Please update your Flash Player to view content.

Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
من علم أنه مؤاخذ بقوله فلیقصر فی المقال
Ҳар кас бидонад, ки нисбат ба сухан гуфтанаш бозхост мешавад пас суханро кутоҳ ва кам кунад.
Ғурарулҳикам, саҳ.232
Касе, ки чаҳонро дар зери назар ва тадбири Худои Субҳон ва дорои ҳисобу китоб бидонад барои корҳояш ҳисоби хоссе боз хоҳад кард, зеро инсон бояд посухгӯи амалҳои худ бошад.
Оё сухан гуфтан амал аст, ки ҳисобу китоб ва бозхосту подош ё ҷазо дорад? Бале.
Аз офатҳои зиндагии рӯзмарраи мо пургӯӣ ва гоҳе зиёдаравӣ ва ошуфтагӯӣ аст.
Суханони беҳуда ва бефоидаро агар канор гузорем аз ояндаи суханоне ҳам, ки омехта бо ғайбат, беэҳтиромии мӯъмин, тӯҳмату дурӯғ ва масхара кардану айбҷӯӣ агар битарсем суханони мо хеле камтар ва кутоҳтар аз ҳамаи инҳо мешавад.
Магар сухани дурусту лозим чӣ қадар дорем?
Муҳим он аст, ки суханро ҷузъи амал бидонем ва ёдамон бошад, ки ба зудӣ бояд дар додгоҳи адли Худои доно ҳисобрасӣ мешавем ва бояд ҷавоби қонеъкунанда барои суханони худ дошта бошем.
Оё иҷозат дорем, ки ҳар чизеро шунидем нақл кунем? Не.
Агар ҳарфҳоямон таркишҳое дошта бошад, ки баъзеро маҷруҳ кунад, ё аз суханони мо касоне ба хато ва гуноҳ бияфтанд ё ҳалок шаванд ё обре бирезад ё диле бишканад ё зеҳне тардид кунад барои ҳар калимаи он бояд ҷавоб диҳем.
Чӣ беҳтар, ки ҷуз ҳақ он ҳам ба андозаи зарурат сухан нагӯем ва барои ҳар гуфтаи худ далел ва узри додгоҳписанд ва қонеъкунанда дошта бошем.
Имрӯз бо истифода аз фазои интернет ва гӯшиҳои ҳамроҳ (мобилник) бо навиштан ё сӯҳбат кардан чӣ қадар сухан мегӯем ва бо дигарон иртибот дорем? Бо маҳрам ва номаҳрам? Ва ...
Пас илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард, то дер нашуда ...
Худоё, моро олим ва омил ба вазифаи худ бигардон!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти