Please update your Flash Player to view content.
Имом Алӣ (а) барои шинохти золим меъёри муайянеро ба пайравони хеш омӯхтанд:
«للظالم من الرجال ثلاث علامات: یظلم من فوقه بالمعصیه و من دونه بالغلبه و یظاهر القوم الظّلمة.»
Афроди ситамгар се нишона доранд: нофармонӣ нисбат ба мақоми боло (Худованд); Зулму ситам ба зердаст бо ғалаба бар ӯ ва пуштибонӣ аз гурӯҳи золим.
Аз ин баён фаҳмида мешавад, ки зулму ситам фақат дар поймол кардани ҳуқуқи дигарон нест, балки барои зулм ду вижагии дигар ҳам вуҷуд дорад. Маъсияту нофармонии холиқ, зоеъ ва поймол кардани ҳуқуқи дигарон ва дифоъ аз зулму золим се намунаи ошкори зулманд. Пас инсони гунаҳкор наметавонад дар айни исён ба дастуроти илоҳӣ, васфи адолат дошат бошад, зеро маъсият кори золим аст на одил. Ҳатто зери по гузоштани таолим ва дастуроти илоҳӣ, аз назари ҳазрати Алӣ (а) бадтарин навъи зулм шинохта шудааст: اقبح الظلم منعک حقوق الله Зишттарин зулм он аст, ки ҳуқуқи илоҳиро надеҳӣ.
Мустадраки Наҳҷулбалоға, саҳ.163 ва Ғурарулҳикам, саҳ.194

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти