Please update your Flash Player to view content.

Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
العَبدُ حُرٌّ ما قَنَعَ الحُرُّ عَبدٌ ما طَمَعَ
Банда агар қаноат кунад озод аст ва озод агар тамаъ кунад банда аст.
Ғурарулҳикам, саҳ.113
Гоҳе бандҳо ва риштаҳои дарунӣ инсонро ба қайду занҷир мекашад ва ғулом месозад. Ғуломони утуккашида, дарсхонда ва пулдори зиёдеро метавон дар ҷомеа дид.
Он чӣ инсонро озод месозад раҳоӣ аз доми ҳирс ва каманди даступогири тамаъ аст.
Афроди ҳарису таммоъ ҳеҷ гоҳ сер намешаванд, чун аҳли тамаъ ҳастанд. Барои даст ёфтан ба ончӣ “надоранд” худро ба ҳар дару деворе мезананд. Гоҳе ба хорӣ, чоплусӣ ва ҳақорат розӣ мешаванд.
Агар аз ганҷи қаноат бархурдор бошад ва дасти тамаъ пеши ину он дароз накунад ҳатто агар ғулом бошад азиз аст ва решаи иззаташ ҳамон озодагӣ аз қайди тамаъ ва зиёдахоҳӣ аст.
Вале ... тамаъгарон дар айни тавонгарӣ ва дороӣ ҳамчунон чашмашон ба дасти ину он аст ва ҳамин ҳирсу тамаъ ононро ба хории бардагӣ мекашонад.
Соиби Табрезӣ мегӯяд: Аз ташнагӣ бимиру мабар обрӯи хеш!
Чӣ басо беобрӯиҳо, ки реша дар тамаъ дорад.
Гирифторони тамаъ ё барои ҳифзи он чӣ доранд ё барои расидан ба он чӣ надоранд гоҳе навкарсифат ва гоҳе чоплус мешаванд ва ба таҳқирҳои нанговар тан медиҳанд.
Пас инсони қонеъ озоду озода аст ва инсони тамаъкунанда ғулому барда аст!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти