Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
لا یعرف الرجل الا بعلمه کما لا یعرف الغریب من الشجر الا عند حضور الثمر
Инсон ҷуз бо илми худ шинохта намешавад ҳамонгуна ки дарахти ноошно ва ношинохта ҷуз ҳангоми ошкор шудани мева шинохта намешавад.
Ғурарулҳикам, саҳ.110
Самар ва мева нишонаи навъи дарахт ё рушди солими он аст.
Арзиши ҳар дарахт низ ба мевааш вобаста аст ва самара шиносномаи арзишӣ ва судмандии он аст.
Инсон низ аз дарахт камтар нест!
Он чӣ ҷавҳари вуҷудӣ ва арзиши маънавии ҳар касро ошкор месозад рафтор ва амали ӯст.
То касе амал накарда доварии дуруст ва дақиқ дар бораи ӯ хеле сахт аст.
То мард сухан нагуфта бошад
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад
Ҳар беша гумон мабар, ки холист
Шояд ки паланге хуфта бошад
Амал ва рафтор ҳам аз дониш ва биниши инсон сарчашма мегирад ва илми ҳар кас нишондиҳандаи шахсияти вуҷудии ӯст!
Аз сӯи дигар он чӣ ба илм арзиш медиҳад ва доноро аз нодон ҷудо мекунад амал аст.
Илму амал ду боли парвозанд ва ҳар кадом носолим ва ноқис бошад ин парвоз ба ҳадаф ва натиҷа намерасад.
Сухан зиёд метавон гуфт.
Иддао бисёр метавон дошт.
Аммо он чӣ гувоҳи ростии сухан ва дурустии иддао аст амал аст.
Саҳифаҳои шиноснома ҳувияти инсон бо ҳарфҳое аз амалкард ва калимаҳое аз рафтор навишта мешавад ва бо муҳри амал тасдиқ мешавад.
Ҳар кас ҳамон аст, ки амал мекунад.
Фарқ ва фосилаи буд то намуди ҳар фард низ ҳамин ҷо сарчашма мегирад.
Амал меваи дарахти вуҷуди инсон аст. Илм низ решаи ин дарахт аст.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст