Please update your Flash Player to view content.
Бонуи боҳиҷоб ва пӯшиши комил дар яке аз фурӯшгоҳҳои бузурге дар Фаронса харид мекард. Харидаш, ки тамом шуд барои пардохти пул пеши сандуқ рафт.
Сандуқдор як хонуми беҳиҷоб ва асолатан араб буд.
Сандуқдор ба тамасхур ба ӯ нигоҳ кард. Вақте чизҳои харидаи ӯро сабт мекард бо такаббур онҳоро ба гӯши миз мепартофт, аммо хонум боҳиҷоб, ки рӯбанд бар чеҳра дошт хунсард буд ва чизе намегуфт. Ин боис мешуд, ки сандуқдор бештар асабонӣ шавад!
Оқибат сандуқдор тоқат накарду гуфт: «Мо ин ҷо дар Фаронса ҳазорто мушкил ва сахтӣ дорем. Ҳамин ниқобе, ки ту бар чеҳраат дорӣ яке аз ҳамин мушкилот аст, ки сабабаш ту ва монанди ту ҳастед! Мо ин ҷо барои зиндагӣ ва кор омадем
на барои намоиш додани дину таърих! Агар мехоҳӣ, ки динатро намоиш диҳӣ ё рӯбанд бизанӣ ба кишвари худат бирав ва ҳар гуна ки мехоҳӣ зиндагӣ кун! »
Хонуми боҳиҷоб ва пӯшида чизҳои харидаашро дар салафан гузошту нигоҳе
ба сандуқдор кард…
Рӯбандро аз чеҳра бардошт ва дар посухи хонуми сандуқдор, ки аз дидани чеҳраи аврупоӣ ва чашмони рангини ӯ ҷо тааҷҷуб карда буд гуфт: «Аҷдоди ман фаронсавӣ ҳастанд ва ман як зани фаронсавиям. Ислом дини ман аст. Ин ҷо ватанам ҳаст. Шумо динатонро фурӯхтед ва мо харидем!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти