Please update your Flash Player to view content.
Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (к) фармуд:
قدر ثم اقطع و فکر ثم انطق
Андоза гир сипас бибур. Бияндеш он гоҳ сухан бигӯ!
Ғурарулҳикам, саҳ.506
Ба коргирии андеша ва фикр дар тасмимгириҳо, интихобҳо, гуфтанҳо ва довариҳо нишонаи хирадмандӣ ва фарзонагӣ аст.
Ҳамчунон ки як дӯзанда баро духтани либос аввал андоза мегирад баъд қайчиро бар матоъ ниҳода онро мебурад. Тасмимҳои мо дар зиндагӣ низ камтар аз буридани як порча ва духтани ҷома нест.
Суханони насанҷида пушаймонӣ меорад.
Корҳои беҳисоб ва тасмимҳои саросема ва иқдомҳои бебарнома гоҳе зиёнбор аст.
Дар сухани дигари ҳазрати Алӣ(к) нишонаи оқил он аст, ки аввал меандешад он гоҳ лаб ба сухан мекушояд, вале ҷоҳилу нодон касе аст, ки аввал сухан мегӯяд сипас нисбат ба муҳтаво ва натиҷаҳо ва осори он меандешад.
Марзи ақлу ҷаҳл ҳамин аст.
Контрол ва назорати забон ва гуфтор ва оянданигарӣ ва оқибатандешӣ монеи пушаймониҳои баъдӣ мешавад.
Агар чизеро нагӯем баъдан бо гуфтан метавонем ҷуброн кунем, чун ҳамон сухан ва забон дар ихтиёри мост.
Вале агар он чиро набояд бар забон меовардем бефикру диққат бар забон омад ва ба гӯши дигарон расид тире аст, ки аз камон раҳо шуду обе аст, ки бар замин рехтааст.
Бале, аввал фикру андеша ва он гоҳ гуфтору иқдом бояд кард.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти