Please update your Flash Player to view content.
«Салом» яке аз номҳои Худованд аст, яъне Худованд аз ҳар айбу нақсе солим аст. Ҳамонгуна ки калимаи «Субҳоналлоҳ» низ ба маънои он аст, ки Худованд аз ҳар айб ва нақсе пок аст.
Яке аз номҳои биҳишт "Доруссалом" аст, яъне хона ва ҷои саломатӣ.
Паёми Худованд ба бандагони хубаш низ «салом» аст. Дар Қуръони Карим мехонем:
Саломун ало‏ Нӯҳин филоламин (Сураи Соффот, ояти 79),
Саломун ало‏ Иброҳим (Сураи Соффот, ояти 109),
Саломун ало‏ Мусо‏ ва Ҳорун (Сураи Соффот, ояти 120),
Саломун ало‏ Ил‏ёсин (Сураи Соффот, ояти 130),
Ва саломун алалмурсалин (Сураи Соффот, ояти 181)
Бо ин ибортҳо Худованд ба ҳазрати Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Ҳорун ва тамоми паёмбарон(а) салом мекунад.
Худованд ба Паёмбараш мегӯяд: «Ҳар гоҳ мӯъминон назди ту омаданд, пас ба онон салом кун» (Сураи Анъом, ояти 54).
Паёмбарони Худо(а) ба хусус Паёмбари Ислом(с), ба ҳама мардум ҳатто ба кӯдакон салом мекарданд.
Дар қиёмат фариштагон ба хубони биҳиштӣ «салом» мекунанд.
Ислом барои мулоқоти ду мусулмон калимаи «салом»-ро баён мекунад.
«Салом» кӯтоҳтарин калима бо бештарин маъно аст.
«Салом» ба маънои баракат ва дӯри аз хатар аст.
«Салом» нишонаи алоқа ва шодӣ аст.
«Салом» арзонтарин ва боарзиштарин ҳадя ба дигарон аст.
«Салом» эҳтиром ба афрод аст.
«Салом» оромбахши дилҳост.
«Салом» сабаби зиёд ва мустаҳкам шудани муҳаббатҳо ва аввалин ҳаққи мусулмон бар дигарӣ аст.
«Салом» даъват ба саломатӣ ва амният аст.
«Салом» нишонаи он аст, ки дар инсон такаббур ва бухл нест.
Дар салом кардан ҳам мардум шод ва ҳам гуноҳон бахшида ва ҳам подошҳо зиёд мешавад.
Салом кардан анҷом додани фармони Худост.
Салом зикри Худост.
«Салом» калиди амният ва боз шудан роҳ барои кӯмак ба якдигар аст.
Бо салом кардан ба мардум мегӯем, ки шумо назди ман азиз ҳастед, қалбу рӯҳи ман нисбат ба шумо солим аст ва кинае надорам.
Салом навъе адаби илоҳӣ аст, ки Худованд ба ҳамаи анбиё омӯхтааст.
Мо дар намоз ба Расули Худо(с) салом мекунем: «Ассалому алайка айюҳаннабӣ» ва ҳамчунин ба тамоми бандагони хуби Худо дар ҳар замон ва макон, ки ҳастанд, салом мекунем: «Ассалому алайно ва ало ибодиллоҳиссолиҳин»
Ҳар кас зудтар салом кунад, назди Худо маҳбубтар аст ва касе, ки салом накунад бахил аст.
Подоши касе, ки салом кунад, ҳафтод баробари касе аст, ки ҷавоб медиҳад.
Ҳар гоҳ дар миёни мардум салом кардан кам шавад, душманӣ ва кина афзоиш зиёд мешавад.
Дар ҳадис мехонем: «Посухи касеро, ки бе салом сухан мегӯяд надиҳед ва афроде, ки ҳатто нисбат ба салом кардан бухл меварзанд ба меҳмонӣ даъват накунед».

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти