Вақте занон дар зиндагии заношӯӣ эҳсоси нигаронӣ мекунанд, мавзӯъ ҷиддитар ва болотар аз носозгории содда ё як телефонии бепосух аст ва он реша дар ноамнӣ дорад. Пас мардон бояд бидонанд, ки чӣ чизҳое сабаби нигаронӣ ва эҳсоси ноамнии ҳамсарашон мешавад!
Ихтилоф
Барои бештари мардон ихтилоф фақат як ихтилоф аст ва тақрибан осон метавонанд онро фаромӯш кунанд ва ба корҳои дигари худ диққат ва вақт сафр кунанд, аммо барои бештари занон ингуна нест! Бештари занон вақте бо ҳамсари худ ихтилоф пайдо мекунанд гӯё ҳеҷ чиз дигар дар дунё хуб пеш намеравад, то замоне ки мушкил бартараф шавад.
Шавҳари муҳтарам, ҳамсаратон ниёз дорад то бовар кунад, ки шумо ҳамчунон ӯро дӯст медоред ва чизе иваз нашудааст!
Рӯйгардонӣ
Вақте бо ҳамсаратон дучори ихтилоф ва асабонӣ мешавед ё эҳсоси нотавонӣ мекунед мумкин аст барои ҳалли ин масъала сукут кунед то чизе нагӯед, ки ҳамсаратон биранҷад ё ҳатто барои муддате аз ҳама чиз дурӣ кунед, аммо ин ақибнишинӣ ва рӯйгардонӣ боиси изтироби бештар ҳамсаратон мешавад.
Пас шавҳари азиз, пеш аз ин ки муддате танҳо бошед ба ӯ бигӯед: Ман асабонӣ ҳастам ва ниёз дорам муддате танҳо бошам, аммо мехоҳам инро бидонӣ, ки ҳама чиз оддӣ мешавад ва ҷои нигаронӣ нест.
Сукут
Бидонед, ки занон маънои сукути шуморо медонанд! Пас вақте сокиттар аз ҳамеша мешавед онҳо ба осонӣ натиҷагирӣ ва дарк мекунанд, ҳатто агар ҳамаи ин дарку натиҷа дуруст набошад. Вақте шумо сукут мекунед ҳамсаратон мушкилро аз худаш мебинад ва ҳоли шуморо ба худаш рабт медиҳад.
Шавҳари мӯҳтарам, агар нигарони саломатии модарат ё бар фикри ҳалли мушкиле, ки дар маҳалли корат пеш омада ё... ҳастӣ ва сукут кардаӣ лутфан ба ҳамсарат онро бигӯ, ки нигарон набош! Далели сукути ман ин аст ва ба шахси ту дахолат надорад. Ҳоли ман хуб аст.
Меҳру муҳаббат нисор кунед!
Агар хаставу гирифтаӣ ва мушкилу ихтилофи ҳалношуда ҳам дорӣ аз меҳру муҳаббат кам макун, чун ин ҳолат ҳамсари шуморо нигарон мекунад. Аз эҳсоси ҳамсарат бипурс ва бо алоқа ба суханони ӯ гӯш кун ва ӯро бо меҳр ба оғӯш бикаш ва аз аҳамияти ҷойгоҳи ҳамсарат дар зиндагӣ бигӯ. Бо ин кор камбудии меҳру муҳаббаташро ҷуброн ва пур кун!
Ҳамеша ба ҳолу ҳавои хона диққат кун ва нагузоред хазони тирамоҳ ва сармои зимистон онро бирезонад ва сард кунад!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст