, сипас шуморо бо чӣ сахтие ба дунё овард ва баъд ҳудуди ду сол туро аз пистони нарм шири гарму муносиб дод, то рушд кардиву бузург шудӣ. (Сураи Аҳқоф/15)
Ҳазрати Зайнулобидин (Раҳмати Худо бар ӯ бод) мегӯяд: Воҷибтарин ҳақ барои ту баъд аз ҳаққи Худо ҳаққи модарат ва сипас ҳаққи падарат аст. (Рисолаи ҳуқуқ)
Худоё, моро бо ҳақиқати динат олим ва омил ва дар адои ҳуқуқи дигарон муваффақ бигардон!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти