Please update your Flash Player to view content.
Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
عند زوال القدرة یتبین الصدیق من العدو
Ҳангоми аз даст додани қудрат дӯст аз душман ошкор мешавад.
Ғурарулҳикам, саҳ. 323
Баландӣ ва пастии ҳодисаҳо хеле чизҳо аз ҷумла дӯсту душманро равшан ва ошкор мекунад.
Касоне дӯстон ва ҳамроҳони давраи хушӣ ва осоиш ҳастанд. Вақти сахтӣ ва гирифторӣ, ки пеш ояд пои худро ақиб мекашанд ва худро ба бехабарӣ ва кариву бегонагӣ мезананд.
Баъзе ёрони рӯзгори дорӣ ва сарватманд будан ҳастанд. Ҳамин ки камбағалӣ ва парешонҳолӣ чеҳра нишон диҳад чеҳраи онҳо пинҳон мешавад.
Бархе ҳам дӯстияон фақат дар замони қудрат ва ҳукумати инсон аст. Вақте замони барканорӣ ва аз даст додани қудрат фаро мерасад онон ҳам худро канор мекашанд ва ҳатто дигар ҳоле ҳам намепурсанд.
Аз байн рафтани қудрат яке аз ҳамон баландиву пастиҳост, ки ҳақиқати одамонро ошкор мекунад ва дӯстони воқеиро аз муддаиёни дурӯғини дӯстӣ ҷудо мекунад.
Дуст машмор он ки дар неъмат занад
Лофи ёриву бародархондагӣ
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст
Дар парешонҳоливу дармондагӣ
Аз ин рӯ гоҳе мушкилот барои инсон хайру баракат дорад. Яке аз он баракатҳо шинохти атрофиён аст, то бе далел ва беҳуда ба касе дил набандад, ки дилбастаи ӯ нест ва муҳаббати худро нисори касе накунад, ки шоистагии дӯстӣ, муҳаббат ва фидокориро надорад.
Гоҳе фақат пешомади як мушкили молӣ ё беморӣ кофӣ аст то парда аз чеҳраи хелеҳо бардорад ва маҳдудаи инсонҳои воқеиро аз инсоннамоҳо маълум кунад.
Афродро бояд озмуд онгоҳ ба дӯстӣ баргузид.
Албатта дӯстеро, ки имтиҳонашро хуб додааст ва вафодориву фидокорияшро исбот кардааст набояд ба содагӣ аз даст дод.
Дӯст он бошад, ки меҳмонам шавад
Розӣ аз як пораи нонам шавад

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти