Please update your Flash Player to view content.

Асъад ибни Зурора ва Заквон ибни Қайс, ки аз тоифаи Хазраҷ ва аҳли Ясриб буданд[1] ба Макка омаданд. Дар ҳоле ки миёни тоифаи Авс ва Хазраҷ ҷанги тулонӣ буд ва муддатҳо шабу рӯз силоҳ бар замин намегузоштанд ва охирин ҷанги онҳо рӯзи Буғос[2] буд, ки дар он қабилаи Авс бар Хазраҷ ғолиб шуданд.
Ба хотири ҳамин Асъад ва Заквон ба Макка омаданд, то аз мардуми Макка паймоне бар зидди қабилаи Авс бигиранд. Онҳо ба хонаи Утба ибни Рабиа[3] ворид шуданд ва ҷараёнро барои ӯ гуфтанд.
Утба дар посух гуфт: Шаҳри мо аз шаҳри шумо дур аст. Махсусан гирифтории наве пайдо кардаем, ки моро хеле ба худ машғул кардааст.
Асъад пурсид: Чӣ гирифторӣ? Шумо, ки дар ҳарами амн зиндагӣ доред?
Утба гуфт: Марде дар миёни мо зуҳур карда, ки мегӯяд: Ман пайғамбар ва фиристодаи Худо ҳастам. Ӯ ақли моро ночиз мешуморад ва ба худоёни мо бад мегӯяд. Ҷавонони моро фосид ва ҷамъи моро пароканда намудааст.
Асъад пурсид: Ин мард чи нисбате ба шумо дорад?
Утба гуфт: Фарзанди Абдуллоҳ ибни Абдулмуталлиб ва иттифоқан аз хонаводаҳои шарифи мо аст.
Асъад ва Заквон дар фикр фуру рафтанд ва ба хотирашон омад, ки аз яҳудиёни Ясриб шунида буданд, ки ба ҳамин зудӣ паёмбаре дар Макка зуҳур мекунад ва ба Ясриб ҳиҷрат мекунад.
Асъад бо худ гуфт: Накунад ин ҳамон паёмбаре бошад, ки яҳуд хабарашро медоданд.
Сипас пурсид: Ӯ инак дар куҷост?
Утба гуфт: Ӯ ҳамакнун дар ҳиҷри Исмоил[4] дар канори хонаи Худо нишаста аст. Онҳо (паёмбар бо мусулмонон) дар даррае аз куҳ (дарраи Абӯтолиб падари ҳазрати Алӣ(к) ва амӯи Паёмбари Аъзам(с)) муҳосира ҳастанд ва фақат дар мавсими ҳаҷ ва умраи моҳи Раҷаб озодӣ доранд ва вориди ҷамъият мешаванд, вале ман ба ту тавсия мекунам, ки ба суханони ӯ гӯш надеҳ ва як калима бо ӯ сухан магӯ, ки ӯ соҳири тавоное аст.
Асъад рӯ ба Утба карду гуфт: Пас ман чӣ кор кунам? Муҳрим шудаам ва бояд ки тавофи Каъба кунам. Ту ба ман мегӯӣ ба ӯ наздик нашавам?
Утба гуфт: Миқдоре пахта ба гӯшҳоят бигузор, то суханони ӯро нашунавӣ.
Асъад вориди Масҷидулҳаром шуд, дар ҳоле ки ҳар ду гӯши худро бо пахта баста буд. Машғули тавофи хонаи Каъба шуд, дар ҳоле ки Паёмбар(с) бо ҷамъе аз Бани Ҳошим дар ҳиҷри Исмоил(а) дар канори хонаи Каъба нишаста буданд.
Асъад нигоҳе ба Паёмбар(с) кард ва бо суръат аз назди ӯ гузашт. Дар даври дувуми тавоф бо худ гуфт: Ҳеҷ кас аҳмақтар аз ман нест. Чунин ҳодисаи муҳиме, ки дар Макка бар сари забонҳост ва ман аз он бехабар биравам ва қавми худро огоҳ накунам.
Аз ин рӯ пахтаҳоро аз гӯшҳояш берун кард ва дур андохт ва вақте ба пеши Паёмбар(с) расид рӯ ба рӯи ҳазрат истод ва пурсид: Моро ба чӣ чизе даъват мекунӣ?
Паёмбар(с) фармуд: Ба шаҳодати ба ягонагии Худо ва ин ки ман фиристодаи ӯям ва шуморо ба ин корҳо даъват мекунам ва сипас се ояти сураи муборакаи Анъом (оёти 151-153)-ро барояшон хонд.
Инак тарҷумаи мазмунии оёт.
Бигӯ: Биёед ончиро Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст бароятон бихонам: Ин ки
1) чизеро шарики Худо қарор надиҳед.
2) ба падару модари худ эҳсон ва некӣ кунед.
3) фарзандонатонро аз (тарси) фақр ва тангдастӣ накушед. Мо шумо ва онҳоро рӯзӣ медиҳем.
4) ба корҳои зишти ошкор ва ниҳон наздик нашавед
5) ҷонеро, ки Худованд муҳтарам шумурда накушед, магар ба ҳақ.
Ин чизҳое аст, ки Худованд шуморо ба он суфориш кардааст, то дарк кунед.[5]
6) ба моли ятим ғайр аз беҳтарин сурат ва роҳ (барои ислоҳ) наздик нашавед, то ба ҳадди рушд бирасад.
7) ва ҳаққи паймона ва вазнро одилона адо кунед. Ҳеҷ касро ҷуз ба миқдори тавоноӣ вазифа намедиҳем.
8) вақте сухан мегӯед адолатро риоят намоед ҳатто агар дар мавриди наздикон (ва хешу таборатон) бошад.
9) ба аҳди Худо вафо кунед ва онро нашиканед.
Ин чизе аст, ки Худованд шуморо ба он супориш мекунад то ёдовар шавед.[6]
10) Ин роҳи мустақими ман аст. Аз он пайравӣ кунед ва аз роҳҳои мухталиф (ва инҳирофӣ) пайравӣ накунед, ки шуморо аз роҳи ҳақ дур месозад.
Ин чизе аст, ки Худованд шуморо ба он супориш мекунад, то парҳезкор шавед.[7] (сураи Анъом/151-153)
Ҳангоме ки Асъад ин суханони пурмаъно ва рӯҳпарварро, ки бо сиришт ва ҷонаш ошно буд шунид комилан тағйир кард ва фарёд зад: Гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуде ғайр аз Худои Мутаол нест ва ин ки дар ҳақиқат ту фиристодаи ӯ ҳастӣ.
Эй Расули Худо, падару модарам фидои ту бод. Ман аҳли Ясриб ва аз тоифаи Хазраҷ ҳастам. Робитаи мо бо бародаронамон аз қабилаи Авс ба хотири ҷангҳои тулонӣ пора шудааст. Умедворем Худованд ба баракати ту ин пайванди порашударо дубора барқарор намояд.
Эй Расули Худо, мо васфи туро аз тоифаи яҳуд шунида будем ва ҳамвора моро аз зуҳури ту башорат медоданд ва мо умедворем, ки шаҳри мо "ҳиҷратгоҳ"-и ту гардад, зеро яҳуд аз кутуби осмонии худ чунин ба мо хабар доданд. Шукр мекунам, ки Худо маро ба сӯи ту фиристод. Ба Худо қасам ҷуз барои бастани паймони ҷанге бар зидди душманон ба Макка наёмада будам, вале Худованл маро ба пирӯзии бузургтаре ноил кард.
Сипас рафиқи ӯ Заквон низ мусулмон шуд ва ҳар ду аз Паёмбари Худо(с) дархост карданд, ки мубаллиғе ҳамроҳи онҳо ба Ясриб бифиристад, то ба мардум Қуръони Карим таълим диҳад ва ба Ислом даъват кунад ва оташи ҷангҳо хомуш гардад.
Паёмбари Аъзам(с) Мусъаб ибни Умайр(рз)-ро бо онҳо ба Ясриб фиристод ва аз он замон пояҳои Ислом дар Ясриб гузошта шуд ва чеҳраи Ясриб дигаргун шуд.[8]
Мо бо ҳаводис чигуна амал мекунем?
Оё шудааст, ки ба хотири сухани бархе ҳатто бо рӯҳияи хайрхоҳӣ гӯшҳои худро аз шунидани сухани ҳақ бибандем?
Дигаронро аз забони дигарон мешиносем ё аз забони худашон?
Оё фикр кардем, ки ба хотири ин амал чӣ қадар ҳаққи дигарон аз байн меравад?
Аз ин ба баъд чӣ кор мехоҳем бикунем?
[1] Шаҳри Мадина то пеш аз ҳиҷрати Паёмбари Аъзам(с) Ясриб ном дошт. Баъд аз ҳиҷрати ҳазрат(с) онро Мадинатуннабӣ яъне шаҳри Паёмбар номиданд, ки баъдан фақат Мадина монд.
[2]
[3] Ӯ бобои модарии Муовия ибни Абӯсуфён ва яке аз бузургони мушрики Қурайш буд, ки дар ҷанги Бадр ба дасти бобаракати ҳазрати Ҳамза(р) кушта шуд.
[4]
[5] قُلْ تَعَالَوْاْ أَتْلُ مَا حَرَّمَ رَبُّكُمْ عَلَيْكُمْ أَلَّا تُشرِْكُواْ بِهِ شَيًْا وَ بِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَنًا وَ لَا تَقْتُلُواْ أَوْلَادَكُم مِّنْ إِمْلَاقٍ نحَّْنُ نَرْزُقُكُمْ وَ إِيَّاهُمْ وَ لَا تَقْرَبُواْ الْفَوَاحِشَ مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَ مَا بَطَنَ وَ لَا تَقْتُلُواْ النَّفْسَ الَّتىِ حَرَّمَ اللَّهُ إِلَّا بِالْحَقّ‏ِ ذَالِكمُ‏ْ وَصَّئكُم بِهِ لَعَلَّكمُ‏ْ تَعْقِلُونَ(151)
[6] وَ لَا تَقْرَبُواْ مَالَ الْيَتِيمِ إِلَّا بِالَّتىِ هِىَ أَحْسَنُ حَتىَ‏ يَبْلُغَ أَشُدَّهُ وَ أَوْفُواْ الْكَيْلَ وَ الْمِيزَانَ بِالْقِسْطِ لَا نُكلَِّفُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا وَ إِذَا قُلْتُمْ فَاعْدِلُواْ وَ لَوْ كَانَ ذَا قُرْبىَ‏ وَ بِعَهْدِ اللَّهِ أَوْفُواْ ذَالِكُمْ وَصَّئكُم بِهِ لَعَلَّكمُ‏ْ تَذَكَّرُونَ(152)
[7] وَ أَنَّ هَاذَا صرَِاطِى مُسْتَقِيمًا فَاتَّبِعُوهُ وَ لَا تَتَّبِعُواْ السُّبُلَ فَتَفَرَّقَ بِكُمْ عَن سَبِيلِهِ ذَالِكُمْ وَصَّئكُم بِهِ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ(153)
[8] Тафсири Намуна зайли оёти 151-153 сураи Анъом ба нақл аз Биҳор

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти